• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ба даст овар диле, гар метавонӣ

Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ҳидоят ба корҳои неки ҷамъиятӣ, муҳаббат ба ватани худ ва болидарӯҳии хонандагон дар арафаи Соли нави мелодӣ донишҷӯёни соли 2-юми факултаи забон ва адабиёти рус дар ҳузури хонандагони мактаби махсуси кӯдакони душвортарбияи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе чорабинии хотирмон гузарониданд.

Ҳусния Солиева чорабиниро ҳусни оғоз бахшид. Дар

идомаи ҷамъомад Ботирҷон Дӯстмуродов бо хонандагон доир ба пешравӣ ва муваффақиятҳои ҷумҳурӣ, корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ, қаҳрамониҳои фарзандони фарзонаи миллат суҳбат орост. Барои болидарӯҳии хонандагон рақсу сурудҳои дилнишин аз ҷониби донишҷӯён пешкаш гардид.

 

Вориди саҳна гаштани Бобои барфӣ хурсандии хонандагонро афзуд. Онҳо дар васфи Ватан, Соли нав шеъру сурудҳои худро бо як самимияти хоса қироат намуданд.

Дар фарҷом Бобои барфӣ ва донишҷӯён туҳфаҳои солинавиро ба хонандагон супориданд. Дар чорабинӣ донишҷӯён Ҳ.Самиева, Ш.Шариф, Б.Дӯстмуродов, Ш.Мирзозода, У.Самиев, Х.Раҳимов, Ш.Шаҳобова ва Н.Муродова фаъолона иштирок намуданд.

Чорабинӣ бо пешниҳоди омӯзгори психология А. Сулаймонова доир шуд ва донишҷӯён ният доранд, ки ҳамкориро бо ин мактаби махсус минбаъд низ идома диҳанд.

Малоҳат Имомова, муаллимаи мактаби мазкур, ба донишҷӯён барои ташкили чунин чорабинии хотирмону хайриявӣ миннатдорӣ баён намуд.

Меҳринисо Бақоева, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултаи забон ва адабиёти рус

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj