• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Корҳои дипломию курсӣ бояд дастнавис бошанд

Дар ҷаласаи вижаи раёсати донишгоҳ, ки зери роҳбарии ректор, академик Носирҷон Салимӣ баргузор гардид, масоили умда мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Сарвари таълимгоҳ дар оғоз аз номувофиқатӣ ва тафовути зиёд миёни натиҷаҳои имтиҳонот ва рейтингҳо изҳори нигаронӣ намуда, ба масъулин супориши қатъӣ дод, ки ҷамъбасти сессияро таҳлили амиқ ва мӯшикофона намоянд. Дар такя бар қавли ректор,

шумораи  зиёди донишҷӯён дар рафти санҷишҳои фосилавӣ холҳои баланд гирифтаанд, вале дар имтиҳонот маҳз аз ҳамон фанҳои балашон хеле паст мебошад. Ва ё ҳолати баръаксро низ мушоҳида намудан имконпазир аст, яъне дар рейтингҳо бали паст, вале дар имтиҳон якбора холи баландро соҳиб шудаанд. Ин гуна нишондодҳо ғайривоқеӣ будани натиҷаҳои донишандӯзиро бозгӯ мекунанд.

Масъалаи дигаре, ки дар ҷаласа васеъ ва ҷиддӣ муҳокима гардид, адами маводи таълимии мувофиқ ба низоми кредитӣ буд. Н.Салимӣ нарасидани китобҳои дарсӣ, иловагӣ ва электрониро мавриди интиқоди шадид қарор дода, таъкид кард, муддати мадид аст, ки тамоми сохторҳои марбут муваззаф гардидаанд, то рӯйхати китобҳои зарурии дастнорасро ба раёсат пешниҳод намоянд. Таассуфовар аст, ки дар ин самт ҳеҷ кори қобили мулоҳиза анҷом напазируфтааст.

Роҳбари маърифатгоҳ бо шигифт изҳор дошт, ки чӣ гуна метавон дар шакли нав сухани кӯҳнаро ғунҷонид? Ва дар идома афзуд, ки иддае аз муаллимон, ҳатто, комплекси таълимӣ-методӣ надоранд. Ҳол он ки ҳанӯз дар оғози соли нави таҳсил кулли омӯзгоронро мебоист, то маводи таълимии хешро дар кафедраҳо рӯнамоӣ кунанд.

Дар ин росто ректор деканони факултаҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳиро вазифадор намуд, ки комлекси таълимӣ-методии ҳар омӯзгорро шахсан худашон аз зери назар гузаронанд ва барои рафъи камбудиҳо муҳлат муқаррар намоянд. Дар сурате ки муаллим маводи таълимиашро ислоҳ накард, аз кор озод хоҳад шуд. Дар заминаи масъалаи мазкур гуфта шуд, ки модоме омӯзгорони дохилӣ бо раванди дарс чунин бархӯрд доранд, пас, аз устодони ҳамкори беруна чиро метавон тақозо намуд.

Дар идомаи баррасии мавзӯи зикршуда Н.Салимӣ қайд кард, барои мо то ҳол норӯшан аст, ки кадом китобҳои дарсӣ вуҷуд надоранд ва барои ҳалли қазия чӣ бояд намуд. Мавсуф, ҳамзамон, изҳор дошт, ки раёсатро зарур аст, то қисме аз китобҳои муҳимро харидорӣ кунаду қисмеро омӯзгорони донишгоҳ таълиф намоянд. Инчунин, лозим аст, ки як қатор китобҳо бознашр карда шаванд. Сарвари таълимгоҳ бо таассуф гуфт, ки як қатор омӯзгорони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ҳанӯз ҳам аз адабиёти замони Шӯравӣ истифода мекунанд, ки бисёр хиҷолатангез аст. Кафедраҳои забономӯзии умумидонишгоҳӣ бошанд, дар тамоми факултаҳо аз як китоб дарс медиҳанд, ҳол он ки бояд вобаста ба ҳар равия китоби махсуси дарсӣ вуҷуд дошта бошад.

Доир ба масъалаи мазкур масъулин муваззаф гардиданд, ки дар муддати як ҳафта комплексҳои таълимӣ-методиро барои дар шакли маҷмӯа интишор намудан пешниҳод намоянд ва ҳамзамон, рӯйхати китобҳои дарсиро барои беш аз 800 фанни таълимӣ ба раёсат манзур созанд. Гуфта шуд, ки нақшаҳо воқеӣ тартиб дода шаванд.

Баррасии масъалаи таълифи кори курсӣ ва кори контролӣ идомабахши ҷаласа гардид. Н.Салимӣ қатъиян таъкид кард, ки раванди навиштан ва қабули корҳои курсию контролиро таҷдиди назар бояд намуд. Бинобар қавли ӯ, дар ин самт баъзе аъмоли номатлуб, аз қабили рӯнависнамоӣ, такрори мавзӯъ, табодули рисола ва ғайра вуҷуд доранд, ки барои ноил гардидан ба натиҷаҳои дилхоҳ халал ворид мекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки шакли тақсими мавзӯъ ва қабули кори курсӣ тағйир дода шавад. Дар ин хусус ректор амр кард, ки минбаъд барои таълифи кори курсӣ ба донишҷӯ роҳбар таъйин нагардад. Яъне, кори курсӣ бояд бе роҳбар навишта шавад. Муаллим рӯйхати мавзӯот ва адабиётро ба муҳассилин пешниҳод менамояду халос. Ҳамзамон, гуфта шуд, ки кори курсиро донишҷӯ бояд дастнавис пешниҳод намояд. Деканони факултаҳо дар ҳайати ҷонишинони декан оид ба таълим ва мудирони кафедраҳо комиссия таъсис дода, корҳои курсиро қабул мекунанд. Дар ин хусус мебояд ба асноди дахлдор низ тағйирот ворид кард. Дар ҷаласа, ҳамчунин, қарор қабул гардид, ки кори контролӣ пурра барҳам дода шавад.

Ба деканони факултаҳо супориш шуд, ки аз муҳассилини соли охири зинаи бакалавр тақозо намоянд, то корҳои дипломии хешро, ҳарчанд анҷом наёфта бошад, барои шиносоӣ ба садорат пешниҳод кунанд. Таъкид гардид, ки кори дипломӣ низ бояд дастнавис бошад. Дар ҳолати рӯнавис ва ё такрор будани мавзӯъ донишҷӯ аз таълимгоҳ хориҷ карда мешавад.

Дар фарҷоми ҷаласа ректор, академик Н.Салимӣ амр намуд, ки ҳар моҳ дар тамоми кафедраҳо ҳатман як маротиба рӯнамоии китоби ҷадид ва як маротиба ташреҳи равиши тадрис бо усули нав баргузор карда шавад.

Бахтиёри Абдураҳим

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj