• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Тарбияи сиёсии ҷавонон дар ҷаҳони муосир

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати Тоҷикистон бо қабули Конститутсияи (Сарқонуни) навини худ роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаю иҷтимоиро пеш гирифт.

Тавре таърихи ташаккули ҷаҳони муосир ва равандҳои гуногуни сиёсию идеологӣ нишон медиҳанд, бе такя ба ҷавонон ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи зиракии сиёсӣ ва ифтихори миллию ватандӯстӣ ва ҷалби мунтазами иштироки бевоситаи онҳо дар эъмори давлатдорӣ, бунёди давлати аз ҷиҳати иқдисодӣ рушдкарда ва демократию ҳуқуқбунёд ва дар маҷмӯъ расидан ба ҷомеаи комили шаҳрвандӣ, ҳамзамон, таъмини сулҳу ваҳдати сартосарӣ душвор мебошад.

Ғайр аз ин, бунёди чунин шакли давлатдорӣ вақти тӯлониро талаб менамояд, ки дар ин раванд тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи зиракии сиёсӣ аҳамияти стратегиро касб менамояд.

Имрӯз бо пайдо шудани идеологияи тағйир додани сохти геополитикии ҷаҳони муосир бо роҳҳои гуногун ва амалӣ шудани нишонаҳои аввалини он дар бархе аз давлатҳои дунё исботи он аст, ки на танҳо бунёди давлати соҳибистиқлол, тараққикардаю демократӣ ва таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар он душвор мебошад, балки асолати нигоҳдошти абадияти он аз бунёди он дида душвортар мегардад.

Таърихи давлатдорию давлатсозии миллати куҳанбунёди мо нишон медиҳад, ки асолати таъмини абадияти пойдории давлат ва сулҳу ваҳдати сартосарӣ ва ягонагӣ дар он аз чор унсури асосӣ иборат мебошад:

1.   Ватандӯстӣ.

2.   Ифтихори миллӣ

3.   Худшиносии миллӣ ва сабақи таърихӣ.

4.   Зиракии сиёсӣ.

Мо шоҳиди он ҳастем, ки имрӯзҳо гӯшаву канори гуногуни оламро низоъҳои қавмиву мазҳабӣ, диниву сиёсӣ ва мухолифати байни миллатҳо фаро гирифта, инсоният ба марҳалаи нави муноқишаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ворид шуда истодааст.

Имрӯз усули амалӣ намудани ҳадафҳои стратегӣ ва манфиатҳо аз ҷониби абарқудратҳо ва гурӯҳҳои террористию экстремистӣ шакл ва сохти навро бо дарназардошти ба даст овардани мафкураи аҳолӣ ва расидан ба эҳсоси нозук ва ҷойҳои заифи онҳо ба худ касб кардааст. Дар ин асно сӯистифода аз пайравӣ ба ин ё он дин ва ин ё он мазҳаб ва муҳимтар аз ҳама, эътиқоди мардум ва ба гурӯҳҳои ба ҳам мухолифи мазҳабию динӣ ҷудо намудани одамон ва махсусан, ҷавонон нақши ҳалкунанда мебозад.

Новобаста аз сатҳи баланди муаррифии мазҳаби Ҳанафӣ ва асли дини мубини Ислом ва таъсиси муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи давлатии исломии Тоҷикистон ва тайёр кардани мутахассисони соҳаи диншиносӣ то ҳанӯз хурофотпарастӣ, махсусан, хурофотпарастии динӣ, зоҳирпарастии динӣ дар сатҳи баланди авҷи худ қарор доранд, ки мушкилоти асосӣ дар роҳи абадияти ягонагӣ ва сулҳу ваҳдати миллӣ дар мамлакат мебошад.

Хурофотпарастӣ (махсусан, хурофотпарастии динӣ), зоҳирпарастии динӣ, таассуби динӣ ва омехта намудани дин бо сиёсат амалҳое мебошанд, ки ҷомеаро ба гумроҳӣ мебаранд ва монеъаи сангине дар роҳи рушду инкишофи илму маориф мебошанд ва ҷомеае, ки дар он барои рушди илму маориф мушкилот эҷод мешаванд, абадияташ зери суол мемонад.

Мутаассифона, сиёсатикунонии дини мубини Ислом дар Ватани азизи мо дар сатҳи баланд қарор дорад ва ашхоси алоҳида бо дарназардошти қонеъ гардонидани манфиати шахсӣ ва талаботи нафси худ дар майдони сиёсат аз номи Худованд ва дини барои ҳамаи тоҷикистониён азиз – дини мубини Ислом сухан мегӯянд. Дар асл мақсади меҳвариро дар амали онҳо амалӣ намудани фармоишоти хоҷагони хориҷияшон ташкил менамояд. Дар ин раванд онҳо аз зудбоварӣ ва дили поки ҷавонон сӯистифода намуда, мафкураашонро заҳролуд менамоянд ва барои ба мақсадҳои нопоки худ расидан истифода мекунанд.

Вобаста ба ин мушкилот ва нишондодҳои таҳаввулоти сиёсӣ дар давлатҳои гуногун, ҳамзамон, гаравидани ҷавонони мо ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ ва иштирок дар майдонҳои даргири дигар давлатҳо, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи зиракии сиёсӣ мавқеъи меҳвариро дар миёни рукнҳои тарбия касб менамояд. Тарбияи сиёсии ҷавонону наврасон бояд аз оила оғоз гардад ва онҳо маҳз дар оила доир ба масоили муҳими сиёсии Ватани азизамон, ҷаҳони муосир ва таъсири мусбату манфии онҳо дониши мукаммал пайдо намуда, дар мактабу донишгоҳ инкишоф диҳанд. Зеро натиҷаи гаравиши ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, андешаи зиддидавлатӣ, зиддиинсонӣ, бегонапарастӣ, ифродгароӣ ва таассуби динӣ дошта нишон медиҳанд, ки гурӯҳҳо, фардҳои алоҳида ва давлатҳои манфиатдор ҳанӯз аз кӯдакӣ ҷавонону наврасонро дар ин роҳ ҷалбу тарбия менамоянд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳангоми соатҳои тарбиявӣ ба роҳ мондани дарсҳои сиёсӣ, ки фарогири таҳаввулотҳои ҷаҳони муосир бошад, зарур мебошад. Талаби замон ин аст, ки хонандагони мо бояд аз қадамҳои нахустини ба остонаи мактаб монданашон сар карда дар бораи терроризм, экстремизм, таассуби динӣ, хурофотпарастӣ, зоҳирпарастии динӣ ва дигар равандҳои характери зиддиинсонӣ дошта ва зарару оқибатҳои онҳо дар ҷомеа маълумоти комил дошта бошанд.

Дар роҳи ҳалли ин мушкилот ва умуман, мушкилоти мафкуравии хонандагону донишҷӯён ва ҷавонон нақши субъектҳои кор бо ҷавонони муассисаҳои таълимӣ бояд назаррас бошад. Зеро кулли ҷавонону наврасон дар ин ё он муассисаи таълимӣ таҳсил кардаанд ва ё таҳсил карда истодаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар фосилаи муайяни вақт субъектҳои кор бо ҷавонони ин муассисаҳо бо ин ҷавонон кор бурдаанд, аммо новобаста аз он мушкилоти мафкуравии ин ҷавонон боқӣ мемонанд. Ин гувоҳи он аст, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар сохтори муассисаҳои таълимӣ такмил ва навсозӣ мехоҳад, ки бояд ба бархӯрдҳои ҷаҳони муосир ва талаботи имрӯзаи ҷомеаи Тоҷикистон созгор бошад ва мушкилоти дар байни хонандагону донишҷӯён мавҷударо дар дараҷаи зарурӣ ҳалу фасл карда тавонад.

Ҷиҳати ҷоннок намудани фаъолияти созмонҳои кор бо ҷавонон ва наврасон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳияи барномаи мушаххаси фаъолияти онҳо, ки фарогири проблемаҳои муҳимтарини сиёсии ҷаҳони муосир ва таъсири онҳо ба Тоҷикистон бошад, зарур аст.

Айни замон яке аз сабабҳои асосии ба равандҳои носолим гаравидани ҷавонону наврасон фаъолияти нокифояи созмонҳои талабагӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ низ мебошад. Созмонҳои талабагии «Ахтарон», «Ворисони Сомонӣ» ва «Сомониён» бояд дар роҳи пешгирии амалҳои ғайриқонунӣ ва гаравиши онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва террористию экстремистӣ нақши калидӣ ва меҳварӣ дошта бошанд ва дар ин ҷода барномаи мушаххасеро низ доро бошанд. Муассиси созмонҳои талабагӣ Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, вале фаъолияти созмонҳои номбурда ба амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавонон нигаронида шудааст. Дар ин замина ҳамоҳанг намудани фаъолияти созмонҳои мазкур бо субъекти асосии татбиқкунандаи сиёсати давлатии ҷавонон дар кишвар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст. Мутаассифона, то имрӯз бо сабабҳои номаълум фаъолияти созмонҳои мазкур миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоҳанг нагардидаанд. Ба андешаи банда, ба сатҳи баланд бардоштани фаъолияти созмонҳои мазкур ва ҷудо намудани маблағҳо барои фаъолияти онҳо дар замони муосир аҳамияти умумимиллиро касб кардааст. Танҳо худи ҷавонону наврасон метавонанд худро аз гаравиши идеологияи бегона ва амалҳои ғайриқонунӣ ҳимояи бештар намоянд. Барои ин, бо донишҳои сиёсӣ ва зиракии сиёсӣ мусаллаҳ намудани онҳо зарур аст.

Тайи солҳои охир бо ташаббуси Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва дар шаҳри Душанбе бошад, бо ташаббуси раиси шаҳри Душанбе М.Убайдуллоев фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии «Ҷавонони раванди рушд» ва умуман, дар кишвар фаъолияти зиёда аз 200 ташкилоти ҷамъиятии кор бо ҷавонону наврасон ба роҳ монда шудааст, ки дар тарғиби тарзи ҳаёти солим, волоияти қонун, эҳтиром ба арзишҳо ва дастовардҳои миллӣ, ифтихори миллӣ, илмомӯзию донишазхудкунии ҷавонону наврасон нақши арзанда мебозанд, вале ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон талаботи ҷиддӣ ва мушкилоти омехта бо сиёсату динро пеши онҳо мегузорад.

Дар ин зинаи таҳсилоти олӣ ҷавонони зиёде мушоҳида мегарданд, ки андешаи солим надоранд ва пойбанди хурофотпарастӣ, зоҳирпарастии динӣ, андешаҳои бегонаи зиддидавлатӣ, пайрав ба гурӯҳҳои гуногуни зидди сулҳу ваҳдати миллӣ ва таассубкор мебошанд. Ин нафарон баъди хатм соҳиби маълумоти олӣ мегарданд ва дар сохторҳои гуногун, асосан, вазифаҳои роҳбариро пеш мебаранд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар сурати аз ҷиҳати мафкуравӣ носолим будани қисме аз роҳбарони оянда ин мушкилот низ инкишоф меёбанд ва мушкилоти асосии ҷомеа мегарданд. Умуман, тамоми мушкилот ва проблемаҳои дар Тоҷикистон мавҷудбуда зуд ҳалшавандаанд ва бо иродаи матини миллати тоҷик ва Роҳбари муаззами он, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон мунтазам бартараф мешаванд. Аммо сатҳи рушди давлатҳои пешрафтаи дунё ва равандҳою ҳодисаҳои дар ҷаҳони имрӯз рӯйдиҳанда нишон медиҳанд, ки мушкилоти мафкуравӣ монеаи сангине дар роҳи таъмини абадияти сулҳу ваҳдат ва пойдории давлат мебошад ва ҳамзамон, ҳодисаҳои бо якчанд давлати соҳибистиқлол рӯйдода нишон доданд, ки бо сабаби ин мушкилот ин давлатҳои пешрафта ба майдони ҷангу низоъ табдил ёфтанд. Дар ин росто таҳияи ҳуҷҷатҳои сатҳи давлатӣ, ба монанди Барномаи давлатии паст кардани сатҳи хурофотпарастӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастӣ миёни ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур мебошад.

Сайдулло Қувватов, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj