• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ  ФИЗИКА

Факултети физика ҳамчун факултети мустақил дар заминаи факултети физикаю математика аз соли 1970 арзи вуҷуд дорад. Дар ибтидои ташкилёбӣ факултет аз ду кафедра: кафедраи физикаи умумӣ ва физикаи назариявӣ иборат буд.  Аввалин декани факултет дотсент Т. Маҳмудов интихоб шуда буд. Дар тӯли солҳои фаъолияти факултет аз ҳисоби дастпарварони он устодони баландихтисос тарбия ёфта, ба воя расидаанд, ки сарварии факултетро ба ӯҳда доштанд. Аз соли 2014 инҷониб сарварии факултет ба ӯҳдаи дотсент Раҳмонов Ш.М. мебошад.

Дар тӯли солҳо заминаи илмӣ-омӯзгории факултет пурқувват гардида, кафедраҳои нав: методикаи таълими физика, физикаи эксперименталӣ ва лабораторияҳою кабинетҳои таълимӣ, инчунин лабораторияҳои илмӣ-тадқиқотӣ ташкил ёфтанд.

Барои тайёр кардани омӯзгорони физика бо ихтисоси иловагии математика, физика бо ихтисоси иловагии асосҳои истеҳсолот, физика ва фанҳои умумитехникӣ оғоз ёфт.

Барои факултет даҳсолаи дуюми фаъолият (1980-1990) солҳои авҷу камолот, солҳои пешравӣ буд. Дар ин давра шумораи зиёди устодон рисолаҳои номзадӣ ва доктори дифоъ намуданд. Иҷрои рисолаҳои дипломӣ, корҳои озмунӣ, иштироки донишҷӯён ба олимпиадаҳо ба роҳ монда шуд. Дар факултет ихтисосҳои нав ба монанди физика-информатика, физика-астрономия ташкил ёфт. Дар ин солҳо базаи таълимӣ ва моддӣ-техникии факултет низ беҳтар гардид. Лабораторияи астрофизика таъсис ёфт, лабораторияҳои радиотехника ва электротехника бо асбобҳои замонавӣ ҷиҳозонида шуданд.

Бо қалами устодони факултет садҳо мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ, фишурдаи маърӯзаҳо, китобҳои дарсӣ, васоити таълимӣ тавсияю коркардҳои методӣ, рисолаҳои илмӣ, барномаҳои таълимӣ таълиф ва дастраси хонандагон гаштаанд.

Робитаҳои зичи илмӣ бо мактабҳои илмии шаҳрҳои Москва, Ленинград, Боку, Минск, Тошкент, Киев ва бо Пажӯҳишгоҳи илмҳои педагогии АИ ҶТ, Институти физика ва техникаи ба номи С. Умарови АИ ҶТ, Институти астрофизикаи АИ ҶТ, ДМТ, ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ва ДДТТ дорад. Устодони факултет аз рӯи се самт: физикаи гармо ва муҳитҳои конденсионӣ, физикаи полимерҳо ва усулҳои замонавии таълими физика корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд.  Дар факултет 4-озмоишгоҳи илмӣ тадқиқотӣ ва 18- озмоишгоҳи таълимӣ арзи вучуд дорад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru