• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

ШӮРОИ ОЛИМОН

Тибқи Нақшаи кории Шӯрои олимони донишгоҳ  соли 2016. дар 13 ҷаласаҳои он (2 ҷаласаи ғайринавбатӣ) 53 масъалаҳои асосӣ, аз ҷумла:

- оид ба корҳои таълимию методӣ – 30;

- оид ба корҳои илмию тадқиқотӣ – 8;

- оид ба корҳои иҷтимоию тарбиявӣ – 8;

- оид ба робитаҳои байналилалӣ – 8;

- оид ба корҳои иқтисодию хоҷагидорӣ – 3

ва 61 масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати онҳо қарори дахлдор қабул карда шуд.

Ҳамзамон дар ҷаласаҳои Шӯро масъалаҳо оид ба вазъи татбиқи Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои Мушовараи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадриҷан баррасӣ карда шудааст.

 

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаҳои давлатӣ ва қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

1. Рафти иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти корҳои тарбиявӣ дар сохтор ва зерсохторҳои донишгоҳ.

2. Дар бораи иҷроиши нақшаи чорабинҳои донишгоҳ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълим ва тарбияи фарзанд»

3. Оид ба рафти иҷрои «Барномаи давлатии рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф барои солҳои 2015-2020»

4. Рафти иҷрои Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2016 дар донишгоҳ

5. Оид ба вазъи иҷрори қарори мушовараи Вазорати маориф ва илм аз 28.11.2015, №30/26 «Оид ба тасдиқи Консепсияи таҳияи барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимию методии насли нав аз фанҳои таълимии бахшҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ барои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Дар бораи иҷроиши нақшаи чорабиниҳои донишгоҳ оид ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru