• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

«Гулистон»-гулбоғи дониш

Муаррифии силсилакитобҳое, ки дар матбааи донишгоҳ рӯи чоп омадаанд, идома дорад. 11-уми ноябр дар донишгоҳ муаррифии китоби «Гулистон»-и Саъдии Шерозӣ баргузор гардид. Конфронсро забоншинос Давлатбек Хоҷаев оғоз бахшида, қайд намуд, ки китоби «Гулистон» яке аз пурмазмунтарин осори фикриву ахлоқии тамаддуни башарӣ ба ҳисоб меравад.

Ин китоб дар тӯли садсолаҳо мавқеи худро гум накарда, ҳамоно дастури муфиди роҳнамои башарият боқӣ монда, мавриди истифодаи ҷомеаҳои илмию адабӣ ва ҳавзаҳои ахлоқию тарбиявӣ будааст. Рустами Ваҳҳоб, муҳаррири китоб, зимни ироаи нутқ иброз дошт, ки аз тамоми осори назмиву насрии адабиёти форсию тоҷикӣ маҳз «Гулистон» беш аз ҳама нашр, тарҷума, шарҳ, тафсир ва паҳн шудааст. Чунин шуҳрати оламшумул пайдо кардани «Гулистон» ба он вобастагӣ дорад, ки ин асар бо қавӣ будани ҷанбаи ахлоқии худ чун дастури ахлоқу тарбия шинохта шудааст. Хубии китоб дар он аст, ки мураттиб калима ё ибораҳоеро, ки душворфаҳманд дар поварақ ҷой додааст.

Таҳиягари матн, муаллифи сарсухану тавзеҳот ва шореҳи луғот Боймурод Шарифзода зикр кард, ки ҳамаи китобҳое ки донишгоҳ чоп менамояд, натиҷаи кумаку дастгириҳои ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ аст, ки барои мо, муҳаққиқони соҳаи адабиёт, имкон фароҳам меоранд, ки китобҳои омоданамудаи хешро дар матбааи донишгоҳ ба табъ расонем. Дар ин китоб афкори педагогии Шарқ бо услуб ва сабки марғуб таҷассум ёфтааст. Омехтани насри мусаҷҷаъ бо пораҳои шеърӣ ҳадафҳои ғоявии Саъдиро муассир, олӣ ва нишонрас гардонидаанд.

Фарзона Турсунова,

донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj