• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ

Дар заминаи факултети табиатшиносӣ-география аз 1 сентябри соли 1957  шӯъбаҳои «география-биология», «химия-биология ва «география» кушода шуд.

Соли 1964 бо иқдоми собик ректори донишгоҳ профессор Шукуров О.Ш. барои  факултет бо саҳми донишҷӯён ва омӯзгорон  дар  дараи зебоманзараи Ромит маркази таҷрибаомӯзии саҳроӣ, ташкил карда шудааст. Ин лаборатория на фақат ҷои гузаронидани таҷрибаи саҳроӣ, балки  маркази асосии тадқиқоти илмӣ доир ба иҷрои корҳои курсӣ,  рисолаҳои хатм ва номзадӣ ба ҳисоб меравад. Дар кори ободонии ин маркази тадқиқотии илмӣ хизмати донишҷӯён ва устодони факултети биология Олимов Ғ.Я., Ширяева Н.Г., Қаюмов Ю.Б., Валиев А.И., Ивантсова Л.В. ва дигарон хеле калон аст.

Бо фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.08.1976 таҳти рақами  №112 бо мақсади баланд бардоштани сифати тайёр кардани мутахасисҳо  факултети табиатшиносӣ-география  ба факултетҳои «биология-химия» ва «география-биология» ҷудо карда шуданд.

Аз 1 сентябри соли 1976 то моҳи июли 1979 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Зубайдов У.З. иҷро карда, дар соҳаи ҷо ба ҷо кардан ва тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар факултет саҳми босазо гузоштааст

Аз 26 июни соли 1980 то 1 апрели 1994 вазифаи декани факултетро н.и.б., дотсент Маҳмадзиёев А.М. ба ӯҳда дошт. Аз моҳи сентябри соли 1980 то сентябри соли 1990 факултети биология-химия базаи гузаронидани олимпиадаи умумиитифоқии донишгоҳҳои омӯзгорӣ оид ба ихтисоси биология ва химия интихоб шуда буд.

Аз моҳи апрели соли 1994 то моҳи октябри 1997 вазифаи декани факултет ба зиммаи н.и.б., дотсент, Тураев А.К. ва аз моҳи ноябри соли 1997 то декабри соли 1998 ба ӯҳдаи д.и.х., профессор Солиев Л.С. гузошта шуда буд.

Бо фармони  Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4.01.1998 таҳти рақами №02-02  ва  фармони ректори ДДОТ №4а _ ОД аз 20  январи  соли 1998 дар заминаи факултети «биология ва химия»  факултетҳои  мустақили «Химия» ва «Биология» кушода шуд.

Вазифаи декани факултети биологияро аз 20 январи соли 1998  то 19 январи соли 2009 д.и.б. Сатторов Т.С., ба ӯҳда дошт. Аз  20 январи соли 2009  бошад, он вазифаро  д.и.б. Раҳимов С. ва аз январи соли 2013  дотсент  К.А.Баротов  иҷро карда истодааст.

Факултет шӯъбаҳои  рӯзона ва ғоибона дошта, дар он 4 кафедра:  зоология, ботаника, биологияи умумӣ ва  методикаи таълимӣ биология ва  анатомия ва физиология  фаъолият менамояд.

Ҳоло дар факултет (дар шӯъбаи рузона ва ғоибона) зиёда аз 1300 нафар донишҷӯён ва 15-нафар магистрон аз ҷумҳурӣ ва берун аз он таҳсил мекунанд. Дар шӯъбаи рӯзона ва ғоибона 124 донишҷӯёни хориҷӣ аз ҷумҳурии Туркманистон, Қазоқистон, Афғонистон, Узбекистон таҳсил менамоянд.

Дар факултет 1 доктор, 3 дотсент, 3 муаллими калон,10 ассистент, 4 лаборант, 1 мудири музей, 1 коркуни кабинети фаннӣ, 1 коргузори факултет  ва 1 коргузори шӯъбаи ғоибона  бо таълиму тарбияи донишҷӯён  машғуланд. Барои бо кадрҳои баландихтисос таъмин кардани факултет АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон, Украина  ва  Донишгоҳҳои шаҳрҳои Санкт-Петербург, Москва, Киев ва ғайра ҳиссаи арзандаи худро гузоштаанд.

Дар факултет ба иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад. Мавзӯи корҳои илмии устодон ба хоҷагии халқ ва истеҳсолот вобаста буда, якҷоя бо пажӯҳишгоҳҳои АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта мешаванд. Дар факултет корҳои илмӣ-тадқиқотии шартномавӣ ва супоришӣ иҷро карда мешавад.

Донишҷӯёни факултет ҳар сол дар озмуни ҷумҳуриявӣ иштирок карда, сазовори ҷойи  якум, дуюм ва сеюм мегарданд. Дар факултет ҳар сол ҷорабиниҳо дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд.

Дар факултет осорхонаи зоологӣ ташкил карда шудааст, ки яке аз осорхонаи беҳтарин дар байни донишгоҳҳои ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Дар факултет ихтисосҳои биология (1.02.04.01), биология-экология (1.33.01.01), биология-химия (1.02.04.-4.01) ва биохимияи тиббӣ( 1.02.04.01) фаъолият мекунанд.

Устодони факултет Сатторов Т.С., Маҳмадзиё­ев А., Султонов С., Савлатов С., Қосимова X.Н., Ғайратов М.,, Баротов К.А., Шарипов М.,Ваҳобов А. ва дигарон муаллифи китобҳои дарсӣ (аз фанҳои зоология, ботаника, биологияи умуми, ҷаниншиносӣ, ҳалли масъалаҳои биологӣ, генетика, МТБ) барои донишҷу­ён ва мактабҳои миёна ба шумор мераванд. Барои баланд бардоштани сифати таҷрибаомӯзии омӯзгорӣ бо мактаб-гимназияи №9 ва мактаби №34 ва №53-и ш. Душанбе шартнома баста шудааст ва онҳо мактаби базавии факултет ба шумор мераванд.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru