• Tajik
  • Russian
  • English
There are no translations available.

Фарзандро нахуст дар оила ахлоқ бояд омӯхт

Агар ба таърихи фарҳангу адаби миллат бо дидаи таҳқиқ назар кунем, дармеёбем, ки ниёгони мо ба таълим ва тарбияи инсон таваҷҷуҳи хосае зоҳир мекардаанд. Дар асрҳои миёна тарбияи инсон ва такомули ғановати маънавии он ба ҷойи аввал баромад. Ин аст, ки дар баробари рушду ташаккул ва инкишофи адабиёти бадеӣ, илмӣ, таърихӣ ва фалсафӣ асарҳои сирф ахлоқӣ ба монанди «Насиҳатнома»-и Унсурулмаолии Кайковус, «Бӯстон» ва «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ, «Баҳористон»-и Абдураҳмони Ҷомӣ саросар ба насиҳати фарзанд бахшида шуда, ҳамчунин, як қисмати муҳими таъмини тарбияи ахлоқиро фаро гирифтаанд.

Ҳоло равиши тарбиявии пазируфтаи қисми зиёди падару модарон ҳамон равиши тарбиявии суннатие аст, ки дар гузашта дар фазои он худашон тарбия ёфта буданд. Бо ин равиш наметавон фарзандро барои замони муосир, замони рушди босуръати техника ва технологияи нав тарбия кард. Дар ин маврид, дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки на танҳо тарҳи тарбия, инчунин, тарҳи таълимро ба таври куллӣ таҷдиди назар намоем.

Шароити кунунӣ ва муносибатҳои нави иҷтимоӣ дар замони инкишофи босуръати технологияи муосири иттилоотӣ ҳамчун падидаи нав дар ҷаҳони имрӯза то андозае тавонистааст, ки ба ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии инсоният таъсири худро расонад. Вале аз ин раванд ҷумҳурии мо низ истисно нест. Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари дигар омилҳо ба таълиму тарбия низ таъсири худро расонида истодааст. Албатта, ҳамқадами кишварҳои пешрафта ва рушдёфта будан боиси ифтихор аст. Вале дар ин  раванд ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тарбияи фарзандон дар рӯҳияи эҳтироми фарҳангу тамаддуни миллӣ ва арзишҳои волои он бояд дар мадди аввал қарор гирад. Имрӯз, ки технологияи ҷадид ва интернет вориди ҳар як оила мегардад, дар ин замина волидайн бояд дониши замонавӣ дошта бошанд, то тавонанд аз таъсири манфии интернет кӯдакро эмин нигоҳ доранд. Маълум аст, ки имрӯз дар интернет маводе пахш мешавад, ки ба мафкураи кӯдакон ва наврасон таъсири манфӣ мерасонанд.

Тарбияи кӯдакро бошад, бояд ба назардошти табиати ӯ ва муҳит анҷом дод. Аз ин рӯ, мақсади тарбия тавсеа ва густариши зарфияти ботинӣ ва қувваи фаҳми кӯдак буда, он набояд маҷбурӣ ва ба воситаи зӯриву танбеҳ амалӣ шавад. Дар асоси гуфтаҳои боло метавон натиҷагирӣ кард, ки нақши хонавода дар тарбияи фарзанд хеле назаррас аст, зеро волидайн муҳимтарин омили созанда ва ташаккули шахсияти кӯдак маҳсуб меёбанд. Мувофиқи таҳқиқоти муосир кӯдакон то синни ҳафтсолагӣ асосан дар канори падару модар ҳастанд ва бештари таъсиротро аз онҳо гирифта, ташаккул меёбанд. Ба ҳамин далел тарбия дар ин давра бояд комилан ба уҳдаи хонавода бошад. Агар волидайн дар ин давра тарбияи кӯдакро масъалаи сода шуморанд ва дар тарбияи фарзанд беаҳамиятӣ зоҳир намоянд, аз кӯдак рафтори дуруст, тани солим, ахлоқи ҳамидаро набояд интизор шавем. Ҳар як хонаводаи тоҷик дорои хусусият ва шеваи махсус аст, ки дар воқеъ онҳо дар тафаккури кӯдак инъикос гардида, ташаккули шахсияти ӯро муайян менамоянд. Тарбияи кӯдак дар асоси ҷаҳонбинӣ, дониш ва арзишҳои маънавии падару модар сурат гирифта, инъикосгари шахсияти падару модар дар тафаккури кӯдак мебошад.

Имом Муҳаммади Ғазолӣ дар асари бузурги худ «Насиҳат-ул-мулук» чунин фармудааст: «Падару модар ба мисли сарчашмае мебошанд, ки агар оби он мусаффо бошад, поёноб низ мусаффо хоҳад буд». Маҳз бо такя ба панду андарзҳои гузаштагони орифамон, мо ниҳоят қонуни муҳими ҷомеа «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таҳия ва мукаммал гардонидем. Ба ҳамин хотир, дар қонуни мазкур масъалаҳои хеле муҳими тарбияи насли наврас ба назар гирифта шудааст, то ин ки мо тавонем дар ҷомеаи имрӯза кӯдакони солим ва боодобу фозилро тарбия намоем.

Ба ҳамин монанд дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ Ассотсиатсияҳои волидайну омӯзгорон таъсис дода шудааст. Хуб мебуд, ки кори онҳо фаъол гардонида шуда, дар назди мактабҳо курсҳои машваратӣ оид ба тарбияи кӯдакон барои волидайни ҷавон ба роҳ монда шаванд. Дар ин росто, аз тарафи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус, Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мактабҳои олии ҷумҳурӣ бояд таҳияю нашри осори мутафаккирони гузаштаамон дар соҳаи ахлоқ ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад. Масалан, дар кишварҳои пешрафта аз тарафи олимон, равоншиносон, духтурон тадқиқоти пурмӯҳтаво гузаронида шуда, инчунин, барои тарбияи кӯдакону наврасон тавсияҳои методӣ интишор намудаанд. Мутаассифона, бо вуҷуди адабиёти зиёди аз ҷониби ниёгонамон ба меросмонда, имрӯз мо тавсия ва роҳнамоҳо барои тарбияи фарзандонамон ба таври кофӣ надорем.

Дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ алҳол комиссияҳои доимӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолият менамоянд ва ҳамакнун салоҳиятҳои ин мақомот васеъ карда шуда, дар заминаи қонуни мазкур масъалаи назорат аз болои раванди таълиму тарбияи фарзанд аз тарафи падару модарон ва дигар муассисаҳои таълиму тарбия ба зиммаи он гузошта шудааст. Мақсади таъсиси мақоми мустақили ваколатдор ва додани салоҳиятҳои иловагӣ ба комиссияҳои доимӣ дар маҳалҳо оид ба пешбурди назорати раванди таълиму тарбияи фарзанд, пеш аз ҳама, танҳо ба манфиати худи фарзандон, таъмини ояндаи неки онҳо ва дарки воқеии масъулияти ба зимма доштаи падару модарон аз тарафи онҳо мебошад. Масъалаи дигар дастгирии давлатии оилаҳои камбизоати дорои фарзандони ноболиғ мебошад, то ки фарзандони ноболиғ аз таълиму тарбия дур намонанд.

Муҳимияти ин масъаларо ҳукумати кишвар ҳанӯз аз аввалин рӯзҳои ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дарк кардааст ва он ҳамеша дар мадди назари роҳбарияти сиёсии ҷумҳурӣ мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дар ин давра бо мақсади пуштибонии иҷтимоии оилаҳои камбизоат ва ҳавасмандгардонии кӯдакону наврасон ба раванди таълим як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳо қабул карда шудаанд, ки онҳо барои баамалбарории ҳуқуқу манфиатҳои қонунии кӯдакон заминаи мусоиди ҳуқуқӣ гузоштаанд. Рушди босуръати муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шароити қонунӣ ҳар як падару модарро водор месозад, ки дар таълиму тарбияи фарзанд масъул бошанд, зеро беаҳамиятӣ ва бетарафӣ нисбат ба тарбияи фарзанд ба раванди инкишофи минбаъдаи ҷанбаҳои гуногуни ҷомеаи мо монеъ мегарданд.

Бинобар ин, тавассути қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар қонунҳои амалкунанда, давлат ҳар як падару модар, омӯзгор ва шахсони ба таълиму тарбияи насли наврас вобастаро вазифадор мекунад, ки дар назди ҷамъият масъул бошанд. Мувофиқи анъанаҳо ва мероси ахлоқие, ки аз табиати мардуми мо бармеояд, эҳтироми волидайн, нигоҳубини онҳо дар пиронсолӣ яке аз рукнҳои асосии тарбия маҳсуб меёбад. Дар тӯли асрҳо ин ба меъёри ахлоқии миллати тоҷик табдил ёфтааст. Албатта, падару модар дар назди фарзанд якчанд масъулияте, аз қабили номи нек гузоштан, маълумот додан, хатнаву хонадор карданро ба дӯш доштанд ва ин анъана то имрӯз идома дорад. Вале таҳлил ва мушоҳидаҳо далели онанд, ки ҳанӯз ҳам баъзе падару модарон барои бо таҳсил фаро гирифтани фарзандон монеъ мешаванд ва онҳоро дар синну соли наврасӣ ва ташаккули шахсият ба корҳои вазнини ҷисмонӣ ва аз мактабу таълимгоҳ берун сафарбар менамоянд…

Номвар Қурбонов, аспирант,

Шаҳривар Қурбонов, донишҷӯ

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj