• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Соҳибқирони самои Ваҳдати миллӣ

Таҳаввулоти таърихии даврони муосир дар ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии халқҳои олам дигаргуниҳои назаррасеро ба вуҷуд овард. Ин марҳила бо хусусиятҳои хос ва омилҳои ташаккули таърихиаш басо пуршебу фароз, пурсӯзу гудоз ва созандаву бунёдкор буд. Маҳз дар ин даврон истиқлолият ва худогоҳию хештаншиносии миллӣ афзун гардид.

Дар замони дигаргуниҳои қонунии ҳаёти ҷомеа тавассути ба даст овардани истиқлолият ва худшиносӣ, ки сарвати бузургтарини иҷтимоию таърихӣ, дороии нодири тамоми халқҳост, мардуми кишвари азизамон саҳифаҳои сарнавиштсози таърихро бо талошу ҷоннисорӣ, муборизаву қурбонӣ ва фидокорӣ аз сар гузаронида, Ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсиву фарҳангиро ба даст оварданд . Табиист, ки барои истиқлоли сиёсиву фарҳангӣ, бунёди рукнҳои ҳастии маънавӣ ва тақвияти худшиносии миллӣ заминаи боэътимод гузошт.

Дар саргаҳи ин марҳилаи сарнавиштсози таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон бо пайкори созандаву устувор, истеъдоди фавқулода, рисолати тавонои ҷомеашиносӣ ва сиёсатмадорӣ ҷомеаро ба суйи ягонагӣ, муттаҳидӣ, ватанпарварӣ, парвариши андешаву шуури миллӣ ҳидоят намуд ва саранҷом сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллиро таъмин намуд. Маҳз бо кӯшиши талош ва ҷоннисориҳои мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расида, Рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид ва он сол то сол ба иди умумихалқӣ табдил ёфта, бо тантана ва шодиву сурур ҷашн гирифта мешавад. Аз ҳамин рӯзи сарнавиштсози таърихӣ мазмуни асосии сиёсати давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлолро сулҳу суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ ташкил дод ва ҷомеаро аз парешонӣ ва вартаи ҳалокат эмин нигоҳ дошт.

Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рисолати бузурги пуршавқату шукӯҳманд, заковати асил ва неруи хирад ҳамчун бунёдгузори тафаккури навини давлатсозии миллӣ ва соҳибқирони самои даврони Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ бо тамоми азму ирода ва нерӯи созанда ба халқу Ватани маҳбубамон хизмати шоиста кард ва эътимоди мардуми кишварро соҳиб гардид. Бешак, танҳо халқи бузург вориси чунин инсони бузург аст ва мо шахсияти нерӯманд ва мӯътабарро шинохта, мақому мартабаи халқро эҳсос мекунем.

Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли фаъолияти давлатдориаш баҳри ҳифзи истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими минбаъдаи пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияту оромии давлату ҷомеа ва ободиву пешрафти кишвари азизамон ҳамеша талошу ҷонбозиҳо менамуд ва пайкараи давлатсозӣ ва бақои миллати тоҷикро бунёд сохт. Воқеан, халқи фарҳангсолор ва тамаддунофари тоҷик ба истиқболи ҷовидонӣ гардонидани чунин симои фарзонафарзанд ҳамеша талош, муҳаббат ва саодату пирӯзӣ дорад.

Муҳимтарин омилҳои ба даст овардани ваҳдат, истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ кӯшишҳои пайваста ва сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат буда, нақши шахсияти тавоно ва рисолатманд, муҳаббати беандоза ба Ватан, таърихи ниёгон ва забону фарҳанг боиси парвариши андешаву шуури миллӣ, устуворӣ ва осоиштагии ҷомеа, рушди давлат, таҳкими пояҳои истиқлолият ва ваҳдати миллӣ шуд ва дар саросари мамлакат сулҳу осоиштагӣ ва волоияти қонун таъмин гардид. Таъмини рушди иқтисодиву адолати иҷтимоӣ, маърифати баланду худшиносии мардум, ҳуқуқу озодии инсон, устуворшавии арзишҳои демократӣ, созмонҳои ҷамъиятию гайриҳукуматӣ, тарбияи маърифати баланди сиёсии шаҳрвандон, рӯҳи арзишҳои меҳанпарастӣ ва эҳтироми мероси маънавии ниёгон омилҳои воқеии расидан ба ваҳдати миллианд. Дар ин марҳила шахсияти нерӯманд ва қудрати тавонои сиёсатмадории Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ходими намоёни сиёсӣ ва давлатӣ, шинохта шуда, дар бунёди ҷомеаи навини давлатдории миллӣ саҳми намоён гузоштааст.

Шахсияти тавоно ва рисолатманди Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар ягонагӣ ва садоқат ба мардум, таваҷҷӯҳ ба гузаштаи таърихии халқ ва асолати фарҳангию маънавии миллӣ, ҳуввият ва таҳкими давлатдории миллии тоҷикон пойдор гашта, дар ҷӯши ҳодисаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон мақому шӯҳрат пайдо намуда, дар авҷи дигаргуниҳои бузурги иҷтимоӣ ва ҳодисаву воқеаҳои сарнавиштсози таърихӣ бештар намудор гардидааст.

Ин нуқта раднопазир аст, ки фаъолияти шахсони алоҳида барои пешрафт ва инкишофи ҷараёни таърихӣ мусоидат намуда, гардиши маҷрои таърихро гоҳ суст менамояд ва гоҳо суръат бахшида, тағйир медиҳанд. Сарриштаи чархи таърих то андозае ба фаъолият ва пайкори шахсони бузурги таърихӣ вобаста аст ва бунёду пешрафти тамаддуни дурахшонро устувор месозад. Бинобар ин, ҳангоме ки аз фаъолият ва пайкори шахсони бузурги таърихӣ ёдовар мешавем, ҳақиқатан таърихи як аср ва саҳифаҳои сарнавишти халқу миллатро мавриди тадқиқу таҳлил қарор медиҳем.

Чеҳраи дурахшони сиёсатмадорӣ ва шахсияти неруманди Эмомалӣ Раҳмонро бе дарназардошти даврони Истиқлолият ва таъмини Ваҳдати миллӣ тасаввур наметавон кард. Зеро камолоти шахсият ва рисолати сиёсии ӯ парварда ва маҳсули ин даврон буда, ба ойини давлатдорӣ, меҳанпарастӣ, инсондӯстӣ ва покнажодии ниёгонамон меҳру садоқати беандоза дошта, меҳвари сиёсати хирадмандона ва ҷовидони хешро андар тору пуди ин ғоя сириштааст. Вай ҳамчун чеҳраи мондагори намоёни таърихӣ ва фарҳангии замони муосир ба ҳифз ва бузургдошти оини давлатдорӣ, суннатҳои мардумӣ, ватанхоҳию инсондӯстӣ ва ормонҳои умумибашарӣ эътибори ҷиддӣ дод, таърихи пуршукӯҳи ифтихорманди ориённажодонро аз фаромӯшӣ ва хатари нобудшавӣ нигоҳ дошта, ойину донишу фарҳанги ниёгонро зинда ва поянда гардонид.

Таваҷҷӯҳ ба шахсият, сарнавишти шахсони бузург ва гузаштаи таърихи халқ, як шакли худшиносист, ки аз худшиносии шахс то ба дараҷаи худшиносии миллӣ омада мерасад. Асоси он омӯзиши воқеияти таърихӣ ва танҳо зодаи афкору ақоиди ҳақиқати таърихии маҳдуднагашта буда, дар ин замина дастовардҳои фарҳангию маънавии миллӣ ба хубӣ дарк мегардад.

Дар ҳамин асос Эмомалӣ Раҳмон қайд намуда буданд, ки «таърих оинаест, ки мо дар он мавқеи гузаштагонамонро дар масири таърих бо ҳама шаҳомат ва хорию зориаш дида, ба ҳусну қубҳи фаъолияту корбарии ӯ сарфаҳм рафта, ба ин восита қадаме ба сӯи хештаншиносӣ ва худогоҳӣ ниҳода, бо дидаи ибрат дурнамои кишвари худро муайян карда метавонем… Танҳо оинаи таърих пайванди моро ба гузаштагонамон қавӣ месозад, барои беҳбудии ояндаи ҷамъият ва ободии кишвар роҳ мекушояд».

Маҳз бо ибтикор ва нерумандии Эмомалӣ Раҳмон дар даврони истиқлолият сулҳу субот ва ризоияти миллӣ дар сарзамини мо барқарор шуд ва халқи тоҷик ба тафаккури созандаву иродаи шикастнопазир ва фитрати асил саҳифаҳои сарнавиштсози таърихиро бо талошу ҷоннисорӣ, муборизаву қурбонӣ ва худсӯзиву фидосозӣ аз сар гузаронида, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллиро ба даст овард. Ҳар замоне, ба вижа замони тозаистиқлолӣ, ба рушди маънавии ҷомеа вобастагӣ дорад, зеро дар ҳама давру замонҳо унсури маънавӣ дар шуури миллии мардум нақши муҳими созанда ва бунёдгузорро мегузошт. Ин омил барои ба даст овардани истиқлол ва худшиносии миллӣ ва ҳамгироии омилҳои иҷтимоиву сиёсӣ заминаи мусоид фароҳам меоварад ва пешрафти давлат ва бақову ҳастии онро таъмин менамояд. Барои ба даст овардан ва устувор гардонидани ин ғояҳои олии сарнавиштсоз дар баробари истиқлолияти сиёсӣ таъмини истиқлоли фарҳангӣ аз корҳои муҳим ва пуршарафи зиёиёни эҷодкор мебошад. Ба қавли академик М. Шукуров «истиқлоли фарҳангӣ ва устувори бунёди маънавии ҳастии миллат шарти аввал дар таъмини бақои умри миллат аст… Истиқлоли фарҳангӣ роҳе ба сӯи эҳёи миллӣ, расидан ба сатҳи ҷаҳонӣ буда, миллатро аз роҳи маънавият ба арсаи олам мебарорад».

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастиашро баҳри эҳтироми муқаддасоти Ватан, бузургдошти анъана ва расму ойини ниёгон, ҳимояи манфиати мардум ва маънавиятҷӯию худшиносӣ фидо сохт, аз баҳри манфиати хеш накӯшида, ормонҳои зубдаву созандагии инсон ва ҷомеъаро ҳифз намуд. Вай рисолати эҳёкунандаи ифтихорот ва муқаддасоти миллиро ба ӯҳда дошта, онро ошкоро ва ҷасурона таблиғу ташвиқ намуда, ҳама нерӯи худро дар роҳи созандагӣ, худшиносӣ, ватанпарварӣ ва бедории фарҳангӣ ба кор бурд, ҳамчун виҷдони бедори замон имрӯзиён ва ояндагонро ба таърих ва сабақҳои он шинос намуд. Бо сарнавишти ибратбахш ва шахсияти нерӯманду тавоно, дилу нияти пок, садоқатмандӣ ва муҳаббат ба Ватан чун бунёдгузор ва меъмори идеологияи сулҳу ваҳдат ва ягонагии миллӣ дар истеҳкоми маънавиёту фарҳанг, парвариши худшиносӣ, бедории фарҳангӣ ва андешаву шуури миллӣ нақши босазо гузошта, пойдевори давлатдории навини миллатро устувор гардонд.

Бузургӣ ва нубуғи сиёсатмадории Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар он зоҳир мегардад, ки захму ҷароҳатҳои давраи тақдирсӯз, фоҷиаангез ва фалокатбори ҷанги шаҳрвандиро бо тадбирандешию таҳаммулпазирӣ шифо бахшида, аз он сабақи ибратомӯз бардоштанд. Бо иродатмандиву садоқат, заковат ва истеъдоди фавқулода якпорчагии Ватан, Ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ ва рушди босуботи кишварро таъмин намуд. Ҳамеша ба рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоӣ новобаста аз таъсирҳои шадиди бурҳонҳои молиявӣ, иқтисодӣ ва сиёсии ҷаҳон мусоидат намуда, ба таъмини амният ва шукуфоии кишвари маҳбубамон таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намудаанд. Махсусан, дар ин даврон рушди босуботи соҳаи илму маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ ва таъминкунандаи пешрафти ҷомеа ва давлат устувор гардид. Ин буд, ки дар айёми фараҳбахшу фархундаи таърихӣ бо иродат ва ҳамраъйии мардуми сарафрози кишвари маҳбубамон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат»- ро якдилона қабул кард.

Ин ташаббус ва амалҳои созанда некфарҷом ва амри воҷиб буда, бо арҷгузорӣ ва эътибор ба пешрафти илму рушди маориф муяссар гардида, аз башорати нек ва мунаввар дарак медиҳад. Дар хақиқат, тавассути соҳибистиқлолу соҳибихтиёрӣ ва пешрафти илму маориф ормонҳои зубдаву ҳадафҳои наҷиби созандагӣ насибамон гардид. Ҳамзамон, дар замони зудтағйирёбандаву бесуботи ҷаҳони муосир мушкилот ва норасоиҳо низ мавҷуданд ва пайгирона ҷиҳати ҳалли онҳо ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ бетараф буда наметавонад. Мебояд, ки ҳамагон садоқатмандона ба хотири ободиву осиштагӣ ва пешрафти Ватани азизамон ҷидду ҷаҳд намоем ва фардои ҷомеаро, ки аз дониш ва фарҳангу маънавиёти насли наврас вобастагӣ дорад, шукуфотар гардонем.

Эмомалӣ Раҳмон бо нуру сафои эзидӣ ва башорати покизагӣ соҳибқирони самои даврон гашта, бо раҳнамоиву роҳкушоӣ, пойдории бақои миллатро устувор сохт ва дар раҳи илму амал Пешвои миллат гардид. Бинобар ин, дар ин сафҳаи сарнавиштсози таърихии миллат ва айёми фархундаву фирӯз бо мақсади пайгирӣ намудани вазифаҳои дар паёмҳои Президенти кишвар муайяншуда ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва бо дарназардошти вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таҳдиду хатарҳои торафт афзояндаи глобаливу минтақавӣ бо муҳаббату иродатмандӣ ҳар як афроди ҷомеаро мебояд, ки кишвари азизамонро сидқан ва баробари ҷон дӯст дошта, ватандӯсту меҳанпарасти асил бошем, шукронаи неъмати бузурги соҳибистиқлолӣ ва соҳибватанӣ карда, барои шукуфоӣ ва ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша талош варзем.

 

 

Абдусамад Муллоев,

доктори илмҳои филологӣ, ноиби ректори ДДОТ

ба номи С.Айнӣ оид ба илм

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj