• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Ҷавононро ватандӯст тарбия намоем

Фарзанд меваи дарахти умри волидайн аст. Волидон бо ҳазор орзую умед ҷигарбанди хешро тарбияву парвариш мекунанд ва ба камол мерасонанд, то дар даврони пирию хастаҳолӣ асои даст ва мадори тани эшон гардад. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳои хеш оиларо як ҷузъи хурди давлат маънидод карда, рушду густариши давлату миллатро дар афзун гаштани оилаҳои дорои маданияти воло арзёбӣ кардаанд.

Оре, оилаи солим ҷомеаи солимро асос мегузорад. Агар дар оила падару модар ба якдигар муносибати хуб дошта бошанд, фарзандон аз онҳо меомӯзанд, фардо ба онҳо пайравӣ мекунанд.

Агар мо аз ақлу хирад хуб бархурдор гардем ва ба воситаи омӯзиш маҷрои хоси зиндагии хешро пайдо кунем, сипас, дарки оламу одам бароямон осон мегардад ва дӯстдори зиндагии худ мегардем.

Волидайн моро раҳнамою дастгир ва пуштбону ғамхоранд. Омӯзишу тарбият дар наврасӣ хело зарур аст, зеро дар ин айём наврас аз худ қобилияти баланди азхудкунии тамоми донишҳоро нишон дода, барои омӯзиш хотираи ӯ мисли ҳарир поку беғаш аст.

Ҳадафи асосии волидайн на танҳо ба дунё овардани фарзанд бояд бошад, балки онҳо бояд дар баробари таваллуди фарзанд дар тарбияташ низ масъул бошанд.

Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки агар волидайн роҳи дурусти тарбияи фарзандро пеша кунад, ҳеҷ гоҳ фарзанд ба амалҳои номатлуб даст намезанад.

Фарзанд тамоми амалҳои неку бадро аз оила меомӯзад ва зуд ба худ қабул мекунад. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар таълиму тарбияи фарзанд волидайнро масъул медонад. Ба андешаи ӯ, «Фарзанд амонати Худо дар назди падару модар аст».

Оре, дар таълиму тарбияи фарзанд ҷаҳд  бояд кард, зеро фарзанд атои Худост ба волидайн. Омӯзонидану ба роҳи рост ташвиқу тарғиб намудани наврас амалест пурсавоб. Барои он ки фарзанд солиму бомаърифат тарбия ёбад бояд, пеш аз ҳама, худи волидайн соҳиби донишу фаҳмиши баланд бошанд.

Мутаассифона, имрӯз оилаҳое ҳастанд, ки зану шавҳар ба ҳам созиш карда наметавонанд. Дар ин гуна оилаҳо фарзандони комил тарбия ёфта наметавонанд. Фарзандони чунин оилаҳо барои ҳалли мушкилоти хеш ба волидайн муроҷиат менамоянд, аммо ҷавоби дағалу дурушт мегиранд, дилшикастаю маъюс шуда, ба кӯча мебароянд ва аз касе роҳи ҳалли  мушкилии хешро меҷӯянд ва ба фиребу найранги ашхоси нохалаф афтода, аз чаҳорчӯбаи одоб берун мемонанд.

Волидайнро зарур аст, ки ҳамеша дар ҳалқаи ҷигарбандони хеш бошанд, ба онҳо сӯҳбат кунанд, барои омӯзиши эшон шароит фароҳам оваранд ва фарзандонро зери назорати ҷиддии хеш қарор диҳанд. Бархе аз падару модар таълиму тарбияи фарзандони хешро ба зиммаи мактаб бор мекунанд. Ба андешаи онҳо, гӯё мактаб дар таълиму тарбияи фарзандони онҳо масъул аст. Агар жарфтар назар афканем, бархе аз волидайн хатои маҳз мекунанд, зеро фарзанд ҳамагӣ ҳашт соат дар мактаб ба таълиму омӯзиш фаро гирифта шудааст, боқӣ дигар дар хона бо волидайн аст.

Гузаштагони мо модарро мураббии аввалини фарзанд мешумориданд, зеро чун фарзанд чашм ба олами ҳастӣ мекушояд, танҳо модарро мебинад ва бо навозишу муҳаббати самимии модар навзод бузург мешавад. Аввалин ҳарфу калима ҷумлаю ибораро фарзанд аз модар меомӯзад.

Модари тоҷик метавонад фарзанди солиму хирадманд, бовиқору хушмуомила ва хештаншиносу ватандӯстро ба воя расонад ва дар пешрафти давлати навини тоҷикон ҳиссаи шоиста гузорад.

Маъдӣ Абдураҳмонов, докторанти донишгоҳ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj