• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Сипари боэътимоди Ватан

Дар санаи 21.02.2017, соати 13.00 дар толори фарҳангии Донишгоҳ бо ташаббуси қисми илмӣ ва бо сайъи омӯзгорони кафедраҳои сиёсатшиносӣ ва  фалсафа бо иштироки муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Муллоев А., устодону меҳмонон ва донишҷӯёни факултетҳо конференсияи илмии ҷумҳуриявӣ бахшида ба рӯзи Артиши Миллӣ (23-феврал) дар мавзӯи «Нақши Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Артиши миллӣ» баргузор гардид.

 

Конференсияро муовини ректор оид ба илм профессор Муллоев А. бо сухани муқаддимавӣ ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмонон, устодон ва донишҷӯёнро ба рӯзи ид табрик намуда, қайд карданд, ки аз таъсиси Артиши миллӣ 24 сол пур мешавад. Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити ниҳоят душвори сиёсӣ, иқтисодию молиявии кишвар таъсис ёфтааст. Сарвари давлатамон, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ташкилёбии Артиши миллӣ нақши ҳалкунанда бозидааст.  Баъдан тибқи барномаи конфронс сухан ба маърӯзачиён дода шуд.

Дар ҷараёни конференсия 4 дар мавзӯъҳои гуногуни илмӣ, аз ҷумла «Мавқеи Артиши миллӣ дар низоми давлатдорӣ»- маърӯзаи номзади илми сиёсатшиносӣ, дотсент Қосимова Раҷабмо; «Рушди шуури мудофиавии ҷавонон дар даврони Истиқлолият» - маърӯзаи мудири кафедраи ҳифзи сарҳадии Донишкадаи олии сарҳадии КДАМ ҶТ, полковник Усмонов Сайфуллобек Хуҷаевич; «Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар хурдсолон»- маърӯзаи доктори илмҳои педагогӣ, профессор Маҷидова Бибиҳафиза ва «Ташаккул, рушд ва дурнамои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол»- маърӯзаи майори Раёсати қушунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Бурҳонов Озодбек шунида шуд.

Дар фарҷоми конференсия устодону донишҷӯён фикру мулоҳизаҳои худро оид ба масъалаҳои мавриди назар баён намуданд, андешаҳои худро ҷиҳати дастгирии сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд. Як гурӯҳ донишҷӯён дар мавзӯъҳои аҳамияти Артиши миллӣ ва хизмати ҳарбӣ дар пойдории сулҳ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол, ватандӯстӣ, ҳимояи марзу буми Ватан–қарзи муқаддаси ҷавонон шеърҳо қироат намуданд.

Конференсияро профессор Муллоев А. натиҷагирӣ карда, бори дигар аҳли нишастро ба муносибати фарорасии ин санаи муҳим табрик намуда, ҷавононро барои дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ, нангу номуси миллӣ доштан ҳидоят карданд.

 

Сардори Раёсати илм ва инноватсия   Сулаймонов И.О.

 

Add comment


Security code
Refresh

free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj