• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Дар донишгоҳ Шӯрои нави дифоъ таъсис ёфт

Тибқи фармони №1554\нк-и Шӯрои олии аттестатсионии Федератсияи Русия аз 16-уми декабри соли 2016 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дар риштаи адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ Шӯрои дифоъ таъсис дода шуд. Кушодашавии ин шӯро имкон медиҳад, ки минбаъд унвонҷӯён рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро дар донишгоҳ ҳимоя намоянд.

 

Дар ҷаласае, ки ба муносибати оғози фаъолияти шӯро доир гардид, ректори донишгоҳ, академик Носирҷон Салимӣ, ки раисии Шӯрои дифоъро ба уҳда дорад, аъзои шӯрои тозатаъсисро муаррифӣ намуд.

 

Доктори илмҳои филологӣ, профессор М.Муллоаҳмадов аз АИ ҶТ ифтитоҳи шӯроро барои пешрафти илми тоҷик муҳим арзёбӣ кард. Мавсуф изҳор дошт, ки бо вуҷуди зиёд будани олимони забоншиносу адабиётшинос мо ҳанӯз ҳам ба мутахассисони ин соҳа ниёз дорем.

Хуршед Зиёев, сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми ҶТ, табрики вазири маориф ва илм Нуриддин Саидро ба муносибати таъсиси шӯрои ҳимоя ба ҷамъомадагон расонид.

Н.Салимӣ таъкид кард, ки рисола бояд сухани тоза ва нав, сухани таҳқиқшудаи матин бошад ва дар ин ҷода рӯйихотир кардани шогирдон нобахшиданист. Масъалаи дигари ташвишовар надонистани забони русӣ аз ҷониби унвонҷӯён аст, ки роҳи ҳалли ин мушкилро ҳам ёфтан амри зарурист.

Дар идома тарзи кори сексияҳо ва дигар паҳлуҳои раванди ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

И.Абдулло

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj