• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Машқи пагоҳирӯзӣ дар донишгоҳ

Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ субҳи 16-уми ноябр бо иштироки донишҷӯён аз хобгоҳҳои 2, 3, 6 ва 7 машқи пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд. Мақсади асосӣ аз баргузор намудани машқҳои пагоҳирӯзӣ тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни донишҷӯён ва ҷалби бештари онҳо ба варзиш мебошад.

Тавре медонем, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯстдори

варзиш мебошанд ва пайваста дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ иштирок менамоянд. Варзишгарони кишварамонро, ки парчамбардорони Ватан мебошанд, пайваста дастгирӣ мекунанд. Баргузор намудани машқи пагоҳирӯзӣ низ дар пайравӣ ба таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба варзиш аз тарафи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ба роҳ монда шуд.

 

Дар машқи пагоҳирӯзӣ мудири кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Т.Намозов, устодони ин кафедра Ҳ.Шамсиддинов ва М.Гадоев бо донишҷӯён зиёда аз 8 намуди машқи сабукро иҷро намуданд.

Зарринаи Ғайрат

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj