• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Таъсири Интернет ба мафкураи ҷавонон

Техника ва технология имрӯзҳо дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи барҷаста ишғол кардааст. Технология ва пешрафти он ба ҳаёти имрӯза дигаргуниҳои зиёде ворид намуд. Компютер яке аз беҳтарин намудҳои техникаи электронӣ мебошад. Он кори коргарони соҳаҳои гуногунро осон кард. Агар мо бе воситаи техникӣ барои дарёфт намудани як мавзӯъ чандин адабиётро кофтуков мекардем, ҳоло бошад, дар як мижа задан аз интернет маводи лозимаро дастрас мекунем. Донистани технология хуб аст, вале…

ҳолате, ки имрӯзҳо моро ба ташвишу нигаронӣ овардааст, он аст, ки ҷавонон компютерро ба тарзи нодуруст истифода мебаранд. Яъне, дар интернет барномаҳое вуҷуд доранд, ки ҷиҳати манфии онҳо бештар аст. Мутаассифона, бархе аз ҷавонон бо барномаҳое вақти худро мегузаронанд, ки барои омӯхтани дониш заррае манфиат надоранд. Ин гуна барномаҳо зиёданд ба амсоли Skupe, viber, Watsapp, facbook, одноклассник, агент…

Тавассути ин барномаҳо ҷавонон бо ашхосе шинос мешаванд, ки аксаран камхираду бекору раҳгумзадаанд. Кӣ медонад, ки чӣ гуфтаҳое дохили суҳбати онҳо мегузарад ё чӣ гуна воқеаҳоеро мебинанд. Магар барои инсоне, ки ақли солим дорад, месазад, ки ба чунин корҳо даст занад. Ман бо чашмони худ ин воқеаҳоро дидам. Агар калонсолон ба онҳо насиҳате карданӣ шаванд, чунин посух мешунаванд: «Аср – асри ХХI, замон – замони техника аст». Замон рушдёфта бошад, пас чаро кӯшиш намекунем, ки мисли ҷавонони мамлакатҳои тараққикарда забонҳои гуногунро омӯзем ё чизе ихтироъ намоем.

Воқеае, ки ба наздикӣ рух дода буд, барои ҳамаамон дарси ибрат аст. Гурӯҳҳои ифротгаро тариқи интернет ҷавонони тоҷикро ба терроризму экстремизм ҷалб намудаанд. Ин воқеа дар Сурия ба амал омада буд. Чаро онҳо ба ҷони ҷавони худ ҷабр мекунанд ва аз ояндаи худ намеандешанд.

Бале, интернет манфиатҳои зиёд дорад. Манфиати онро аз зарараш фарқ кардан лозим. Онро барои манфиатҳои шахсӣ, миллӣ ва мардум истифода бояд бурд. Тавассути он доир ба тиҷорат, саёҳат, илму фарҳанг, сиёсат ва даҳҳо намуди фаъолиятҳои неки инсонӣ маълумот гирифтан мумкин аст. Мо, ҷавонон, ҷанбаҳои мусбати интернетро пайгирӣ карданамон лозим аст. Барои хондани китобҳои гуногуни илмӣ ба Москва, Лондон, Париж, Теҳрон, Кобул, Деҳлӣ ва дигар шаҳрҳо пул сарф карда рафтан лозим нест. Онҳоро дар дохили  хонаамон аз тариқи Интернет ёфтан мумкин аст. Ин яке аз манфиатҳои воситаҳои техникист. Бинобар ин, дар истифодаи сайтҳои интернетӣ бояд мо, ҷавонон, ақли солимамонро ба кор барем ва андешаро муқаддимаи фаъолияти худ қарор диҳем.

Давлатмоҳ Абдуллоева

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj