• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таълими салоҳиятнокӣ-самараи хуби дониш

Бо мақсади батадриҷ мувофиқсозии низоми таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ-омӯзгории ҷумҳурӣ курсҳои омӯзишии таълими салоҳиятнокӣ гузаронида шуд. Курсҳо дар ду марҳила: аз 16-ум то 21-ум ва аз 23-юм то 28-уми январ давом карданд ва дар шаш гурӯҳ омӯзгорони донишгоҳи мо ихтисоси худро такмил доданд ва соҳиби сертификат гардиданд.

Омӯзгорони мазкур метавонанд минбаъд ба донишҷӯён бо ин усул дарс гузаранд ва онҳо  дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ин усул кор мегиранд.

 

Тренерон Мунира Саидмуродова, сармутахассиси раёсати таълимӣ-методии Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф, Сироҷиддин Ҳакимхӯҷаев, дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва амалии ДДХ ба номи Б.Ғафуров, номзади илмҳои химия, Барно Ашӯрова, мудири кафедраи методикаи таълими ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, номзади илмҳои филологӣ ва Асрор Алиев, мушовири маҳаллии лоиҳаи ГПО-4, ба омӯзгорон таълими салоҳиятнокиро омӯхтанд.

То соли 2020 дар тамоми зинаҳои мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ дарсҳо бо ин усул ба роҳ монда мешавад, зеро таҳлилҳо нишон доданд, ки барои баланд бардоштани савияи дониши хонандагон ин метод муфид аст.

Илҳоми Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj