• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ аз Истиқлолият сарчашма мегиранд

Ноил гардидан ба истиқлолият, расидан ба худшиносию ваҳдати миллӣ ва барпо намудани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ умеду орзуи дерини халқи тоҷик мебошад. Барои ба ин мақсади олӣ расидан тоҷикон дар паҳнои таърих муборизаҳои қаҳрамонона бурдаанд. Онҳо дар зарфи ҳазорсолаҳо чандин бор ба хавфу хатари маҳви миллӣ ва ба нестшавӣ рӯ ба рӯ омада бошанд ҳам, рӯҳияи миллӣ, худшиносӣ ва ғояи ватандӯстӣ онҳоро водор менамуданд, ки ба сӯи истиқлолияти миллӣ дилпурона қадам гузоранд.

 

Баъди муборизаҳои тӯлонӣ, пас аз 1000 сол ба тоҷикон муяссар шуд, ки соли 1991 истиқлолияти миллии худро барқарор намоянд. Вале ин истиқлолият ба осонӣ ба даст наомад. Душманони дохилӣ ва хориҷии халқи тоҷик бо ҳар роҳ мехостанд, ки тоҷиконро аз истиқлолият маҳрум сохта, онҳоро беватан гардонанд. Солҳои 1992-1995 дар Тоҷикистон ҳодисаҳою воқеаҳои мудҳише рух доданд, ки ба сари мардуми кишвари мо мусибатҳои зиёде оварданд. Ин ҳаводис барои якпорчагии Тоҷикистон ва муттаҳидию якдигарфаҳмии халқи тоҷик хатару зарари калон доштанд.

Дар чунин марҳилаи тақдирсоз ба майдони сиёсат марди ҷасуру ватанпараст Эмомалӣ Раҳмон ворид гашта, қувваҳои бо ҳам зид ва дар назари аввал оштинопазирро ба созиш овард, барои ба даст овардани сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ ҷасорати бемисл нишон дод, ба ҳама фаҳмонида тавонист, ки ба ҳам омадан ягона илоҷи наҷоти Тоҷикистон аст. Дар ин замина мо аз вартаи фано ба кишвари бақо расидем.

Мардуми Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсии худро дар бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёди дунявӣ мебинад, ки он ҳуқуқи ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ, қавмҳо ва миллатҳоро ҳифз менамояд, озодӣ ва амнияти онҳоро дар ҷомеа қотеъона ва ба тарзи устувор ҷорӣ мекунад, ба фаъолияти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Мо давлати ҳуқуқбунёд месозем, яъне ҳама дар назди қонун бояд баробар бошад. Дар ин амр истисно вуҷуд дошта наметавонад. Дар давлатдории мо ҳеҷ чиз аз эҳтироми қонун дида волотар нест». Сохтори ҷомеаи демократӣ дар Тоҷикистон ва барпо намудани давлати ҳуқуқбунёди дунявӣ имкони медиҳад, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ ҳар як шаҳрванд нафаси озод кашида тавонад, баробарҳуқуқии ҳар як аъзои ҷамъият, озодии ҳақиқии виҷдон, сухан, эҷодкорӣ таъмин бошад, барои баландшавии дараҷаи зисту зиндагии мардум шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шаванд.

Хурсандибахш аст, ки имрӯз дар Тоҷикистон истиқлолияти миллӣ торафт пойдор ва устувор гардида, халқи тоҷик пешравӣ ва комёбиҳои намоён ба даст меоварад. Бо вуҷуди ҳамаи ин комёбию пешравиҳо, ба фикри мо, барои пойдор ва устувор намудани истиқлолият ҳанӯз як қатор масоили ҳалталаб мавҷуданд.

Имрӯз проблемаи дигар, ки садди роҳи мустаҳкам намудани истиқлолияти миллӣ мегардад, дараҷаи нобаробарии дониш, ҷаҳонбинӣ, фаҳмиш, шуурнокӣ, маданияти сиёсии шаҳрвандони Тоҷикистон мебошад. Бояд гуфт, ки ҳамаи ин ҳолатҳо асосҳои объективӣ ва субъективӣ доранд. Маълум аст, ки халқи тоҷик дар муддати ҳазорсолаҳо дар зери таъсири равандҳои гуногуни идеологӣ буд, ки дар натиҷаи он дараҷаи дониш, фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ, маданиятнокӣ, характер ва хислатҳои гуногуни ахлоқӣ ва психологии мардум то ҷое қоҳиш ёфт. Агар мо имрӯз дараҷаи дороии маънавии деҳқонон, коргарон, зиёиён ва дигар табақаҳои гуногуни аҳолии мамлакатро муқоиса намоем, маълум мешавад, ки дар байни онҳо тафовут ва фарқияти зиёди идеявӣ мавҷуд аст. Ин фарқияту тафовутҳо имкон намедиҳанд, ки ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ба моҳият ва мазмуни истиқлолият, худшиносӣ ва ваҳдати миллӣ як хел сарфаҳм раванд ва дар мустаҳкам намудани пояҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолона саҳм гузоранд.

Ҷараёни тарбия серпаҳлӯ ва мураккаб мебошад. Яке аз вазифаҳои муҳими он тарбияи ватандӯстист. Ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, аз танзими оилаи худ сар мешавад. Вазифаи инсонии ҳар як фард аз он иборат аст, ки зодгоҳашро дӯст дорад, барои ободии он саъю кӯшиш намояд, вале маҳалдӯстиро аз маҳалпарастӣ ва маҳалгароӣ бояд фарқ кард. Агар инсон зодгоҳашро дӯст дорад, пайваста баҳри ободии он саъю кӯшиш менамояд, дар ҳама чо бо маҳалли хеш фахр кунад ва ин меҳру муҳаббати хоси ғамхорӣ нисбат ба пешрафти иҷтимоию иқтисодии ватани азиз садоқати вайро ба ватан коста нагардонида, баръакс онро ғанӣ гардонад, пас, ӯ маҳалдӯсти асил аст. Маҳалгароёну ҷудоихоҳон ба парастишу дӯстдории кӯрдилонаи ҳамон маҳалли кӯчакашон дода шуда, онро аз Ватани бузург чудо карда, манфиатҳои маҳаллиро ба манфиатҳои миллӣ муқобил гузошта, бо ҳамин байни ҳукуматӣ маҳаллӣ ва марказӣ чудоӣ ва низоъ меандозад.

Муассисаҳо ва ташкилотҳои идеологии давлат ва ҳукумати Тоҷикистон барои баланд бардоштани сифати тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳи идеалҳои олии истиқлолияти миллӣ корҳои зиёдеро сомон мебахшад. Дар марҳилаи ҳозираи сохтори ҷомеаи демократӣ пурзӯр намудани алоқа ва вобастагии байни сиёсат, иқтисодиёт, маданият, идеологияро талаб менамояд. Ин имкон медиҳад, ки мазмун ва самтҳои асосии маҷмӯи вазифаҳои тарбиявиро ба ҳисоб гирифта, хусусиятҳои таъсиррасонии идеологӣ ба шахсият, гурӯҳ, коллектив, табақаҳои гуногуни аҳолро дуруст муайян намуда, кори тарбиявии байни онҳо самаранок ба роҳ монда шавад. Дар ҳалли ин вазифаи бошараф ҳамаи муассисаҳои идеологии мамлакат фаъолона иштирок менамояд. Чунин манбаъҳои идеологӣ, монанди мактаби олӣ, радиову телевизион, кинову театр, клубу китобхона, қироатхона, воситаҳои ахбори умум, матбуот, нашриёт ва ғайра дар тарбияи шаҳрвандон дар рӯҳи идеалҳои олии истиқлолияти миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдат нақши муҳим мебозанд.

Имрӯз фурсате расидааст, ки миллати бофарҳанг, давлати соҳибистиқлол ва мамлакати соҳибтамаддуну пешрафта будани Тоҷикистонро ба аҳли олам нишон диҳем, ба қадри Ватану ватандорӣ, ба қадри истиқлолияту давлатдории миллӣ ва муқаддасоти он: нишону парчами давлатӣ, суруди миллӣ, артиши миллӣ, пули миллӣ ва шиносномаи миллӣ бирасем ва аз онҳо ифтихор намоем. Бояд гуфт, ки истиқлолиятро соҳиб шудан ҳанӯз кам аст, онро ҳифз намудан, пуштибонӣ кардан, тақвият бахшидан ва ҳамчун арзиши муқаддастарини давлату давлатдорӣ дарк намудан ва пос доштан зарур аст.

Халқи тоҷик истиқлолияти миллии худро барқарор намуда, барои мустаҳкам ва пойдору устувор гардонидани он ҳамаи заминаҳои иктисодию сиёсӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд овард. Дар Тоҷикистон давраи нави давлатдории миллӣ оғоз ёфта, бунёдкориву созандагӣ ва ободонии кишвар авҷ гирифт. Барномаҳои истиқлолияти озуқаворӣ, ислоҳоти иқтисодӣ, истиқлолияти энергетикӣ, эҳёи Роҳи абрешим ва бунёди хати нави роҳи оҳан, ба истифода додани кони гази Хоҷа Сартез ва даҳҳо корхонаву иншоотҳои бузурги саноатӣ ва хоҷагӣ аз дастовардҳои муҳими давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошанд.

М.Гулахмедов,

профессор, мудири кафедраи сиёсатшиносӣ,

С.Ахиева, муаллимаи калони кафедраи сиёсатшиносӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj