• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Викторина дар факултаи математика

7 декабр дар мавзӯи «Муқаддасоти Ватан» дар факултаи математика викторинаи байнигурӯҳӣ гузаронида шуд. Озмунро раиси иттифоқи касабаи донишҷӯёни факулта Раҷаббек Авезов оғоз бахшида, аъзои ҳакамон-мудири шуъбаи тарбия Қобилҷон Иброҳимов, устоди факулта Б.Ҳасанов ва Қ. Норовро муаррифӣ намуд.

Р.Авезов қайд кард, ки парчаму парчамдорӣ яке аз суннатҳоест, ки мамлакатҳову кишварҳои гуногуни олам онро гиромӣ медоштанд ва ҳамчун рамзи асолату ҳувияти худ ба он арҷ мегузоштанд. Сипас, шартҳои озмунро ба донишҷӯён баён намуд. Шарти аввали озмун шифоҳӣ буда, ба ҳар як донишҷӯ ду саволӣ пешниҳод карда шуд. Ба ҳар як посухи дуруст панҷбалӣ гузошта шуд. Шарти дуюми озмун саволномаҳои иловагӣ ба шумор мерафт.

Дар охир Муаттар Пӯлодова ба ҷои якум, Хиромон Шарифова ба ҷои дуюм ва Матлуба Мустафоқулова ба ҷои сеюмро сазовор дониста шуданд ва бо ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Фарзона Турсунова, донишҷӯи соли 2-юми факултаи филологияи тоҷик

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj