• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Истиқлолият неъмати бебаҳост

Қисми тарбияи донишгоҳ дар нимсолаи дуюм нақшаи гузаронидани соатҳои дарси кушоди тарбиявиро дар тамоми факултаҳои донишгоҳ таҳия намудааст. Дар ин замина тибқи нақша 12-уми феврал, дар факултаи таърих, барои донишҷӯёни соли 2-юми гурӯҳҳои «А», «Б», «В»  дарси кушоди тарбивӣ гузаронида шуд. Дарсро номзади илмҳои таърих, дотсент М.Шарофова гузаронд. Дар дарс муовини декани факулта оид ба корҳои тарбиявӣ Т.Наҷмиддинов ва

намояндагони қисми тарбия иштирок доштанд.

 

Муаллима дар мавзӯи «Истиқлолият неъмати бебаҳост» бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нутқи пурмуҳтаво ироа кард. Мавсуф оид ба аҳамияти истиқлолият, мавқеи байналхалқии он, мушкилоти роҳи истиқлолият, рушди хоҷагии халқ дар давраи истиқлолият, нақши Шӯрои тақдирсоз дар пойдории миллати тоҷик, ғамхории Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти мамлакат нисбат ба ҷавонон ва масъалаҳои дигар ибрози назар намуд.

Инчунин, таъкид гардид, ки вазъи ҷаҳони муосир аз мо тақозо менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва ба гурӯҳҳои тундраву ифротгаро шомил нашавем.

Суннатулло Воҳидов, донишҷӯи соли 1-уми факултаи таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj