• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ҳифзи саломатӣ беҳтар аз муолиҷа

Барои ташвиқи тарзи ҳаёти солим, пешгирии касалиҳои гуногун ва солимгардонии ҷомеа вохӯрии донишҷӯён бо табиб ва рӯҳшинос Муллозуҳур Тоҳирӣ 12-уми октябр баргузор гардид. Табиб ба донишҷӯён барои солим нигоҳ доштани ҷисм маслиҳатҳои муфид дод. Аз ҷумла, қайд кард, ки муҳофизати бадан аз касалиҳо беҳтар аст аз муолиҷа. Барои ин, ҳар нафар ба саломатии худ бояд диққати ҷиддӣ диҳад, то беморӣ ба ҷисмаш роҳ наёбад. Инсонро на табиб, балки худаш табобат мекунад. Ҳатто, касалии саратон, ки имрӯз табибон онро бедармон арзёбӣ мекунанд, табобатшаванда аст. Аз ҳама роҳҳои одӣ ва осони эмин мондан аз беморӣ инҳоянд:

- нӯшидани об на камтар аз се литр дар як шабонарӯз (агар оби чашма бошад, беҳтар);

- ҳар рӯз ақалан як маротиба оббозӣ кардан;

- шустани рӯдаҳо ҳафтае як маротиба (бо роҳи клизма);

- бештар истеъмол намудани сабзавоту мева.

Истеъмоли оби зиёд гардиши хунро дар рагҳо муътадил ва қабули ҳаммом нафаскашии пӯстро таъмин мегардонад. Ҳангоми шустани рӯдаҳо кирмҳои рӯда, ки ангезандаҳои асосии касалиҳои гуногунанд, нест мешаванд ва истеъмоли сабзавоту меваҳо ҷисмро бо моддаҳои зарурии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин месозад.

Дар фарҷоми суҳбат Муллозуҳур Тоҳирӣ чанд машқро, ки барои кори муътадили организм мусоидат мекунанд, ба донишҷӯён тавсия дод.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj