• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Фалсафаи илм» рӯнамоӣ шуд

Китоби «Фалсафаи илм», ки омӯзгорони кафедраи фалсафаи донишгоҳ Р.Назариев ва Б.Самиев таълиф намудаанд, 9-уми ноябр рӯнамоӣ гардид. Дар расми ифтитоҳи ҳамоиш мудири кафедраи мазкур Шоҳназар Бердиев доир ба китоб маълумоти муфассал дода, зикр кард, ки илми фалсафа дар ҷомеа то асри XVIII мавқеи назаррас дошт. Дар асри XVIII файласуфи немис Огюст Конт илми нав –сотсиологияро пешниҳод намуд, ки он ҳам ба ҷомеашиносӣ алоқаманд аст.

Сипас, декани факултаи забонҳои романӣ-германӣ, номзади илмҳои фалсафа, дотсент Ҳобилҷон Зикиров рӯи чоп омадани ин китобро падидаи нав дар ҷаҳони маънавии илми тоҷик арзёбӣ намуд. Мавсуф қайд кард, ки навиштани китоб кори саҳлу сода нест ва заҳмати муаллифон шоистаи қадрдонист. Р.Назариев дар Амрико навиштани китобро оғоз карда, барои мукаммалнамоии он адабиёти зиёдеро мутолиа намудааст. Дар китоб аз ихтирооти мутафаккирони Шарқ сухан меравад. Гарчанде дар ҷаҳони имрӯза технологияи Ғарб хеле пешрафта аст, вале дар ин китоб исбот шудааст, ки ҳама ихтирооти онҳо аз китобҳои мутафаккирони Шарқ сарчашма мегиранд. Сохтани қулфҳои рамзӣ, коғаз аз чӯбро аввалин бор олимони Шарқ кашф кардаанд. Надонистани фалсафа моҳияти асосии зиндагиро барои мо торик нигоҳ медорад. Файласуфи немис Лейбнис гуфтааст: «Сатҳӣ омӯхтани фалсафа инсонро ба куфр мебарад ва амиқ омӯхтани он инсонро ба Худо наздик мекунад».

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj