• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дарси кушод ба муносибати Рӯзи парчам

Донишҷӯёни соли 1-уми факултаи иқтисодиёт ва идоракунӣ дар соҳаи  маориф 24-уми ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ дарси кушод созмон доданд. Дар оғоз муҳассилин бо забонҳои гуногун парчамро васф намуда, зикр карданд, ки парчам як пораи матоъ набуда, балки рамзи муттаҳидии миллати тамаддунофари тоҷик, рамзи ватандӯстию ҷоннисориҳои мардум ва ифтихори мост.

Дар идома донишҷӯён дар бораи Ватан, Ваҳдат ва Парчам шеърҳо қироат намуданд. Намоиши филми ҳуҷҷатии насби Парчами миллӣ дарсро боз ҳам шавқовар кард.

Абдуғаффор Наҷмиддинов, муовини декан оид ба таълими факултаи мазкур, ин иқдоми донишҷӯёнро ситоиш намуда, таъкид кард, ки чунин дарсҳо дар факулта бояд бештар баргузор шаванд.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj