• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ




Ёлбарс  Бекчаев,
мудири кафедраи Забонҳои шарқ,
саромӯзгор
тел: (992) 918-88-62-83;
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Бекчаев Ёлбарс Ҷумадурдиевич, миллаташ туркмен, 16-уми ноябри соли 1983 дар кучаи Москва, ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2000 ба факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев дохил шуда, онро соли 2005 бо ихтисоси «Омӯзгори забони англисӣ» хатм намудааст.

Аз соли 2005 то ҳол дар вазифаҳои ассистенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, омӯзгори калони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, муовини декан оид ба илми факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият мекунад. Соли 2011 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, онро соли 2014 хатм кард ва айни замон рисолаи номзадиаш дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Оиладор. Соҳиби 2 фарзанд.

Маълумот дар бораи ҷои кор:

Сана

Вазифаи ишғолнамуда

1

2000-2005

Донишҷӯи Донишгохи  давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев (Садриддин Айнӣ)

2

2005 – 2007

Ассистенти кафедраи услубшиносӣ ва назарияи тарҷумаи факултети забони англисӣ

3

2008-2013

Ассистенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ

4

2011 - 2014

Аспиранти шуъбаи рӯзонаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

5

2014- 2016

Саромӯзгори кафедраи «Забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ»

6

2015- 2016

Муовини декан оид ба илми факултети забони англисӣ

7

2016- то ҳол

Мудири кафедраи «Забонҳои шарқ»-и факултети забони англисӣ

 

КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ ШАРҚ

Кафедраи забонҳои шарқ  ҷавонтарин кафедраи факултети забони англисӣ ба ҳисоб меравад. Чунки ин кафедра, кафедраи навтаъсис мебошад. Ин кафедра забони кореягӣ ва забони хитоиро дарбар мегирад. Соли 2005 дар назди факултети забони англисии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ихтисоси забони кореягӣ, соли 2013 ихтисоси забони хитоӣ кушода шуд. То соли равон ин ду ихтисос ба уҳдаи кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ вогузор шуда буданд. Дарси забони кореягиро омӯзгорони соҳибзабон Лариса Хен, Ким Чин Хиёнг мебурданд. Дар як муддати кӯтоҳ ин ихтисосҳо дар донишгоҳамон ба яке аз ихтисосҳои серталаб табдил ёфта ва сафи донишҷӯён ба ин ихтисос сол то сол зиёд гардид. Аз ин лиҳоз, аз 1-уми сентябри соли 2016 бо пешниҳоди садорати факултети забони англисӣ кафедраи забонҳои шарқ таъсис ёфт. Айни замон дар кафедраи мазкур омӯзгорони соҳибзабон ва соҳибтаҷриба фаъолият мекунанд. Дар кафедра 11 нафар омӯзгорон кор мекунанд. Аз ин 4 нафар омӯзгорони маҳаллӣ ва 7 нафар хориҷӣ мебошанд. Дарсҳои забони хитоӣ ба омӯзгорон аз Чин Тиен Ху, Ҷанг Лей, Янг Ҷи Хонг ва дарсҳои забони кореягӣ ба омӯзгорон аз Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ Ким Юнг Вон, Канг Сок Йонг, Парк Йе Юнг, Чо Ҷун Хо вогузор гардиданд.  Садорати факултети забони англисӣ ва кафедраи забонҳои шарқ бо сафоратхонаҳои Кореяи Ҷанубӣ ва сафоратхонаҳои Ҷумҳурии Мардуми Чин дар Тоҷикистон ва яке аз фаъолтарин маркази таълимии забони хитоӣ «Конфутсий» дар Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ҳар сол омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли факултет дар барномаҳои гуногуни таълимӣ имтихон супорида, дар донишгоҳу донишкодаҳои Ҷумҳурии Мардуми Чин, Кореяи Ҷанубӣ хонда донишу малакаи забондонии худро сайкал медиҳанд.  Роҳбарии кафедра  ба души саромӯзгор Бекчаев Ёлбарс Ҷумадурдиевич вогузор шудааст.

 

Омӯзгорон






Дилхо Шодмонова
ассистент
Тел: (+992)918-93-81-47
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Ғайрат Шакарбеков
асситент
Тел: (+992)501-00-42-03
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Янг Ҷи Ҷонг
асситент
Тел: (+992)93-320-37-20
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Ҷанг  Лей
асситент
Тел: (+992)93-586-66-16
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Сарна
асситент
Тел: (+992)93-888-23-37
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript












Ким Юнг Вон
асситент
Тел: (+992)93-593-56-28
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Пак Йэ Цонг
асситент
Тел: (+992)901-03-48-47
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Канг Сок Цонг
асситент
Тел: (+992)919-50-01-36
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript












Чо Ҷун Хо
асситент
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript












Дададжонова  Шабнам
лобарант
Тел: (+992)907-98-93-44
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru