• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Филологияи Эрон-эҳёгари тамаддуни бостон

Бо ташаббуси факултаи филологияи тоҷик 27- уми ноябр бо иштироки донишмандон Ғаффор Ҷӯраев, Зайниддин Мухторов ва Дилмурод Ҳомидов китоби тозанашри «Муқаддимаи филологияи эронӣ» муаррифӣ гардид. Лозим ба тазаккур аст, ки муаллифи китоби мазкур мудири кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Азиз Мирбобоев мебошад.

Ҳамоишро декани факулта Б.Шарифзода оғоз бахшида, қайд кард, ки  «Муқаддимаи филологияи эронӣ» як қисми таркибии филология буда, забонҳои эронӣ ва осори хаттию шифоҳии ба ин забон сабтгардидаро дар алоқамандӣ бо таърихи ҷомеаи эронӣ мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор медиҳад. Мавзӯъ ва ҳадафи асосии  ин китоб таҳқиқи тамоми осори адабию илмӣ ва фарҳангии мутааллиқ ба забонҳои эронӣ мебошад.

Профессор Ғаффор Ҷӯраев зикр кард, филологияи эронӣ илмест, ки ба навиштаҷоти дуюнимҳазорсола сару кор дорад, ки дар давраҳои гуногуни инкишофи таърихи халқҳои эронитабор ва тамаддуни эронӣ эҷод гардидаанд. Бинобар ин, ба мутахассиси филологияи эронӣ зарур аст, ки бевосита ба таърихи халқҳои эронинажод, хусусан, ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии давроне, ки асар дар он эҷод шудааст, рӯй оварад то ба мазмуну мундариҷаи осори бозмондаи онҳо, ки дар шароит ва муҳити таърихӣ эҷод шудаанд, ошноии комил пайдо кунад. Аз ин лиҳоз, китобе, ки алъон дар даст дорем, китоби сода нест. Муаллиф кӯшида, ки ба мероси хаттӣ ё шифоҳии эрониён, ки маҳсули давраи таърихист, ошноӣ пайдо кунад.

Дар фарҷом Азиз Мирбобоев гуфт, ки нахустин таваҷҷуҳ ба забонҳои эронӣ ва осори мансуб ба онҳо ҳанӯз дар даврони тоисломӣ шурӯъ гардида буд, ки минбаъд барои оғози таҳқиқоти системавӣ ва илмии онҳо ва ташаккули эроншиносӣ ҳамчун як соҳаи мустақили илм ба сифати заминаи илмӣ хидмат кард.

Фарзона Турсунова, донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj