• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Шоири маҳбуби дилҳо

Дар байни донишҷӯёни курсиҳои 1, 2 ва 3-и факултаи забон ва адабиёти рус доир ба эҷодиёти шоири маъруфи рус Михаил Юревич Лермонтов озмуни адабӣ баргузор гашт.

Нақле аз мазмуни асарҳои шоир, қироати ифоданок аз ашъори ӯ ва қироати шеъри писандида шартҳои озмун буданд.

Озмун бо роҳбарии узви Кумитаи донишҷӯёни хориҷии мактабҳои олии шаҳри Томск Аброр Наврӯзов ҷараён ёфт. Тибқи баҳогузории доварон Мафтуна Кимсанова, Даря Басанова, Мавлуда Муқимова-донишҷӯёни соли якум ва Мирзода Шаҳром-донишҷӯи соли дуюм соҳиби ҷои аввал гардиданд. Ботирҷон Дӯстмуродов-донишҷӯи соли дуюм ва Муҳаммадшариф Мансуров-донишҷӯи соли сеюм ҷои дуюмро сазовор шуданд. Шоира Шаҳобова, донишҷӯи соли дуюм, ба гирифтани ҷои сеюм мушарраф гашт. Ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо мукофотонида шуданд.

Меҳринисо Бақоева, муовини декан оид ба тарбияи факултаи забон ва адабиёти рус

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj