• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Қисме аз мақолоти интиқодӣ то ҳол беҷавобанд

Гузориш оид ба чопи мақолаҳои таҳлилӣ-интиқодӣ дар нашрияи

«Омӯзгори ҷавон» ва посухи масъулин ба онҳо

Дар 14 шумораи охири нашрияи «Омӯзгори ҷавон» як силсила мақолаҳои таҳлилӣ-интиқодӣ вобаста ба самтҳои мухталифи фаъолияти донишгоҳ интишор гардиданд. Боиси таассуф аст, ки ба мақолоти мазкур аз ҷониби сохторҳои масъул саривақт ҳеҷ вокунише зоҳир нашуд ва посухи расмие низ ба идораи газета ворид нагардид.

Пас аз таваҷҷуҳи ректори таълимгоҳ, муҳтарам Н.Салимӣ

ба ин масъала ва супоришҳои қатъии ӯ ба мутасаддиён ба чанде аз мақолаҳо ҷавобҳои расмӣ навишта шуданд ва теъдоде аз онҳо ҳанӯз интизори акси садоянд.

 

Алъон доир ба ҳар як мақола ва посухи он маълумоти мухтасар ироа хоҳам кард.

Дар шумораи № 17 (7 майи соли 2016) дар остонаи таҷлили Рӯзи Ғалаба мақолае зери унвони «Чаро баъзе ҷавонон дар бораи Ҷанги Бузурги Ватанӣ намедонанд?» чоп шуд. Дар ин мавод муаллиф миёни донишҷӯён назарсанҷӣ гузаронида, муайян кардааст, ки аксар муҳассилин дар хусуси корномаҳои мондагору безавол ва ҷонфидоиҳои қаҳрамонони ин ҷанги манҳус чизе намедонанд. Бисёр хиҷолатанез аст, ки зумрае аз ҷавонон аз таърихи начандон дури аҷдодони хеш воқиф нестанд.

Мақолаи мазкурро ҳайати комиссия зери роҳбарии сардори раёсати таълим Б.Самиев мавриди таҳлил ва омӯзиш қарор додаанд. Аз посухи расмие, ки бо имзоҳои Б.Самиев ва Д.Бердиёров ба идораи мо ворид гардид, бармеояд, ки далоили нашршуда асоси воқеӣ доранд. Ва дар ин самт садоратҳои факултаҳо бо созмонҳои ҷамъиятии донишгоҳ муваззаф шудаанд, ки миёни донишҷӯён мизҳои мудаввар, маҳфилҳои илмӣ ва ҳамоишҳои ташреҳӣ баргузор намоянд. Ин вокуниш зери сарлавҳаи «Далелҳои интишоршуда тасдиқ гардиданд» дар шумораи №7 (6 декабри соли 2016), саҳифаи 1 чоп шуд.

Дар шумораи № 18 (28 майи соли 2016) ду мақолаи таҳлилӣ танқидӣ ба табъ расидааст, яке бо номи «Ошхонаҳои донишгоҳ дар чӣ ҳоланд?» ва дигар бо сарлавҳаи «Чаро проекторҳо кам истифода мешаванд?».

Дар мақолаи аввал, ки вазъи номувофиқ ва норасоиҳои ошхонаҳои тобеи донишгоҳ мавриди таҳлил ва интиқод қарор гирифтаанд, то ҳол беҷавоб аст.

Мақолаи дуюм ба таври васеъ истифода нашудани проекторҳоро дар рафти таълим баррасӣ менамояд. Дар мақола дарҷ шуда, ки қисмати бештари проекторҳо дар ҳолати коршоямӣ қарор дошта бошанд ҳам, аксар муаллимон майли бештаре ба истифодаи онҳо надоранд.

Ба маводи мазкур ҷавобе бо имзои мудири кафедраи фалсафа Ш.Бердиев зери унвони «Проекторҳо истифода мешаванд» ба идораи газета ворид ва дар шумораи №8 аз 29 декабри соли 2016 нашр гардид. Дар ҷавобия омада, ки «эродҳои муаллиф асос доранд, вале набояд заҳмати устодонро низ аз назар дур монд. Раёсати донишгоҳ, қисми таълим, деканони факултаҳо ва мудирони кафедраҳо ҳамеша кӯшиш ва талош менамоянд, ки бо истифода аз технологияи муосир сатҳи таълим баланд бардошта шавад».

Мақолаи «Дониши баъзе омӯзгоронро такмил мебояд» дар шумораи №19 (16 июни соли 2016) чоп шудааст. Дар ин мақола муаллиф бардоштҳои хешро аз як соли таҳсил ҷамъбаст карда, менависад, ки «…омӯзгоронеро дар рафти таҳсил вохӯрдем, ки устоди донишгоҳанду на принсипи таълимро медонанд на тарбияро. Вақти дарси онҳо барҳадар мегузарад, зеро дониши амиқи илмӣ надоранд ва таваҷҷуҳи донишҷӯро ба худ ҷалб карда наметавонанд».

Ҳарчанд дар ин мақола яке аз мавзӯоти муҳим барои беҳтаршавии раванди таълим инъикос гардидааст, то ҳол посухе ба идораи нашрия ворид нашуда.

Мақолаи танқидии муҳим ва беҷавоби дигар, ки дар ҳамин шумораи газета нашр шудааст, «Ба донишҷӯён истифода аз кабинети фаннӣ иҷозат нест» ном дорад. Дар маводи мазкур ноогаҳии мутасаддиёни кабинетҳои фаннӣ аз вазифаҳои хизматӣ, бархурди номуносиб бо донишҷӯён дар ин макон, раванди балгузаронии омӯзгорон ва дигар паҳлуҳои фаъолияти кабинетҳои фаннӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

«Сайти донишгоҳ мукаммал мешавад» сарлавҳаи мақолаи навбатии таҳлилӣ-интиқодист, ки дар шумораи № 2 аз 26 сентябри соли 2016 интишор гардида. Дар ин мақола мазмуну муҳтаво ва бахшҳою унвонаҳои сомона баррасӣ шуда, андешаи иддае аз истифодабарандагон низ дарҷ гардида. Дар мақола омада, ки «…баъзе маълумоти навро дар сайт ворид накардаанд, аз ҷумла, баъзе деканони факултаҳо, ки чанд муддати охир ба ин симмат таъйин гардидаанд, то ҳол ному насаб ва сураташон дар сайт дарҷ нашудааст. Ғайр аз ин, маълумоти иддае аз сохторхо куҳнаанд. Ҳамчунин, дар бораи баъзе собиқ ректорон маълумотеро дастрас карда наметавонем».

Мутаассифона, ба ин мақола, на танҳо ҷавоби расмие дода нашудааст, ҳатто, камбудиҳое, ки дар мавод дарҷ гардида, то ҳол ислоҳ нашудаанд.

Мақолаи дигари таҳлилӣ-интиқодӣ, ки дар шумораи № 3, аз 5-уми октябр чоп гардида, «Дармонгоҳи донишгоҳ барои кист?» унвон дорад. Дар мақолаи мазкур муаллиф масъалагузорӣ карда, ки «Гарчанде нуқтаи тиббӣ барои донишҷӯёну омӯзгорон пешбинӣ шудааст, аз симои одамони ҳузурдошта баръало дарк намудан мумкин буд, ки ягон нафари онҳо донишҷӯ нестанд». Дар мақола, ҳамчунин, ба кор дер омадани духтурони дандонпизишк ва асабшинос мавриди танқид қарор гирифтааст.

Ба мақолаи мазкур ҷавоби сардори раёсати таълим Бобоҷон Самиев бо номи «Камбудиҳо бартараф мешаванд» дар шумораи №6-и «Омӯзгори ҷавон», аз 24 ноябри соли 2016 интишор гардидаанд. Дар ҷавобия омада, ки раёсати таълим дар якҷоягӣ бо мудири бахши таъминоти ҳуқуқӣ мақоларо дар ҳузури кормандони дармонгоҳ баррасӣ намуда, барои рафъи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулон супоришҳои қатъӣ додаанд.

Бо  суоли «Ба фасли сармо омода ҳастед?» миёни донишҷӯён назарпурсӣ гузаронида шуд, ки фишурдаи он дар шумораи №4 аз 26 октябри соли 2016 ба табъ расид. Дар ин пурсишнома донишҷӯи соли 4-уми факултаи таҳсилоти ибтидоӣ Сироҷиддин Саидов доир ба вазъи номувофиқи синфхонаҳо ва ноомодагӣ ба фасли сармо ошкоро изҳори андеша кардааст.

Декани факултаи мазкур Абдушукур Ғаффоров дар мақолаи ҷавобии хеш, ки таҳти унвони «Назари донишҷӯ дуруст аст» дар шумораи №8 аз 29 декабри соли 2016 чоп шуд, навишта, ки «Дар ҳақиқат, назари донишҷӯ то андозае дуруст аст, чунки баъзе синфхонаҳо бинобар сабаби калон будан ба зудӣ гарм намешаванд…Барои таъмини синфхонаҳо бо қувваи барқ ва батареяҳои гармидиҳанда ба қисми иқтисод ва хоҷагирдорӣ пешниҳод ирсол гардидааст».

Дар мақолаи «Чаро иддае аз сохторҳо ба интернет дастрасӣ надоранд», ки дар шумораи №5 аз 5 ноябри соли 2016 нашр шудааст, муаллиф адами интернетро дар қисме аз факултаю кафедраҳо ва шуъбаю марказҳо мавриди таҳлил ва интиқод қарор додааст. Ӯ чунин натиҷагирӣ карда, ки на ҳама сохторҳо ба шабакаи интернет пайвастанд. Аз ин рӯ, ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба мушкилот мувоҷеҳ мешаванд.

Ба мақолаи мазкур сардори раёсати илм ва инноватсия Искандар Сулаймонов посух навишта, ки бо номи «Ҳадаф бояд судманд бошад» дар шумораи №8 аз 29 декабри соли 2016 чоп гардид. Дар маводи мазкур муаллиф кӯшида, ки ба ҳама паҳлуҳои мақолаи интиқодӣ посух бигӯяд. Мавсуф нигошта, ки «Бо мақсади ба танзим даровардани кори нуқтаҳои интернетӣ ба истифодабарандагон супориш дода шуда буд, ки ҷиҳати баҳрабардории самараноки маводи интернетӣ ба унвони раёсати донишгоҳ дархост манзур намоянд. Ба ин даъват ҳамагӣ 140 сохтору зерсохтор ҳамроҳ шуда, сабабҳо ва зарурати истифодаи интернетро исбот карданд ва акнун бемамониат аз маълумоти он баҳра мебаранд».

Гузориши аксие, ки аз раванди ба корҳозиршавии кормандон ва ба дарс омадани донишҷӯён маълумот медиҳад, зери сарлавҳаи «Адаб хоҳӣ, зи ҳад берун манеҳ пой» дар шумораи №6 аз 24 ноябри соли 2016 дарҷ гардидааст. Дар ин гузориш дастаҷамъона ба кор дер омадани кормандони баъзе сохторҳо ва аъмоли номатлуби зумрае аз донишҷӯён зери интиқоди шадид қарор гирифтаанд.

Ба маводи мазкур муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Р.Бобокалонова бо номи «Фаъолияти дастаҷамъона мебояд» ҷавоб навиштааст. Қобили зикр аст, ки посухи муаллима танҳо ба қисмати рафтори номуносиби донишҷӯён иртиботманд аст ва нуктаҳое, ки ба интизоми меҳнат дахл доранд, то ҳол беҷавобанд.

Дар шумораи №6 аз 24 ноябри соли 2016, ҳамчунин, мақолаи таҳлилӣ-интиқодии дигаре бо унвони «Маҳфилҳо танҳо барои «галочка» ҳастанд?» интишор гардида. Муаллиф вазъи баргузории маҳофили фанниро дар тамоми факултаҳо мавриди баррасӣ қарор дода, ба хулоса омадаст, ки аксар маҳфилҳо дар вақту соати муқарраршуда барпо намешаванд ва танҳо бо ном вуҷуд доранд.

Мавҷудияти камбудиҳои дар мақола дарҷгардидаро роҳбари бахши таҳияи грантҳо ва лоиҳаҳои инноватсионӣ Ҳабибулло Сатторов иқрор шуда, бо номи «Фаъолияти маҳфилҳо такмилталаб аст» ҷавобияе ба идораи мо ирсол карда. Ӯ навишта, ки «…фаъолияти баъзе аз маҳфилҳои фаннии кафедраҳои донишгоҳ дар сатҳи зарурӣ қарор надоранд ва дар ин самт эроди хабарнигор дуруст аст. Пас аз нашри мақолаи танқидии мазкур дар фаъолияти маҳфилҳои «карахт» ҷунбиш ба амал омада, айни замон дар сатҳи факултаҳо маҳфилҳо пурсамар баргузор шуда истодаанд».

«Саволномаи бовариантро кӣ ба донишҷӯ медиҳад?» сарлавҳаи мақолаи таҳлилӣ-танқидиест, ки дар шумораи №8 ба табъ расида, вале то ҳол посухе ба он дода нашудааст. Дар мақола муаллиф кӯшида, ки муаммои варақаҳои тестии дорои вариантро, ки ба донишҷӯён дастрас мегардаду онҳоро нусхабардорӣ мекунанад, то андозае ошкор намояд.

Гузориши аксии дигаре, ки дар шумораи №9 аз 14 январи соли 2016 зери сарлавҳаи «Мондаем дур аз нигоҳи масъулин» чоп шуд, камбудиҳои кори қисми хоҷагидориро ошкор менамояд. Дар ин гузориш 10 сурати гӯё аз биноҳои мутааллиқ ба донишгоҳ нашр гардидааст. Ба маводи мазкур то кунун ҳеҷ вокунише ба амал наомада.

Дар ҳошияи маҷаллаи «Муҳаққиқ» мақолаи таҳлилию интиқодие бо номи «Абдурайҳонро мешиносед? Абдуҳомидро чӣ?» дар шумораи охирини «Омӯзгори ҷавон» интишор шуда. Дар ин мавод мазмуну мундариҷа ва муҳтавои мақолоти «Муҳаққиқ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, ғалатҳо ва камбудиҳои зиёде дарҷ гардидаанд. Мақолаи мазкур низ дар интизори ҷавоби мутасаддиён аст.

Хулоса, факту арқом ва далоиле, ки дар тамоми мақолоти таҳлилӣ-интиқодӣ нашр шудаанд, ҳамагӣ аз ҷониби масъулин тасдиқ гардиданд ва ҳеҷ эътирозе нисбат ба носаҳеҳӣ ва ғайривоқеӣ будани онҳо баён нашудааст.

Дар маҷмӯъ дар 14 шумораи охири нашрияи «Омӯзгори ҷавон» 14 мақолаи таҳлилию танқидӣ интишор гардид, ки ба 7-тои он ҷавоби расмӣ навишта шуд ва 7 мақолаи дигар то кунун бепосух ҳастанд.

Бахтиёри АБДУРАҲИМ, сармуҳаррири нашрияи «Омӯзгори ҷавон

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj