• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Семинари илмӣ бо ибтикори донишҷӯён

Бахшида ба Рӯзи Парчам дар факултаи таърих 23-юми ноябр бо ибтикори донишҷӯён семинари илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Декани факултаи мазкур, номзади илмҳои таърих А.Муродов ҷамъомадро ифтитоҳ бахшида, ташаббускории муҳассилинро қобили дастгирӣ ва сазовори таҳсин донист. Ӯ қайд кард, ки мо ҳамчун донандаи таърихи куҳани миллати хеш дар баргузории чорабиниҳо и таърихӣ бояд пешсаф бошем.

Сипас, дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷик Ғайратшо Роҳатов ва муаллими калон Давлатшоҳ Маҳмудов дар бораи таърихи давлатдории тоҷикон, аз ҷумла, парчам ва аҳмияти таърихии он маърӯза намуданд. Дотсенти ҳамин кафедра Мақсуда Фозилова слайдеро, ки ба таърихи парчам ва қабули он, рӯзҳои сангини халқи тоҷик бахшида шуда буд,  намоиш дод.

Аз тарафи донишҷӯён дар васфи Ватан ва Парчам шеърҳо қироат шуд ва донишҷӯён бо сурудҳои дилнишин табъи ҳозиринро шод гардониданд.

Муҳаммад Даминов, донишҷӯи соли 2-юми факултаи таърих

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj