• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Талхиҳо бояд сабақомҷӯз бошанд

Мардуми кишвари мо ҷанги шаҳрвандиро паси сар намуд. Ин ҷанг ба сари мардум гарониҳои зиёд ба бор овард. Аз таърих ба мо маълум аст, ки чунин таҷрибаҳои талх болои миллати тоҷик борҳо амалӣ шудааст, ки миллатро аз бузургтарин марказҳои тамаддуни худ ҷудо сохт. Дар тақвияти ин андешаҳо метавонем як шоҳбайти устоди зиндаёд Лоиқ Шералиро орем, ки бо ҳасрат рӯйи коғаз овардааст:

Дар Бухорое, ки даргоҳи дарист,

Бо даригуфторӣ берун аз дарем.

Ё худ ба ҳасрат мегӯем, ки «Ҳам Бухоро, ҳам Самарқанд ба Худо шаҳри ман аст». Воқеан, туркгароён тавонистанд, ки зиёда аз 60 фисади мардуми тоҷикзабони Самарқанду Бухороро ӯзбек қаламдод намоянд. Ва наздик ба сад сол аст, ки ин хатои содиршударо наметавон ислоҳ кард. Дареғу дард…

Имрӯз, ки дар фазои сулҳу осоиштагӣ умр ба сар мебарем, боз иддае аз одамонро мебинем, ки ин тинҷию оромиро халалдор кардан мехоҳанд. Боиси таассуф, ки дар байни ин тоифа ҷавонон низ кам нестанд. Чаро онҳо ба чунин рафтори нанговар даст мезананд? Инро чӣ тавр метавон арзёбӣ намуд?

Ба пиндори мо, ин ҳолат аз ду боис рух медиҳад: бедонишӣ ва гумроҳӣ. Аз бедонишӣ дида нақши гумроҳӣ зиёдтар аст. Иддае аз уламои дин мехоҳанд, ки ҷавононро ба сӯйи гумроҳӣ бикашанд, зеро мардуми бедонишу гумроҳро метавон бо ҳар роҳу восита ба манфиатҳои гурӯҳиву сиёсӣ истифода намуд. Чунин муносибат буд, ки дар оғози нооромиҳои сиёсии Тоҷикистон маҳз уламои дин деҳа ба деҳа, дар масҷиду ҷамоатхонаҳо мардумро ба майдоннишинӣ даъват мекарданд.

Ба чунин ҷавонони тангназар ва гумроҳ бори дигар гуфтори аллома Муҳаммад Иқболи Лоҳуриро хотиррасон менамоем: «Аз хоби гарон, хоби гарон, хоби гарон хез!» Бале, хезеду зиндагиро бо чашми дил, бо хиради чашм нигаред. Ба худ оед, гумроҳиро аз худ дур созед, бозичаи дастони бегонапарасту ифротгаро нагардед. Дари бадбахтиро барои худатону пайвандон ва шаҳрвандони кишвар боз насозед, зеро бе ин ҳам таърих ба мо ҷабру ҷафоҳои зиёдро раво дидааст. Ҳақ бар ҷониби Лоиқи бузургвор, ки фармуда:

Ҷабри таърих ягон қавм надидаст, ки мо,

Ин ҳама хориву зиллат кӣ кашидаст, ки мо.

Оре, сабақи талхи таърих бояд барои ҳар кадоми мо, хоса, ҷавонон, дарси ибрат бошад. Дарсе, ки моро ба сӯйи ягонагӣ, ваҳдат, сулҳу сафо, инсондӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва фазилатҳои ҳамидаи инсонӣ бикашад. Дарсе, ки барои тарбияи солими насли наврас роҳбаладу роҳнамо бошад.

Суҳроб Фозилов, Оишамо Ҳабибова,

устодони кафедраи педагогикаи умумидонишгоҳӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj