• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Либоси духтарон чӣ гуна бошад?

Муддатест, ки масъалаи либоси ҷавондухтарон, хоса, сатру ҳиҷоб, аз мавзӯъҳои асосии аҳли ҷомеа гардида, ҳар нафар аз диди хеш дар ин бобат андеша меронад. Зумрае аз соҳибназарон либоси миллиро тавсиф намоянд ҳам, иддае пайваста мекӯшанд, ки пӯшидани либоси бегонаро роиҷ гардонанд. Боиси таассуф аст, ки қисме аз донишҷӯдухтарон низ кӯр-кӯрона ба дигарон тақлид карда, либосҳоеро ба тан менамоянд, ки тамоман барояшон зебанда нест. Алъон мо тасмим гирифтем, ки пиромуни лисбоҳои тавсиявие, ки Вазорати маориф ва илм ва раёсати донишгоҳ муқаррар кардаанд, нуқтаи назари хешро иброз бидорем.

«Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ» бо қарори Мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз моҳи марти соли 2007 инҷониб мавриди амал қарор дорад. Дар доираи ин дастурамал либоспӯшии хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба як низоми муайян даромадааст. Агар аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба дастурамали мазкур баҳогузорӣ намоем, бояд онро бечуну чаро риоя кунем. Яъне, тибқи раводиди моддаи 27-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрӣ» Дастурамал ва Қоида санади меъёрии ҳуқуқӣ ба шумор рафта, тартиби ташкили ин ё он  намуди фаъолият ва ё тартиби иҷрои самтҳои алоҳидаи фаъолиятро муайян менамояд. Тибқи раводиди моддаи 20-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ» барои риоя накардани уҳдадориҳое, ки дар Оинномаи муассисаи таълимӣ ва Қоидаҳои тартиботи дохилӣ пешбинӣ гардидаанд, донишҷӯ метавонад ба танбеҳи интизомӣ ва инчунин, аз муассисаи олии таълимӣ хориҷ карда шавад.

Аз суханони фавқ чунин бармеояд, ки вазорат интихоби либосро барои таҳсилкунандагон тибқи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ иҷозат додааст. Дар заминаи санади мазкур дар аксар макотиби олӣ, аз ҷумла, маърифатгоҳи мо низ овезаҳои махсус ҳастанд, ки тарҳи намунаҳои сарулибоси писарона ва духтарона вобаста ба фаслҳои сол дар онҳо мунъакис шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳастанд донишҷӯёне, ки чунин тавсияҳоро ба куллӣ сарфи назар менамоянд ва бо хости дили хеш либос мепӯшанд. Мутаассифона, бархе аз, ба қавле, «фаъолони ҷомеа», ки аслан, аз кадом ҷиҳат фаъол ҳастанду чаро худро чунин меноманд, ба касе маълум нест, ин гуна асноди тавсиявиро ба боди интиқод мекашанд ва ба фикри онҳо, гӯё татбиқи дастурамал як навъ маҳдудсозӣ дар интихоби либос мебошад. Мебояд таъкид дошт, ки мақсади аслии аҳли соҳаи маориф тарбия ва ба камол расонидани инсони ҳамаҷониба рушдёфта аст. Шумо худ тасаввур кунед, агар муҳассилонро ба ихтиёри хеш гузорему гӯем, ки ҳар касе ҳар гунае, ки мехоҳад, либос пӯшад, дар муассисаҳои таълимӣ чӣ сурат мегирад. Либоси донишҷӯӣ дорои хусусияти хос буда, дар инкишофу такомули тарбияи ахлоқӣ,  маънавӣ ва ифтихори миллии донишҷӯён нақши бузург мебозад. Либосҳои намунавии донишҷӯӣ дар замири донишҷӯён ҳисси зебопарастӣ, озодагӣ ва хулқу атвори ҳамидаро ҷой намуда, онҳоро водор месозад, ки хушбин ва боинтизом бошанд. Вақте ки омӯзгори оянда, зиёии оянда фарҳанги либоспӯширо дар доираи низомҳои муқарраргардида, риоя намесозад, пас, аз куҷо нисбат ба худ ва Ватан хушбин мешавад?

Баъзан дар таҳайюр меафтам, ки чаро баъзе ҷавононро завқу ҳавсала ва ифтихори миллиашон паст мебошад. Аксари онҳо дар мавриди интихоби либос ба миллӣ будани он ҳеҷ аҳамият намедиҳанд. Барои эшон асос ин ки либос тангу дар бадан часпида бошад. Агар ба ҳамин минвол ин раванд идома ёбад, хавфи дар чанд соли минбаъда аз миён рафтани либоси миллӣ ба вуҷуд меояд.

Танҳо як маротиба дар дилхоҳ кӯчаю хиёбони мамлакатамон барои ним соат қадам задан кофист, ки занону духтаронро бо либоси ба миллати тоҷик бегона мушоҳида намоем. Аслан, бештари бонувону модарони мо, мутаассифона, майл ба сиёҳпӯшӣ доранд ва сару рӯи хешро низ бо матои сиёҳ мепӯшонанд. Ин ҷараён, дар  ҳақиқат, ҷои нигаронии амиқ аст. Аввал ин ки ағлаби онҳо намедонанд, ки либоси сиёҳ рамзи мотам аст ва ноогаҳона тақлид мекунанд. Дигар ин ки душманони дини мубини ислом-террористону қотилон либоси сиёҳ ба бар карда, аъмоли террористии хешро, аз қабили инфиҷори биноҳо ва қатли мардуми осоиштаю бегуноҳ дар амал татбиқ менамоянд. Пас, чӣ гуна аз сиёҳпӯш шудани занон нигарон нашавем?

Ранги сиёҳро шуарои бузурги классик низ рамзи сиёҳрӯзӣ, сиёҳкорӣ ва сиёҳрӯӣ донистаанд. Сайидо фармуда:

Ҳеҷ кас аз мо либоси                            тирабахтиро набурд,

Рӯзгоре шуд, ки чун кокул                                        сияҳпӯшем мо.

Шайх Саъдӣ дар мавриди номақбулии ранги сиёҳ чунин гуфта:

Саъдиё, номат ба риндӣ дар                      ҷаҳон афсона шуд,

Аз чӣ метарсӣ дигар, баъд аз                       сиёҳӣ ранг нест!

Миллати тоҷик аз қадимулайём либоси хоси хешро дошт ва ба маданияти либоспӯшии ин миллат дигар халқҳо ҳавас мехӯрданд. Ҳоло бошад, аз бесаводии зумрае аз занон бадхоҳони миллат истифода намуда, номаълум фарҳанги бегонаи худро ба мо таҳмил карда истодаанд. Хоҳишмандам аз «бесавод» гуфтани мо бонувони сатрпӯш наранҷанд. Дар ин хусус далели мо пажӯҳиш ва назарсанҷии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад. Дар як ҷарида хонда будам, ки мутобиқи назарсанҷии кумитаи мазкур дар байни занони ҳиҷобпӯш даҳ дар сади ин занону духтарон  аз миёни ду ҳазору 100 нафар, комилан бесавод будаанд ва аз овони кӯдакӣ ба мактаб нарафтаанд. Саодат Муъминова, масъули бахши иттилооти  кумита, соли 2010 гуфтааст, ки “Бар асоси натиҷаи ин назарсанҷӣ, ҳафт дар сади занону духтарон дар пайравӣ ба касе ва ё ба унвони “муд” сатри исломӣ пӯшидаанд. Ва аз ҷумлаи 55 дарсади заноне, ки иҷборан ҳиҷобпӯш шудаанд, беш аз 46 дарсади онҳоро шавҳарон, 3 дарсадро волидон, 2 дарсадро бародарон ва 3 дарсадро писаронашон водор ба пӯшиши ҳиҷоб кардаанд”.

Тавре болотар дарҷ кардем, либосу фарҳанги бегонаро ба зеҳн ва рӯзгори миллати мо мамолики абарқудрат, ки ҳадафашон ба даст овардани манофеи сиёсӣ ва иқтисодист, ворид карда истодаанд. Ин гуна ҷамоҳир илова бар ҷангҳои низомӣ аз роҳи ҳуҷум ба фарҳанг ва эътиқод низ ба таври васеъ истифода мекунанд. Дар чунин «набардҳо» нақши асосиро рафтор ва эътиқодоти мардум мебозанд. Масъалаи сиёҳпӯшии занон яке аз нишонаҳои ин гуна ҳуҷуми фарҳангӣ мебошад.

Бармегардем ба мавзӯи либоси муҳассилин. Бояд зикр кард, ки макотиби олӣ ва миёна ва умуман, тамоми муассисаи таълимӣ макони илму маърифат ва одобу ахлоқ аст ва аз ин ҷиҳат муқаддас маҳсуб меёбад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад, ки ба чунин ҷойҳо бо либоси дилхоҳаш ворид гардад.

Либоси сиёҳу тангро интиқод кардан маънои онро надорад, ки мо ҷонибдори пӯшиши либоси аврупоӣ ҳастем. Не, ҳаргиз не. Бисёр либосҳои ғарбиёнае вуҷуд доранд, ки саропо урёнанду шаҳватбарангез. Ба тан кардани ин гуна либос низ ба муҳассилин ҳеҷ қобили қабул нест. Пӯшидани либос ба тарзи нимбараҳна ба раванди таълим халали ҷиддӣ ворид менамояд. Таъкид кардан зарур аст, ки ороишоти иловагӣ ба либос ва зару зевар ҳам таваҷҷуҳбарангез мебошад ва баъзе ашхос мақсаду нияти чунин одамонро дигаргуна мефаҳманд.

Пӯшидани либоси миллӣ ва пос доштани фарҳанги пурғановату арзишманди ниёгонамон низ нишонае аз ватандорист. Устод Садриддин Айнӣ дар як мақолааш таъкид намуда: «Ҳар одаме, ки дуруст фикр мекунад, медонад, ки Ватан модари ӯст, Ватан хеш ва табори ӯст, Ватан шараф ва номуси ӯст, Ватан ҳама чизи ӯ ва ҳаёти ӯст! Ба ин сабаб, ҳар фарзанди одам, ки сифати инсонии худро гум накардааст, Ватани худро мисли модари худ, ҳатто, аз вай ҳам зиёдтар дӯст медорад, ӯро ҳимоят ва мудофиа мекунад». Ин суханони воқеан, пурарзиш барои ҳамаи мо сабақи бузург ва чароғи роҳнамо дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бояд бошанд.

Раҷабмоҳ Қосимова, номзади илми сиёсӣ,

дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj