• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Ёде аз олими барҷаста

Ёде аз олими барҷаста

Бахшида ба 70-солагии Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви вобастаи АИ ҶТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор, собиқ ректори донишгоҳ шодравон Қурбон Расулов дар таълимгоҳ мизи мудаввар доир гардид.

Чорабиниро профессори кафедраи химияи органикӣ ва биологии донишгоҳ С.Бандаев оғоз бахшида, аз зиндагиномаи марҳум ёдовар шуд. Аз ҷумла, қайд кард, ки замони ба Донишгоҳи омӯзгорӣ ректор таъйин шудани Қурбон Расулов дар ҷумҳурӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш нагашта буд. Аз ин рӯ, дар синфхонаҳо дару тирезаҳо шикаста буданду аз бомҳо об мечакид, хазинаи донишгоҳ холӣ буд. Давомоти донишҷӯён суст, муаллимон намерасиданд, бар замми ин, ҳар гоҳ силоҳбадастон омада,  омӯзгоронро таҳдид мекарданд. Дар чунин шароити вазнин Қурбон Расулов корро шурӯъ намуд. Дар давраи фаъолияташ вазъи таълимгоҳро ба эътидол оварда, устодонро ба кор ҷалб кард. 8 факулта ва 10 кафедраи нав кушода шуд, филиали донишгоҳ дар ноҳияи Рашт ба фаъолият оғоз намуд, омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба коллеҷ табдил ёфт ва 14 доктору 19 номзади илм рисолаҳои номзадии худро дар давраи роҳбарии ӯ ҳимоя карданд. Бо ташаббуси мавсуф соли 1996 Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия таъсис дода шуд. Дар соҳаи илм ҳам хизматҳои Қурбон Расулов зиёданд.

Абдусалом Муҳаббатов, профессори кафедраи сиёсатшиносии ДМТ, хислатҳои ҳозирҷавобӣ, ботамкинӣ, дилсӯзӣ ва маҳфилороии собиқ ректорро тавсиф бахшида, манзалати ӯро дар назди роҳбари илмиаш Иван Фролов таъкид кард.

Кароматулло Олимов, академики АИ ҶТ, аз сафараш ба Ҳиндустон бо Қурбон Расулов хотираҳояшро нақл кард. Ҳамчунин, нигаронии мавсуфро аз силоҳдорон ёдовар шуда, суханони ӯро (мо бо онҳо бо силоҳи фалсафа муқовимат мекунем) хотиррасон намуд. Ӯ як мактаби тарбияи ватанпарастӣ барои ҷавонон аст. Аз ин рӯ, донишҷӯёнро бо зиндагиномаи ӯ бояд шинос кард.

Маҳмадулло Лутфуллоев, академики Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор, хислатҳои хоксорӣ, одилӣ ва меҳрубонии ӯро васф кард. Ҳамчунин, қайд намуд, ки як қисмати муҳими илми педагогикаро тарбияи экологӣ ташкил медиҳад. Қурбон Расулов дар китобҳояш ин масъаларо бо мисолҳои мушаххас инъикос намудааст.

Холназар Муҳаббатов, доктори илмҳои географӣ, профессори кафедраи географияи табии донишгоҳ, Зариф Шарифов, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор, мудири кафедраи иқтисодиёти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Сайфулло Сафаров, муовини сардори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадулло Ибодов, доктори илмҳои фалсафа, профессори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, аз давраҳои бо қ.Расулов будананашон ёдовар шуданд.

Мизи мудавварро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Раъно Бобокалонова ҳусни анҷом бахшид.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj