• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Падидаи тақдирсоз дар таъмини пойдории давлат

Халқи тоҷик дар раванди таърихи ниҳоят тӯлонии хеш ба бисъёр фоҷиаҳои қисматшикану падидаҳои тақдирсоз рӯ ба рӯ гашта, заҳри бедавлатию шаҳди соҳибдавлатиро чашидааст. Вале дар ҳама ҳолат тавонистааст, ки рисолати тамаддунофаринии худро нигоҳ доштаву сайқал диҳад. Даҳсолаи охири қарни ХХ барои тоҷикону тамоми тоҷикистониён имтиҳони ҷиддӣ, даҳсолаи ниҳоят фоҷеабору ҳассос, вале тақдирсоз буд. Дар ин муддат ба халқи мо лозим омад, то хавфи ҳалокатовареро, ки қариб Тоҷикистонро ба парокандагии ҳудудиву тоҷиконро ба бедавлатӣ ва гумномии таърихӣ баргардонад, паси сар намояд.

Фазои ноустувори сиёсию иқтисодии Иттиҳоди Шӯравии замони бозсозии горбачевӣ барои Тоҷикистони дар ин марҳалаи таърихӣ аз дигар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ нисбатан қафомонда бештар таъсир гузошт. Ҷумҳурии моро низ мавҷи ҳаракати ҷудоихоҳӣ фаро гирифт. Ташаббускори он ҳизбу ҳаракатҳои ҷамъиятие шуданд, ки дар аввал бо иқдоми гӯё барои ҷомеа фоидабахш амал менамуданд. Вале бо мурури каме қувват гирифтан аз сабаби надоштани таҷрибаи зарурии сиёсӣ ин қувваҳои дар ибтидо барои мустаҳкам намудани пойгоҳи демократӣ, таъмини рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа талошдошта, пурра ба маҷрои қувваҳои иртиҷоии динӣ, курситалабони маҳаллӣ ва ғаразмандони хориҷӣ кашида шуданд.

Солҳои 1989-1990 дар пайи гурӯҳу маҳфилҳои сиёсӣ, аз қабили созмони ҷавонони «Рӯ ба рӯ», ки дар Душанбе таъсис ёфта буд, дар вилояту ноҳияҳои ҷумҳурӣ маҳфилҳои «Ошкоро», «Эҳёи Хуҷанд», «Дирафши Ковиён», ва «Таҷдид» ба вуҷуд омаданд. Ҳамчунин дар маҳалу минтақаҳои гуногун ҷунбишу созмонҳои «Бохтар», «Самарқанд», «Куруши Кабир», «Суғдиён», «Ваҳдат», «Пайванд» ва баъди чанде созмони мардумии «Растохез» оғози фаъолият намуданд. Ба ин раванд созмонҳои «Лаъли Бадахшон», «Ҳисори Шодмон», «Меҳри Хатлон», «Зарафшон», «Истаравшан», «Ватан», «Самарқанд», «Хуҷандиён», «Ҳамдилон», «Носири Хусрав» ва ғайра такон бахшиданд. Ҳар кадоме дар доираи биниши танги худ амал мекарданд ва дар маҷмӯъ талоши онҳо дар чаҳорчӯбаи курситалабӣ, ҷудоиандозии маҳаллӣ маҳдуд шуда буд. Табиист, ки чунин амал барои бештар заиф гаштани пояҳои худшиносии миллӣ мусоидат мекард. Пешсафони ин маҳфилу созмонҳо худро чун муҳофизони арзишҳои воқеан демократӣ нишон доданӣ шуда, торафт зидди идеологияи то кунун ягона ва пешбарандаи ҷомеа – ҳизби коммунист ва сохтори давлатдории шӯравӣ қавитар мубориза мебурданд. Аз бесалоҳиятӣ ва кундзеҳнии сиёсии ин тоифа истифода бурда, онҳоро тундравони исломӣ, ки дар хориҷи мамлакат алакай такягоҳ пайдо карда буданд, ҳарчи бештар ба доираи таъсири худ мекашиданд.

Воқеаҳои 11-13 феврали соли 1990 дар пойтахти ҷумҳурӣ - шаҳри Душанбе суратгирифта, аз муттаҳид шудани қувваҳои сиёсии зиддиҳукуматӣ ва заиф гардидани системаи идораи шӯравӣ дарак медод. Вале ин ҳанӯз барои ба даст овардани ҳокимияти сиёсӣ басанда набуд.

Сарфи назар аз он ки тазоҳуроти сиёсии соли 1990 ба шикасти қувваҳои ба ном демократӣ анҷом ёфт, вале дар интихоботи ҳамин сол тақрибан чаҳоряки депутатҳои халқ аз ҳисоби ҷабҳаи мазҳабию демократмаобони дар таъсири онҳо қарордошта интихоб шуданд, ки ин аз тағйир ёфтани таносуби қувваҳои сиёсии ҷумҳурӣ гувоҳӣ медод.

Дар ҳамин гуна давраи шадиди муқовимати сиёсӣ, Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул кард. Ин эъломия аввалин санадест, ки аз наздик шудани Тоҷикистон ба истиқлолияти воқеӣ башорат медод. Эъломия масъалаҳои истиқлолияти Тоҷикистонро бо назардошти воқеияти замон, аз ҷумла, мавҷудияти Иттиҳоди Шӯравӣ муайян намуд.

Интихоби Қаҳҳор Маҳкамов ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (29 ноябри соли 1990) мухолифати неруҳои нави сиёсиро, ки қисме аз онҳо аз раванди фаношавии Итиҳоди Шӯравӣ илҳом гирифта, манфиати маҳалро боло гузоштанӣ буданд, муборизаро барои расидан ба мақоми олии ҳокимият боз шадидтар гардонд.

Бахусус, воқеаҳои моҳи августи соли 1991 (кӯшиши бебарори аз ҳокимият дур кардани Михаил Горбачев) саъю талоши ба даст даровардани истиқлолияти комилро аз тарафи ҷумҳуриҳои Иттифоқӣ боз фаъолтар намуд.

Ин амали истиқлолталабии ҷумҳуриҳо барои Тоҷикистон чӣ натиҷа дод, ба касе пинҳон нест. 9 сентябри соли 1991 иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум ҳуҷҷати муҳими таърихӣ «Изҳорот дар бораи истиқлолияти давлатии Тоҷикистон»-ро қабул намуд, ки дар асоси он ҷумҳурӣ расман соҳибихтиёр эълон карда шуд.

Ҳарчанд ин амал аз диди таърих натиҷаи ниҳоии зинаҳои тақирсози эҳёи давлатдории тоҷикон ҳисоб ёбад ҳам, вале шиддат гирифтани моҷарои сиёсӣ, ки дар майдоннишиниҳои бардавому таъсиси ҳизбҳои нав ба назар мерасид, аз оқибати фоҷиабор дарак медод. Ҳизби Демократии Тоҷикистон 21 июн ва Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон 4 декабри соли 1991, ки расман ба қайд гирифта шуданд, бо қатъияти том барои ҳокимияти сиёсӣ ба талош даромаданд.

Яксолаи аз маъракаи интихоботии Президенти ҷумҳурӣ (ноябри соли 1991) то иҷлосияи ХУ1 таърихии Шӯрои Олӣ (ноябри соли 1992) соли хавфноктарину мудҳиштарини таърихи ҷадиди тоҷикон ҳисоб меёбад.

Ҳарчанд гурӯҳҳои мухталифи сиёсӣ аз номи халқ 9 нафар гӯё беҳтарин намояндагонро ба номзадии Президенти ҷумҳурӣ пешниҳод намуда, дар атрофашон ҳаёҳуйи гӯшношунид бардошта буданд, вале ба ҳар як фарди солимфикр маълум буд, ки ҳар кадоме аз ин номзадҳо чӣ ҳадаф доштанд, чӣ манфиат меҷустанд ва ба кадом неруи сиёсӣ такя мекарданд. Аз ин ҷост, ки натиҷаи интихобот на танҳо ихтилофи талоши курситалабонро суст накард, баръакс боиси боз ҳам шиддат гирифтани вазъи сиёсӣ гардид.

Президенти интихобшуда Раҳмон Набиев, ки чанд сол аз вазифаҳои масъули ҳизбию давлатӣ иҷборан дур карда шуда буд, табиист, ки барои ба маҷрои сиёсӣ ворид шудан барояш вақт лозим буд, то ба таҳлили мантиқии вазъи сиёсӣ машғул шуда, вобаста ба он ба амали қатъӣ даст занад. Вале афсӯс, ки ҳанӯз ба ин ҷараён дохил нашуда, дар атрофаш ҳаёҳуйи гӯшношуниде ташкил намуданд. Аниқтараш, ӯро кор кардан намонданд. Бояд иқрор шуд, ки номбурда дар ин сиёсатбозӣ ба демократҳо фақат барои афтонидани сарвари собиқи ҷумҳурӣ Қаҳҳор Маҳкамов лозим буд. Ҳарчанд ашхосе, аниқтараш, қисми зиёди интихобкунандагон ба таҷрибаи ҳизбиву давлатии ӯ умед баста бошанд ҳам, дар чунин давраи нооромии сиёсӣ нагузоштанд, ки ҳатто, чанд рӯзе оромона шуғли давлатдорӣ карда, аз раванди воқеаҳо ҷилавгарӣ намояд. Курситалабони гузаро ва гумоштагони дохилу хориҷӣ, ки истифодаи яроқу поймол намудани талабҳои конститутсиониро ягона роҳи ба даст даровардани ҳокимият қарор дода буданд, ӯро иҷборан аз вазифа ронданд.

Буҳрони сиёсӣ ҳамоно шиддат мегирифт. Тоҷикистон хуми борутдори дар болои оташ гузошташударо мемонд. Ҳар лаҳза метавонист таркида пора гардад. Буданд онҳое, ки пора гаштанашро интизор буданд. Дар ин амали зишту фоҷиабор, албатта, дасти муқтадири душманони хориҷӣ эҳсос мешуд, ки аз фарҷоми ин воқеаҳои мудҳиш нафъ меҷустанд. Ноустувории сиёсӣ торафт авҷ мегирифт. Ҳароси фоҷиаи мудҳиш боҷуръаттарин солимфикрони ҷомеаро низ фаро гирифта буд. ҷумҳурӣ бемореро мемонд, ки ба дарди ҷонкоҳе дучор гашта, ба худ мепечад ва ба табиби ҳозиқи дармону ҳаётбахш эҳтиёҷ дорад.

(Давом дорад)

Ҳайдаршо Пирумшоев,

доктори илмҳои

таърих, профессор

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj