• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ба истиқболи баҳор

Дар саҳни донишгоҳ ҳамарӯза кормандони қисми хоҷагиро дидан мумкин аст. Вале имрӯзҳо онҳо назар ба рӯзҳои пешин бештар дар тараддуданд. Акнун баҳор наздик асту кормандони қисми хоҷагӣ машғули шинондани гулҳои гуногун ва дарахтони ҳамешасабзанд. Қисме аз кормандон ба бехи гулҳо пору мерезанду қисмати дигар ба шинондани гулу дарахтон машғуланд ва қисмати дигар ба тоза нигоҳ доштани саҳни донишгоҳ масъуланд.

Тавре муовини ректор оид ба қисми хоҷагидорӣ Илҳом Муродов ба мо иттилоъ дод, то имрӯз зиёда аз 100 арча аз боғи агролаборатории донишгоҳ, ки дар Ромит ҷойгир аст, оварда шинонда шудааст. Ҳамчунин, барои фарохтар шудани кӯчаи Саид Носир 93 арчаи 6-7- сола кӯчонида дар атрофи донишгоҳ ҷой дода шуданд. Гулҳои палма дар назди бинои таълимии №2 , 32 дона гули юка аз даромадгоҳи донишгоҳ то бинои асосӣ ва зиёда аз 50 гули юка дар паҳлуи роҳрави донишгоҳ аз берун шинонида шуданд. Тибқи гуфтаи И.Муродов, барои инкишофи хуби гулу дарахтон 10 куб пору харидорӣ шудааст. Рӯзҳои наздик 500 дона қаламчаи гули садбарг аз боғи агролабораторӣ оварда, дар назди бинои асосӣ ва бинои таълимии №2 шинонда мешаванд. Албатта, ин ҳанӯз оғози кор аст. Ободу зебо кардани саҳни донишгоҳ идома дорад.

 

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj