• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Викторина дар факултаи таърих

Бахшида ба 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон садорати факултаи таърих байни донишҷӯёни соли 1-ум викторинаи байнигурӯҳӣ доир намуд.

Нахуст муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Толибшо Наҷмиддинов суханронӣ намуда, қайд кард, ки Конститутсия ҳуҷҷати муътабару муътамади тақдирсози миллат ба шумор рафта, барои сулҳу салоҳ ва ба

ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид ва ҳамчун ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумораи панҷ Конститутсияи беҳтарини Давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҷой гирифтааст.

 

Ҳайати ҳакамон аз донишҷӯёни соли 4-уми ҳамин факулта интихоб гардид. Дар викторина чор гурӯҳи курси як бо номҳои «Дониш», «Истиқлол», «Ваҳдат» ва «Адолат» байни худ рақобат доштанд. Шарти аввали озмун саволномаҳои хаттӣ, шарти дуюм 20 саволи тестӣ, шарти сеюм саволномаҳои шифоҳӣ ва шарти ниҳоӣ саволҳо байни дастаҳо буд. Сабқат бо пирӯзии гурӯҳи «Дониш», ки ҳайати он аз донишҷӯёни гурӯҳи «А» иборат буд, анҷом ёфт. Ба дастаи ғолиб ва дигар ширкаткунандагон ифтихорнома тақдим гардид.

Фарзона Турсунова,

донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj