• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Сарчашмаи иқболи мо

Имсол тараддуди мо, мардуми тоҷик, боз зиёдтар шуд. Чунки ин сол соли оддӣ нест. Соли 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. 25 сол мешавад, ки дар партави нури истиқлолият роҳи зиндагӣ мепаймоем.

Истиқлолияти Тоҷикистон орзую умеди чандинасраи халқи бузурги тоҷик буд, ки бо талошҳои як идда соҳибназарон ва равшанзамирони тоҷик ҷомаи амал пӯшид. Ин неъмати бузург ба мардуми точик ва Тоҷикистони азиз нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоиштагию абадиятро овард. Имрӯз  ҷаҳониёни тараққихоҳ аз мо ибрат мегиранд  ва дарси сулҳу ваҳдатро меомӯзанд.

 

Ҳоло, ки Тоҷикистон дар роҳи бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад ва масъалаи баланд бардоштани мақом, мавқеъ ва маърифати зан дар ҷомеа, яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлат ба ҳисоб меравад.

Ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии кишварамон дар яке аз баромадҳои худ, Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки : «Маҳз бо ҳалли масъалаи мақоми зан дар ҷомеа мо метавонем бунёди ҷамъияти устувор, боадолат ва ҳаматарафа тараққикардаро орзу намоем».

Аз солҳои аввали Истиқлолият проблемаи беҳдошти шароити занон ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Президенти кишвар  қарор дорад. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа, аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.12.1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.03.2005 «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»   ва як қатор барномаҳои дигари давлатӣ қабул карда шуданд. Инҳо беҳтарин намунаи эътимоду боварии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба занон ва қадрдонӣ аз масъулиятшиносӣ ва ғайрату кордонии онҳо мебошад.

Дар солҳои 1992-1997 шумораи донишчӯдухтарон аз 48%-и даврони Шӯравӣ ба 19% поён фаромад. Ин яке аз омилҳои асосие ба шумор меравад, ки  сабаби таъсис додани квотаи президентӣ гардид. Он дар мамлакат такони ҷиддӣ ба вуҷуд овард. Дар ҳамон солҳо нафароне буданд, ки ба ин ибтикори муҳим бовар намекарданд ва ҳатто муқобили чунин ташаббуси хайрхоҳона ва маърифатпарварона буданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, Роҳбари давлат ин иқдомро саривақтӣ шуморид ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷудо намудани квота барои духтарони балаёқати минтақаҳои дурдасти Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро соли 1997 ба имзо расонид.

Аз соли 1997 то имрӯз тибқи квотаи президентӣ донишгоҳу донишкадаҳои Тоҷикистонро зиёда аз 10500 нафар духтарон хатм намуданд ва ҳоло нақши худро дар рушди чомеа гузошта истодаанд ва 123 нафар духтарони ноҳияҳои дурдаст, ки тибқи квотаи президентӣ таҳсил намуданд, имрӯз дар вазифаҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз ҳама ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуда, дар шароити соҳибистиқлолӣ занон тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарӣ ва рисолати ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ иҷро карда метавонанд  . Бо сабаби хело меҳнатдӯст буданашон занони тоҷик  дар баробари онеки модари мушфиқу меҳрубон, маслиҳатчии ҳар хонадон ва шаҳсутуни асосии хона ҳисоб мешаванд, ҳамчунин роҳбари хубу кордон, донандаи илму забонҳои гуногун ва пешбарандаи ин ё он бахш ҳастанд.

25 сол мешавад, ки Точикистон ҳамчун давлати демократӣ дар паи ҳар чи мустаҳкам кардани мавқеи зан дар ҷомеа асту ва дар ин самт муваффақ ҳам гардидааст, мегӯянд коршиносон. Зеро фаъолияти босамари занон дар тамоми бахшҳои хоҷагии халқ шуруъ аз мактабу маориф то ба зинаҳои болои Ҳокимият мушоҳида мегардад.

Хушбахтона, аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолият, Роҳбари давлати мо барои истифода бурдани нерӯи созандаи занон сайъю талош менамояд. Маҳз бо шарофати Истиқлолият занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда роҳ ёфтанд. Ба иттилои Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода И.Т., дар Маҷлиси намояндагони Мачлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 42,8%, Агентии хизмати давлатӣ 42,5%, Вазорати Адлия 35,9%, Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ 49,5%, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон 56,5%, Вазорати фарҳанг 49,2%, Вазорати кишоварзӣ 17,2%, Энергетика ва захираҳои об 16,4%, Кумитаи телевизион ва радио 41,3%-и кормандонашонро занон ташкил медиҳанд. Дар баробари ин шумораи занон дар хадамоту кумита ва агентиҳои давлатӣ ба истиснои Кумитаи андоз зиёда аз 10% мебошад. Оморҳои гендерӣ нишон медиҳанд, ки аз миёни вилоятҳои мамлакат  Вилояти Хатлон аз ҳисоби фарогирии занон ва бонувон бо шуғл бо 43% дар зинаи аввал, Вилояти Суғд 28,4% дар зинаи дуюм ва Бадахшон 26,3% дар зинаи сеюм қарор доранд.

Солҳои  охири асри гузашта, дар рӯзҳои пурфоҷеа занҳои тоҷик дар ҳолати шикаст қарор доштанд.    Шукрона бояд кард, ки таърих тақдири ин миллатро  ба фарзанди фарзонаи хеш Эмомалӣ Раҳмон вогузошт, ки эшон бо як ҷасорату андешаи худододӣ ва бо қаҳрамониҳои нотакрори худ ин миллати парешонгаштаро дигарбора бо ҳам сарҷамъ кард ва танҳо суханҳои дилгармкунанда ва амру фармонҳои  Президенти кишвар  тақдири зани тоҷикро дигаргун сохт.

Оре, имрӯз дар Тоҷикистони шукуфону мунаввар зани тоҷик хушбахту шӯҳратёр аст. Шӯҳрати вай аз меҳнати озоду пурифтихор, аз ғайрату матонат аст. Ба кадом корхонаю муассиса наравед, садҳо фаъолонро вомехӯред, ки дар байни онҳо занҳо кам нестанд. Доираи занони фаъол ба мисоли Шарофзода Гавҳар, Хайринисо Юсуфӣ, Марҳабо Ҷабборӣ, Тағойзода Сумангул, Хидирзода Махфират, Қурбонзода Идигул, Ёқубова Муҳиба ва ғайраҳо дар самтҳои гуногун сол то сол зиёд шуда истодааст.

Агар қисмати занон дар соҳаи маориф ва тандурустӣ  кору фаъолият намояд, қисмати дигар , ба монанди Мавзуна Чориева, варзишро шуғли дустдошта интихоб намуда, парчами давлати Тоҷикистонро дар арсаи чаҳонӣ баланд мебардоранд. Дар умум бисёранд бонувоне, ки дили ҷасур доранд. Самараи истиқлолият аст, ки имрӯз зани тоҷик аз минбарҳои баланди созмонҳои ҷаҳонӣ баромад мекунад ва ҳуқуқҳои худро дифо менамояд.

Рӯз то рӯз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон камол ёфта истодааст ва мардуми кишварамон ҳаёти хуррамона доранд. Ин хуррамӣ ва таровату назокати ҳаёт аз рухи модарон, занону духтарони толеъбаланд бештар ҳувайдост. Чашмонашон аз саодати рӯзгор дурахшон, лабонашон аз суруру шодмонӣ хандон, дилашон аз меҳру муҳаббат ҷӯшон аст. Занон дар ҳама кушоишҳояшон дастгирии Сарвари хирадсолори худро ҳис мекунанд ва имрӯз барои фаъолияти онҳо ҳамаи шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Ҳадафи асосии таваҷҷӯҳи Роҳбарияти кишвар ба таҳкими мавқеи иҷтимоии занон- фаъолгардонии қишрест, ки вазифааш тарбияи наслҳост.

Сарчашмаҳои таърихӣ гувоҳ аз он аст, ки занони тоҷик ҳанӯз аз қаъри асрҳо бо шуҷою далерӣ ва кордониашон дар таърих сабти ном гардидаанд, вале то расидан ба мартабаи имрӯза Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам овард.

Ситораи толеи мо, занон бо истиқлолият дурахшидааст!

Саломат Қувватова, раиси Шӯрои занон

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj