• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Сарқонун-фурӯзонгари имрӯзу фардои кишвар

Истилоҳи лотинии конститутсия, ки ифодагари маҷмӯи қонунҳои асосист, дорои таърихи тӯлонист. Дар аксар луғатномаҳо ин истилоҳ чунин ташреҳ ёфтааст: «қонуни асосии давлат, ки сохти ҷамъиятӣ ва давлатии он, системаи интихобот, сохтори ташкилӣ ва фаъолияти мақомоти давлатӣ ва идоракунӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандонро муқаррар мекунад».

Яъне, асоси ҳар як давлатро конститутсияи он ташкил медиҳад ва ба ибораи дигар, конститутсия шоҳсутуни кохи миллат мебошад.

 

Конститутсия чун шиносномаи миллату давлат Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо номи давлати соҳибихтиёру демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва ягона ба расмият даровард ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кард. Вай ҳамчун давлати иҷтимоӣ барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меоварад.

Конститутсия муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Дарвоқеъ, рӯзгорони инсонҳо пуршебу фароз, пургиреҳ ва омехта ба азму талошҳои фаровон аст. Одамон дар раванди истеҳсолот, дар муносибатҳои мухталифи байни ҳамдигар, дар муоширату ҳамкорӣ ба омилҳои зиёде дучор меоянд ва аксаран ин ҳолат барои онҳо мушкилоти фаровон эҷод менамояд. Неруи тавоное, ки дар зиндагӣ инсонҳоро мададгор мешавад, фаъолияташонро ба низом медарорад, уқдаҳои мушкилотро во месозад, маҳз маҷмӯи қонунҳост.

Таълифи қонун ва муайяннамоии чаҳорчӯбаи аъмоли шоиста таърихи дерин дорад, таърихе, ки решаҳои он аз қаъри асрҳо об мехӯрад.

Тадқиқотҳою омӯзишҳо бар он далеланд, ки кулли давлатҳои дунё соҳиби қонуни асосӣ ҳастанд ва мазмуну моҳият ва муҳтавою ҳадафашон низ ба ҳам сахт шабоҳат доранд. Қисматҳо ва вазифаҳои муҳими конститутсияро ба таври мухтасар ин гуна метавон тақсимбандӣ кард:

1.   Тамоми аркони давлат бояд тибқи нишондодҳои Қонуни асосӣ фаъолият намоянд;

2.   Кулли қавонини дигар бояд дар заминаи Сарқонун таҳия ва мавриди истифода қарор бигиранд;

3.   Конститутсия бояд такягоҳи асосии давлату ҳукумат бошад ва ҳама мақомоти мавҷуда фаъолияти хешро мувофиқ ба он ба роҳ монанд;

4.   Сарқонун ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро кафолат дода, амният ва ваҳдати миллиро таъмин мекунад.

Дар раддабандии мазкур мо танҳо ҷанбаҳои асосии волоияти Конститутсияро дарҷ намудем.

Конститутсия соҳибихтиёрии халқи тоҷикро аз лиҳози ҳуқуқӣ ба расмият даровард. Ҳуқуқбунёдӣ ва демократия бошад, ҷавҳар ва мақсади ниҳоии чунин давлат аст. Давлати ҳуқуқбунёд ба ҳуқуқ ниёзманду вобаста будани онро мефаҳмонад. Давлат танҳо дар доираи меъёрҳои ҳуқуқӣ, ки Конститутсия ва қонунҳои ба он мутобиқ муқаррар кардаанд, бояд амал намояд. Умуман, чунин давлате вуҷуд надорад, ки он ба қонуну тартибот ва қоидаҳои ҳуқуқӣ эҳтиёҷ надошта бошад, ба хусус давлати ҳуқуқбунёд. Аз ин рӯ, ҳуқуқ, қонун ва пеш аз ҳама, Қонуни асосии мамлакат, ки манбаи ҳуқуқ ва ҳуқуқэҷодкунӣ ба шумор меравад, бояд бечунучаро волоият дошта бошад ва ин волоият риоя, таъмин ва ҳифз карданро тақозо дорад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлолии тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудааст.

Пас аз пошхӯрии ИҶШС ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои таҳия ва қабули Конститутсияи созгор ба манфиатҳои миллӣ шароит фароҳам омад. Ба сари давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон омадани неруҳои солим ва созандаву бунёдкору покният ба шарофати Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодасозӣ ва қабули Конститутсияи даврони нав ва давлати нави тоҷикон имкон ва шароити созгор ба вуҷуд овард. Ва пас аз чанд соли омодагиҳо, ниҳоят, лоиҳаи Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон таҳия ва барои муҳокимаи умумихалқӣ чоп карда шуд. 6 ноябри соли 1994 ин конститутсия аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз ҷониби аксарияти кулли мардум пазируфта шуд ва ин рӯзи таърихӣ дар Тоҷикистон Рӯзи Конститутсия муқаррар гардид. Дар омади сухан гуфтан ҷоиз аст, ки ҳангоми муҳокимаи лоиҳаи Конститутсия дар атрофи номи он байни гурӯҳе аз олимон ва зиёиён баҳсҳои ҷиддӣ ба миён омад. Онҳо ба ҷои ин истилоҳи лотинибунёд истилоҳоти Сарқонун ва Қонуни асосиро пешниҳод намуданд. Калимаи Сарқонун то ҷое ифодагари мазмуну муҳтавои калимаи конститутсия ба назар расид ва дар натиҷа он дар радифи конститутсия пазируфта шуд.

Ҳамин тавр, истилоҳи нави Сарқонун вирди забонҳо гашт. Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз дебоча, 10 боб ва 100 модда иборат мебошад. Он марҳилаи тозаеро дар ҳаёти тоҷикон оғоз бахшид, ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози миллат гардид. Сарқонун тавонист ифодагари манфиатҳои халқи тоҷик бошад, омолу орзуи меҳнаткашонро инъикос намояд, тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ бисозад. Сарқонун, ҳамчунин, барои ба сулҳу салоҳ ва ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид.

Ин ҳуҷҷати раҳнамои миллати бостонӣ аз ҷониби арзишдоварии коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарину мардумитарини давлатҳои узви Созмони Амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид. Ба Сарқонуни Тоҷикистон бо тақозои айём, шароити тозаи таърихӣ ва корбасти меъёрҳои нави ҳуқуқи байналмилалӣ (мансуб ба ҳимояи шараф ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон) дар солҳои минбаъда ду маротиба (солҳои 1999  ва 2003) аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ тағйирот ворид карда шуд. Ҳамин тавр, Конститутсия (Сарқонун)-и комили тоҷикон ба аҳли ҷомеа, қабл аз ҳама, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, сулҳу ваҳдатро кафолат дод ва ҳимоятгари нерӯманди шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳудуди мамлакат ва берун аз он гардид.

Дар асоси тағйироти мазкур нахустин маротиба дар фазои сиёсии мамлакат парлумони думаҷлисаи доимоамалкунанда таъсис ёфта, ба фаъолият оғозид. Ҳамчунин, мукаммалнамоии мақомоти иҷроия, дар сатҳи баланд нигаҳ доштани мустақилияти мақомоти судӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ба ҳайси арзиши олӣ ба Конститутсия ворид гардиданд.

Дар давоми солҳои амали Сарқонун дар мамлакат бештар аз 1000 қонун дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат таҳияю қабул шуданд.

Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди Конститутсия таъкид дошта, ки «Эътирофи соҳибихтиёрии давлати Тоҷикистон ба василаи Конститутсияи он, бешубҳа, аз ҷумлаи арзишҳои гаронбаҳои миллат мебошад, зеро маҳз соҳибихтиёриву истиқлолият барои миллат имконияти интихоби озодонаи роҳи пешрафти мустақилонаро фароҳам оварда, халқро ба ҷаҳониён ҳамчун соҳибдавлату соҳибқудрат муаррифӣ мекунад».

Раҷабмоҳ Қосимова, дотсенти кафедраи

сиёсатшиносӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj