• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАЪРИХИ ФАКУЛТЕТИ ТАЪРИХ

 

Факултети таърих яке аз нахустин бахшҳои  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буда, баробари таъсисёбии донишгоҳ соли 1931 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Борҳо бо дигар факултетҳо аз ҷумла бо филологияи тоҷик, география, педагогика муттахид гардида, вобаста ба он унвонҳои таъриху филология, таъриху география, таъриху педагогика ва ғайра тағийри ном кардааст.

Соли 1978 бо сабаби зиёд гардидани шумораи донишҷӯён факултети таъриху филология ба ду факултети мустақил- таърих ва филологияи тоҷик ҷудо гардид.

Саҳми дастпарварони факултет дар ташаккули низоми маорифи ҷумҳурӣ, тарбия ва ба воя расонидани мутахассисони  соҳаи омӯзгорӣ, мураббиён, кормандони сиёсию ҷамъиятӣ хеле бузӯрг мебошад.

Дастовардҳои факултет, махсусан дар солҳои баъдиҷангӣ (с.1945) хеле назаррасанд. Як зумра даспарварони факултет дар муассисаҳои  илмӣ –тадқиқоти АИ Тоҷикистон, мактабҳои олии ҷумҳурӣ, сохторҳои қудратӣ ба кору фаъолият машғуланд.

Эҳтиёҷи  ҷомеа ба зарурати тайёр намудани мутахассисони баландпоя боиси сол то сол зиёд гардидани сафи донишҷӯёни факултет мегардид. Соли 1931  толибилмони аз Донишгоҳи давлати Осиёи Миёна барои таҳсил ба Донишкадаи омӯзгорӣ (агропедакадемия) омада, 77 нафарашон дар шӯъбаи таъриху иқтисодиёт таҳсилро идома дода буданд. Ин нишондод сол то сол зиёд мешуд. Теъдоди донишҷӯён дар соли таҳсили 2008-2009 зиёда аз 1100  нафарро ташкил дод, ки аз ин 544 нафарашон муҳассилини  шӯъбаи рӯзонаанд.

Дар доираи илмиву фарҳангии ҷумҳурӣ ва хориҷи он номи олимони шинохта, дастпарварон ва устодони факултет, академики АИ ИҶШС Б. Ғафуров, академики АИ педагогии ИҶШС М.Э. Эркаев, академикҳои АИ Тоҷикистон Б. Искандаров, А.М. Мухторов, Р. Масов, А. Баҳовиддинов, узви вобастаи АИ Тоҷикистон Р.Ю. Юсуфбеков, докторҳои илм, профессорон М. Р. Шукуров, О. Р. Маҷлисов, М.Н. Назаршоев, Н.М. Акрамов, Т.Г.Тухтаметов, Т.Р.Каримов, Ҳ. Пирумшоев маълуму машҳуранд.

Махсусан, Б.Ғафуров ва Б.И.Искандаров дар пешрафти илмиву ташаккули факултет хизмати калон кардаанд. Академик Б, Ғафуров дар баробари тайёр намудани мутахассисон ва саҳмгузорӣ дар инкишофи факултет соли таҳсили 1939-1940 барои  шогирдони факултет аз фанни таърихи халқҳои ИҶШС дарс гуфтаанд. Б.И.Искандаров чун омӯзгор дар пешрафти илмиву методии он ҳиссаи бузург дорад ва ӯ на танҳо дар солҳои мушкили баъдиҷангӣ, инчунин дар давраи сарвари Пажӯҳишгоҳи таъриху бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ буданаш низ ба ин факултет ҳамкории доимӣ дошт.

Факултети таърих, асосан, аз рӯи ихтисоси муаллими   таърих ва ҳуқуқ мутахассис тайёр мекунад. Аввалин кафедра таърихи ИҶШС соли 1935 ташкил ёфта буд. Ҳоло дар факултет чор кафедра-таърихи халқи тоҷик, таърихи умумӣ, ҳуқуқ, методикаи таълими  таърих ва ҳуқуқ амал мекунанд, ки сарварии онҳоро устодони варзида, Н. Убайдуллоев, С. Сайнаков, Ф. Давлатов ва М. Каримов ба ӯҳда доранд.

Донишҷӯён аз устодони соҳибтаҷриба, докторҳои илм Ҳ. Пирумшоев, М.Ҳ. Маликов, С. Муҳиддинов, А. Саидов, Ҳамза Камол, номзадҳои илм, дотсентон, Н.Давлатбеков,Н. Убайдуллоев, А.Муродов, А.Ҳусайнов, М.Фозилова, Л.Қаландарова М.Шарофова, С.Сайнаков, М.Каримов, Ф.Давлатов, М.Ганҷакова, Н.Шарипов,  муаллимони калон Ғ.Роҳатов, Ғ.Гадоев, Ҳ.Шафаков, Д.Неъматов, Ё.Исмоилов, Т.Наҷмуддинов, Б.Ҳомидов, М.Бобоева, Ф.Мирзоев, А. Мусоев, омӯзгорони ҷавон ва аспирантҳо Д.Маҳмудов, Н.Зарипов, Ш. Ҷонмуродов, М.Азимов, М.Ёров, А.Исмоилов, Р.Бадавлатова, Раҳимзода Дилноза, Мараҷабова У, Толипова С, ва дигарон сабақи  илму  зиндагӣ мегиранд.

Дар рушди бемайлони факултет саҳми сарварони он низ арзанда аст. Солҳои гуногун декани факултетро М.Ҷ. Хонсуварова, О.Р. Маҷлисов, Т. Умаров, Х. Ҳамроқулов, Н. Сангинов, М. Шерғозиев, Ҳ. Пирумшоев, С. Нарзуллоев, Н, Давлатбеков, А. Каримов, Ҷ. Файзалиев, Н. Убайдуллоев ба ӯҳда доштанд. Аълон, декани факултет номзади илми таърих, дотсент А. Муродов  мебошад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru