• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Иғво ва ғавғои ҷараёнҳои хатарзо

Чаро имрӯз баъзе ҷавонон аз ҳифзи идеологияи давлат ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ хориҷ гашта, барои идеология ва ғояҳои такфирии созмонҳои экстремистӣ аз баҳри Ватан, забон, арзишҳои фарҳанги миллӣ ва манфиат ва муқаддасоти исломӣ даст кашида, барои ҳадафҳои террористон ва ДИИШ худро қурбон мекунанд?

Шояд соҳибназарон фикр намоянд, ки тангдастиҳои иқтисодӣ ва нодориҳои

молӣ омили гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ аст, аммо аз назари банда, омили иҷтимоӣ ва иқтисодӣ барои гаравидани ҷавонон ба ташкилотҳои экстремистӣ баҳона намешавад, балки то кунун мардуми мусалмон душманшинос нестанд ва чеҳраи аслии экстремистии «Салафия» ва шарикони онро намешиносанд. Салафияҳои яманӣ, суриягӣ ва мисрии тоҷик бисёр тундрав ва интиҳорӣ ҳастанд. Онҳо аз ҳисоби сармояҳои пули «Ансоруллоҳ» ва «Ҳаракатҳои исломӣ» - и Яман таҳсил намуда, дорои тафаккури сирф ДИИШ-ӣ гаштаанд, саодат ва хушбахтии худро дар таъсиси «Давлати исломӣ» мебинанд.

 

Ин нуктаро низ бояд ба эътибор гирифт, ки ҳаракатҳои экстремистӣ, аз ҷумла, ҳаракати иртиҷоии тундгарои «Салафия» дорои моҳияти фаромиллию байналхалқӣ, артиш ва гурӯҳҳои худкафон гаштааст. Яке аз ҳадафҳои шуми дигари онҳо ихтилоф ва роҳандозии ҷангҳои мазҳабӣ миёни аҳли тасаннун ва ташайюъ мебошад.

Тавре ки маълум аст, бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2009 фаъолияти равияи «Салафия» мамнӯъ эълон гардид ва ин равия ба рӯйхати иттиҳодияҳои экстремистӣ дохил карда шуд. Ин санад ва омили ҳуқуқӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки «Иттиҳодияи экстремистии равияи «Салафия» хатари ҷиддӣ ба амнияти миллӣ, амнияти озуқаворӣ, амнияти иҷтимоӣ, амнияти сиёсӣ, амнияти иттилоотӣ, амнияти динии кишвар дорад. Равияи экстремистии «Салафия» ягон ҳамбастагии эътиқодӣ ва иртиботи ақидавӣ бо «Салафи солеҳ» надорад.

Мутаассифона, баъзе бехабарон аз улуми динӣ ва исломшиносӣ «Иттиҳодияи экстремистии Салафӣ»-ро «Салафи солеҳ» мепиндоранд. «Салафи солеҳ», ба қавли Паёмбари ислом (с), «Хайрун умматӣ» буда, се қарн, яъне 300 соли аввали зуҳури дини мубини исломро дар бар мегирад. Салафия равияи иртиҷоӣ ва ифротӣ буда, навпайдо аст. «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» ҳамчун равияи тундрави такфирӣ, хушунатзо ва бемазҳабии динӣ дар охири асри ХVII ва ибтидои асри ХVIII аз тарафи мустаъмироти хавориҷ барои ангехтани низоъ, эҷоди ихтилоф ва таҳрики ҷангҳои мазҳабӣ дар қаламрави Ҳиндустон таъсис дода шудааст. Аъзо ва пайравони «Иттиҳодияи экстремистии Салафия» ягон мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоатро намепазиранд ва эътироф намекунанд. Дигар мазҳабҳои аҳли тасаннунро ва ё аҳли ташайюъро мушрик ва бидъат ҳукм намуда, қатли пайравони онҳоро воҷиб ва ҳатмӣ меҳисобанд. Ҳастии мазҳабро дар ислом бидъат ва номашрӯъ гуфта, осори Имоми Аъзам (р), Имом Шофеъӣ, Имом Молик ва Имом Ҳанбалро маҳкум мекунанд. Фиқҳ, яъне ҳуқуқи исломиро бидъат ва номашрӯъ медонанд. Баъзе афрод гумон мекунанд, ки салафиён дар мазҳаби ҳанбалӣ ҳастанд. Ин ақида ва дидгоҳ хато аст. Зеро ҳаргиз Имом Ҳанбал забҳ, сар буридан, хатнаи занон, ҷиҳоду никоҳ ва оташ задани инсонро иҷозат надодааст. Салафия, дар воқеъ, манбаи хатар ва хушунат буда, дар ҳар минтақа ва мамлакате, ки зуҳур намояд, оромиш ва амнияти ҷомеаро дар зери парчами «Қуръон ва суннат», таъсиси «Давлати исломӣ» ва таблиғи «Ақида»-и осебпазири такфирӣ бунёд намуда, фарҳангу осори миллии мардумро маҳв ва нобуд менамоянд. Кишварро ба майдони ҷангу ҷиҳодҳои шайтонӣ ва тохтутозҳои ДИИШ-ӣ табдил медиҳад. Ин тоифаи такфирӣ ва бемазҳаб равиши намози ҳанафимазҳабонро бидъат ҳукм намуда, дуои дастҷамъӣ, қироати Қуръон баъд аз намоз, зиёрати аҳли қубур, хондани Қуръон бар турбати фавтидагонро ҳаром, ширк ва куфр ҳисобида, маҳкум менамоянд.

Салафия низоми демократӣ ва сохтори конститутсионии Тоҷикистонро низоми куфрӣ ҳисобида, барои сарнагун сохтани он дар зери принсипи таблиғи «Ақида», идеологияи ҷангӣ ва такфирӣ кори муғризонаи хешро бо шеваҳои гуногун пеш мебарад.

Воқеаҳои хунини Сурия ва Ироқ пардаи террористии башараи «Иттиҳодияи экстремистии Салафия»-ро берун кашид. Салафиён амалҳои номашрӯъ ва кирдорҳои ҷинояткоронаи зиддибашарии худро ҷиҳод «Дар роҳи Аллоҳ» муаррифӣ намуданд.

Вақти он расида, ки донишмандон, мутафаккирон, ҷомеашиносон, масъулини ниҳодҳои динӣ ва исломшиносӣ дар муқобили решадавонии саратони такфирӣ ва ифротии салафия бетараф ва хомӯш наистанд, балки дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои амниятӣ ва қудратӣ алайҳи хатари салафия дар сангари мубориза баҳри ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии кишвар бошанд.

Нисбат ба мубаллиғон ва миссионерҳои такфирии ДИИШ-ӣ бояд чораҳои ҷиддии ҳуқуқӣ андешида шавад.

Ононе, ки дар таблиғи ақида, андеша, адабиёт ва китоб, диск ва савтҳои электронии «Салафия» ва «Ансоруллоҳ» саҳм мегузоранд, бояд ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд.

Барои комилан несту нобуд сохтани идеологияи иртиҷоии бемазҳабони гумроҳи такфирӣ ва ғайримуқаллидони ифротӣ уламои исломии суннатии кишвар бояд фаъол бошанд.

Бедории миллӣ ва худшиносии мазҳабӣ зарбаи сангин ва миёншикан дар камари ҳаракатҳои экстремистӣ мебошад.

Ҳ.Бедилов, дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj