• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Хизматҳои беназир ва безаволи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати куҳанбунёди тоҷик

Андешаҳои деканони факултаҳои донишгоҳ пиромуни ин мавзӯъ

 

Амриддин Самиев, декани факултаи география, номзади илмҳои география, дотсент:

- Хизмати Президенти ҷумҳурии мо барои барқарор кардани сулҳу ваҳдат дар ҷаҳон назир надорад. Ҳамарӯза мо тариқи ВАО дида истодаем, ки дар дигар мамолики ҷаҳон ҷангу муноқишаҳо давом доранд ва аҳолии он кишварҳо чӣ гуна машаққатҳо доранд. Сарвари давлати мо тавонист, ки дар муддати кӯтоҳ ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшида, сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистон пойдор гардонад.

 

Аъзам Байдуллоев, декани факултаи забони англисӣ, дотсент:

- Саҳми Президенти ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳои кишвар назаррас ва намуна барои насли наврас мебошад. Ҳар як ташаббуси пешгирифтаи ӯ дар дилхоҳ самт таконе ба он соҳа мебошад. Сар карда аз ба эътидол овардани вазъи сиёсии мамлакат дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки вобаста аз вазъи ниҳоят хатарноки ҳамонвақта, ки  на ҳама омода буданд чун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар сина сипар карда, баҳри беҳбудии Ватани дар оташи ҷанг қарордошта  масъулиятро ба дӯш гирифта, дар самти хомӯш кардани он кӯшиш ба харҷ диҳанд. Ин дар ҳоле буд, ки аллакай берун аз сарҳади Тоҷикистон душманони миллат дар сар нақшаи тақсим кардани Тоҷикистони тозаистиқлолро доштанд.

Бо хости Худо, ба мардуми Тоҷикистон фарзанди ҷасур ва ҷонфидои кишвар Эмомалӣ Раҳмон чун роҳбар интихоб шуд, ки масъулиятро ба дӯш гирифта, барои хомӯш кардани ҷанг, бо озуқа таъмин кардани шаҳрвандон, (дар он марҳила чандин одамон дар минтақаҳои гуногун, аз ҷумла, дар пойтахт аз гуруснагӣ ба ҳалокат мерасиданд) баргардондани гурезагон аз хоки кишвари ҳамсоя-Афѓонистон, ки ниҳоят азоби сахт доштанд ба хонаҳои худ, ба кор таъмин кардани шаҳрвандон, манъ кардани мақсадҳои нодуруст ва қасосгирона дар байни гурӯҳҳои мухталиф,  кӯшиш карда, дар ҳама ҳолат қонунҳои ободкорона ва ба сулҳ даъваткунанадаро қабул мекарданд.  Дар самти барҳам задани сатҳи камбизоатӣ ва аз гуруснагӣ раҳо кардани мардуми кишвар ба мардум додани беш аз 50000 гектар замин барои кишти гандум ва зироатҳои донагӣ иқдомотеанд, ки барои қарор қабул кардани чунин ташаббусҳо танҳо ҷонфидои миллат қодир аст. Бо амалҳои неки худ ба монанди маротибаҳои зиёд қабул кардани қонуни авф ба онҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҷиноят содир кардаанд ва дигар ташаббусҳои ободкорона ва созанда, Пешвои миллат тавонист ба дили ҳар як фарди тоҷик ҷой гирад. Чун ваъдаи аввалинаш ки дар иҷлосияи 16 иброз доштанд «Ман ба Шумо сулҳ меорам» бояд иқрор шуд, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин ҳам дида зиёд ба мардум ва кишвари хеш хизматҳо кардаанд.

 

Аҳмадхон Муродов, декани факултаи таърих, номзади илмҳои таърих, дотсент:

-Аллакай аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда (ҳанӯз дар давраи депутати Шӯрои Олӣ буданаш), Президенти кишвар андешаҳои хешро доир ба ободии кишвар озодона баён мекарданд. Ба ҳайси раиси Шӯрои Олӣ интихоб шудани Эмомалӣ Раҳмон ба даврае рост омад, ки тамоми сохторҳои ҷумҳурӣ фалаҷ шуда буданд, кишвар дар ҳолати парокандагӣ қарор дошт. Ӯ тавонист, ки Тоҷикистонро аз нав эҳё кунад.

 

Камолиддин Баротов, декани факултаи биология, номзади илмҳои биологӣ, дотсент:

- Ба кадом соҳае назар наандозем, дар он саҳми босазои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мебинем. Чи дар соҳаи маорифу тандурустӣ ва чӣ дар соҳаи варзишу сохтмон. Бунёди мактабҳои наву замонавӣ, иншоотҳои баландошёна, нақбу роҳҳо, стансияҳои гидроэнергетикӣ гувоҳи онанд, ки Сарвари давлат ҳамаҷониба баҳри обод кардани Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо кӯшиш доранд. Таҷлили Рӯзи Президент иқдоми наҷибест, ки аз имсол ва баъд ҷашн гирифта мешавад. Хизматҳои ӯ барои миллату Ватан бемисланд ва эҳтиромаш барои ҳар як фарди тоҷик фарз аст.

 

Мунира Обидова, декани факултаи психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент:

- Ҷашн гирифтани Рӯзи Президент мисли Рӯзи Истиқлолият ва Рӯзи Парчам муҳим аст. Ин дар тафаккури насли наврас замина мегузорад, то донанд, ки барои расидан ба сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар аз кӣ миннатдор бошанд. Сарвари давлат ба ташаккули фикрронии насли наврас таваҷҷуҳи зиёд доранд. Бунёди кӯдакистонҳои давлативу хусусӣ далели гуфтаҳои болоанд. Худашон шахсан дар арафаи идҳо аз хонаинтернатҳо дидан намуда, ба ятимону бепарасторон дасти ёрдароз мекунанд, ки ин аз хислатҳои наҷиби инсонист.

 

Абдушукур Ғаффоров, декани факултаи таҳсилоти томактабӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент:

-Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бунёди давлати навини тоҷикон нақши басо бузург дорад. Ваҳдате, ки ӯ барои тоҷикон овард, дар тӯли қарнҳо фаромӯш нахоҳад гашт ва барои кишварҳои дигар сабақи хубест. Таҷлили Рӯзи Президент амали хайрест, ки шурӯъ аз соли ҷорӣ ба нақша гирифта шудааст, то наслҳои оянда қаҳрамонии ин абармарди фозилу доно, ҷасуру неруманд ва миллатдӯсту меҳанпарастро фаромӯш насозанд.

 

Файзигул Шарипова, декани факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи маориф, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент:

-Асоситарин стратегияи миллии рушди Тоҷикистон гузаштан аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ ба истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ бо ѓизои хушсифат мебошанд.

Президенти кишвар кӯшиш бар он доранд, ки шароити боз ҳам хубтару беҳтар барои зиндагии мардуми Тоҷикистон муҳайё намоянд ва месазад, ки ба чунин шахсият эҳтиром қоил шуд ва арҷгузорӣ намуд.

 

Сафар Латифов, декани факултаи математика, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент:

-Хизматҳои Сарвари давлат барои миллату Ватан беҳадду ҳисобанд. Як худи аз минбари СММ соли 2005-2015-ро «Соли оби тоза» эълон намудан, ки тамоми давлатҳо инро эътироф намуданд, барои Тоҷикистон ному шараф овард. Ғайр аз ин, шомил шудан ба узвияти давлатҳои панҷгонаи Шанхай обрӯву нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ афзуд. Аз минбари баланди Созмони милали муттаҳид бо забони тоҷикӣ сухан кардани Президент ҳам нишонаи ватандӯстиву ҳувияти миллии ӯст.

 

Маҳмадалӣ Маҳмадаминов, декани факултаи химия, муаллими калон:

-Таҷлили Рӯзи Президент танҳо иди Президент набуда, балки иди тамоми мардуми тоҷик аст. Зеро барҳам задани ҷанги гражданӣ дар муддати кӯтоҳ ин худ қаҳрамонист. Ба ҳам овардани миллат, ки гурезагон бовар надоштанд дубора Ватани худро бинанд, аз ҳар гуна таҳсину офарин болост. Ин ба миллате муяссар мегардад, ки назари Худо бо онҳост. Тавре шоир мефармояд:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад.

Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

 

Ҳобилҷон Зикиров, декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент:

-Нақш ва ҷойгоҳи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барқарор намудани сулҳ ва эҳёи арзишҳои миллӣ хеле бузург аст. Маҳз ин шахсияти бузурги таърихӣ буд, ки мафҳуми сулҳро ҳамчун вожаи муқаддас дар қалби мардум ҷой намуд. Принсипҳои ҷомеаи демократиро дар низоми нави давлатдории мо татбиқ кард.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj