• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ахлоқ нек-беҳтарин падида

Ахлоқ яке аз ҷанбаҳои табиии ҳаёти инсон аст. Меҳвари ахлоқ хидмат ба халқ аст. Имрӯз мо бояд сари он андешем, ки чаро тарбияи ахлоқӣ гирифтори костагиҳои зиёд гардидааст.

Ҳар қадар дар бораи тарбияи ахлоқӣ сухан гӯем, ҳамон андоза чунин андеша ба зеҳнамон роҳ меёбад:

мо ҳанӯз дарк накардаем, ки имрӯзҳо ҳуввияти фарҳангии бисёре аз ҷавонони кишварамон дар вазъияти мубҳаму ҳассос ва дар маърази чолишҳои ҷиддии фарҳанги бегонагон қарор дорад, бисёре аз ҷавонон ба далели ин чолишҳо гирифтори хурофотпарастӣ, костагии эътиқод, лаззатҷӯйӣ, беқайдиву бебандуборӣ шудаанд, ки ин падидаҳои номатлуб ба табоҳӣ ва фурӯпошии бунёдҳои ахлоқӣ оварда мерасонад. Инро метавон хатарноктарин омил арзёбӣ намуд.

 

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси ҳушдор баён намудааст,  ки «агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба мушкилоти сангини иҷтимоию фарҳангӣ дучор меояд».

Боиси таассуф аст, ки бедонишӣ, сатҳи пасти фаҳмиш тафаккури баъзе аз наврасону ҷавнонро заҳролуд сохтааст. Ин тоифа оқибати рафтори худро дарк намекунанд ва бо ин сатҳи пасти тарбияи ахлоқӣ дарк ҳам карда наметавонанд.

Далели ин гуфтаҳо иштироки қариб 200 нафар ҷавони тоҷик аст, ки дар сафи террористон ба муқобили Ҷумҳурии Сурия меҷанганд.

Агар ин ҷавонони раҳгумзада дорои ахлоқи ҳамида мебуданд, ҳеҷ гоҳ ба ин иқдом даст намезаданд. Пас, ба саволи «Чаро чунин ҳолат рух додааст?», ҷавоб бояд гуфт.

Аз нигоҳи мо, то ҳамбастагӣ ва ҳамкории се неруи тавоно: мактаб, оила ва ҷомеаро мувофиқи матлаб ба роҳ намонем, калиди мақсуд ба даст намеояд.

Дар ин росто нақши асосӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ тааллуқ дорад, зеро мактаб бахши калидии раванди такомули маънавию ахлоқии насли наврас мебошад.

Кори тарбияи ахлоқиро фақат бар дӯши ниҳодҳои тарбиявӣ гузоштан нодуруст аст. Дар ин замина бояд ҳамаи ниҳодҳои ҷомеа саҳм гузоранд. Омӯзишу парвариши ахлоқии насли наврас танҳо бо талоши якҷоя ва масъулиятпазирии ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ва афроди фаъоли ҷомеа ҳалли худро меёбад.

Хулоса, тарбияи дуруст ва ба сӯи камолот ҳаракат додани насли наврас вазифаи ниҳодҳои тарбиявӣ –аз хонавода гирифта, то донишгоҳҳо ва кулли равшанфикрони ҷомеа мебошад.

М.Саидов, мудири кафедраи психология,

З.Аҳадов, устоди кафедраи педагогикаи умумӣ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj