• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Мулоқоти сафир бо донишҷӯён

12-уми октябр вохӯрии донишҷӯёни туркман бо сафири Туркманистон дар Тоҷикистон Перман Бердиев ва намояндаи ин сафорат Сердар Аманов доир шуд. Дар оғоз муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Розия Абдуллоева аз рафти давомоти донишҷӯён маълумот дод.

Мавсуф қайд кард, ки баъзе аз донишҷӯён либоси дар низомнома нишондодашударо риоя намекунанд, ба дарс дер меоянд, дарсшиканӣ мекунанд ва ҳатто, бо нозирони тартиботи назди даромадгоҳ дағалӣ мекунанд.

Дар донишгоҳи мо ҳама шароитҳо барои хондан муҳайёанд.  Китобхонаи электронӣ, толорҳо барои футбол ва волейбол, маҳфилҳои рақсӣ ва навозандагӣ омодаанд барои шавқовар гузаштани давраи донишҷӯӣ хизмат расонанд. Мо ҳамеша тайёрем, ки мушкилоти онҳоро ҳал намоем ва кумак расонем.

Перман Бердиев донишҷӯёнро ба иҷрои дастуру супоришҳои раёсати донишгоҳ даъват намуда, таъкид кард, ки онҳо дар Тоҷикистон миллати туркманро муаррифӣ менамоянд ва бояд бикӯшанд, ки ахлоқи ҳамида дошта бошанд.

И.Қосимов

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj