• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Хобгоҳи нав-туҳфа ба

ҷашни Истиқлолият

Дар арафаи 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба шумораи хобгоҳҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ боз як хобгоҳ зам шуд. Дар расми ифтитоҳи он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ширкат варзид. Лозим ба ёдоварист, ки ин хобгоҳ солиёни зиёд дар ихтиёри ашхоси дигар қарор дошт.

 

Нуриддин Саид нахуст аз варзишгоҳи хобгоҳ дидан карда, сипас, вориди хобгоҳ гардид. Баъди азназаргузаронии ҳуҷраҳо ва шинос шудан бо шароити зиндагӣ дар хобгоҳ вазир донишҷӯёнро табрик гуфта, онҳоро ба эҳтиёткорона муносибат кардан бо амволи давлатӣ даъват кард. Мавсуф қайд намуд, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шахсони воқеӣ бо роҳҳои гуногун амволи давлатиро азхуд намуда, ба фоидаи шахсӣ истифода мебурданд. Хушбахтона, имрӯз бо дастури Асосгузори сулҳу Ваҳдати камтар гаштани дӯстии мардуми Тоҷикистон дар ҳар ҳуҷраи хобгоҳ донишҷӯён аз минтақаҳои гуногун ҷой дода шаванд. Барои ҳамаи истиқоматкунандагон ду ҷуфти болопӯши ҷойи хоб муҳайё карда шавад. Донишҷӯён бояд ахлоқи ҳамида дошта бошанд, суханони қабеҳ нагӯянд, зеро онҳо тарбиятгарони насли ояндаанд. Пас аз баромади вазир ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ ба Нуриддин Саид барои ташриф овардан ва дастгириаш изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки маҳз бо талошҳои вазири муҳтарам хобгоҳ ба донишгоҳ

баргардонида ва аз таъмир бароварда шуд. Пас аз гусели меҳмонон мо

бо муовини ректор оид ба корҳои хоҷагидорӣ Илҳомҷон Муродов ҳамсуҳбат шудем. Мавсуф доир ба хобгоҳ чунин маълумот дод:

- Дар блоки якум омӯзгороне, ки ба хона эҳтиёҷ доранд, бо ҷойи зист таъмин карда мешаванд. Дар блокҳои 2 ва 3 донишҷӯписароне, ки тибқи квота таҳсил доранд, зиндагӣ хоҳанд кард. Нархи солонаи хобгоҳ барои донишҷӯён 700 сомонӣ ва барои омӯзгорон вобаста ба масоҳати хона ҳисоб карда мешавад. Шароити зиндагӣ дар хобгоҳ хеле хуб аст. Ҳар як ошёна ошхона, ҳаммом ва ҳоҷатхонаи ба таври замонавӣ таъмиргардида дорад ва бо оби гарм таъмин аст. Бино дорои толори китобхонӣ буда, бо китобҳои бадеӣ таъмин гардидааст, ки омӯзгорону донишҷӯён метавонанд дар вақтҳои фориғ аз кор ба хондани китоб машғул шуда, донишу малакаи худро тақвият бахшанд. Дар толор, ҳамчунин, телевизор насб карда шудааст, то истиқоматкунандагон аз рӯйдодҳои ҷаҳон бехабар намонанд. Шумораи умумии ҷои зист дар ҳамаи хобгоҳҳои донишгоҳ 1219 ҷойро ташкил медиҳад. Аз ин шумора 27 ятими кул дар хобгоҳҳо ройгон истиқомат мекунанд, ғайр аз донишҷӯёни соли 1-ум, ки ҳанӯз шумораиятимон маълум нест. Хобгоҳи №8 бошад, 83 ҳуҷра дорад ва мо 392 донишҷӯро бо ҷои зист таъмин карда метавонем. Барои омӯзгорон 36 ҳуҷра ҷудо шудааст.

Илҳоми АБДУЛЛО


 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj