• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Таърихи кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ


Кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ фаъолияти худро дар асоси  Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф ва илм», «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Оинномаи Донишгоҳ, Дастурамали кормандони Донишгоҳ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф ва илм ба роҳ мемонад.

Соли 1936 кафедраи тарбияи ҷисмонӣ, яке аз аввалинҳо шуда фаъолияти худро дар соҳаи варзишӣ ҷумҳурӣ дар Донишкадаи давлатии педагогӣ Душанбе оғоз намуд ва минбаъд ба яке аз марказҳои тайёр намудани варзишгарони баландмаҳорату мутахассисони ин соҳа табдил ёфт. Агар дар ибтидои фаъолият аз як тараф мутахассисон ва таҷҳизотҳои варзишӣ нарасанд, аз тарафи дигар, мардум махсусан занҳо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бо назари тааҷҷуб нигоҳ мекарданд. Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда роҳбарияти донишкада тавонист фаъолияти кафедраро дуруст ба роҳ монад. Бо даъватнома аз шаҳрҳои Маскаву, Санкт-Петербург, Киев ва Тошканд як зумра мутахассисон ба кор ҷалб шуданд. Дар байни фиристодагон Абрамов Я.Ю. аввалин шуда кафедраро сарварӣ намуд ва солҳои минбаъда ҳамчун ташкилотчии номӣ ва олими шинохта риштаи варзишӣ собиқ Иттиҳоди Шуравӣ шуҳрат пайдо кард. Китобҳои дарсӣ ва дастурҳои методии ӯ натанҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он шуҳрат пайдо намуданд. Масалан дастури ӯ оид ба бозиҳои миллии соли 1937 аз тарафи иштирокчиёни озмуни Кумитаи  варзишӣ Тоҷикистон ҳамчун маводи таълимии мактабҳои олӣ ва миёна пешниҳод карда шуд. Солҳои ҷанги бузурги Ватанӣ фаъолияти устодони кафедра баҳри ҳимояи Ватан равона карда шуданд. Бо ин мақсад аъзоёни кафедра бо сардории Я.Ю.Абрамов қоидаи гуштини миллиро тартиб додаанд, ки он аз тарафи комиссияи Кумитаи варзишӣ СССР ҳамчун меъёри комплекси ГТО дохил карда шуд. Дар назди кафедра курсҳои кӯтоҳмуддати тайёр намудани инструктурони ГТО ташкил карда шуд. Бо ёрии онҳо танҳо соли 1940 зиёда аз 60 нафар ҷавонон дорандаи нишони ГТО гаштанд. Ғайр аз ин бо пешниҳоди аъзоёни кафедра дарси тарбияи ҷисмонӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳамчун дарси ҳатмӣ дохил карда шуда, фаъолияти сексияҳои варзишӣ аз ҷумла тирпаронӣ, варзишӣ сабук, гимнастика ва ғайра ҷоннок карда шудаанд. Он солҳо муаллими кафедра М.А. Циклаури донишҷӯён Б.Тоҳиров, А. Болтабоева ва дигарон беҳтарин варзишгарони Тоҷикистон ба ҳисоб мерафтанд. Сексияи ҳаводиҳии норинҷакро (гранат) донишҷӯи курси сеюм Фролова роҳбарӣ менамуд, дар ин сексия донишҷӯён ва донишҷӯдухтарони донишкада баъди дарсҳо омада машқ менамуданд. Донишҷӯдухтарон Файзиева Т. ва Азизова О. роҳбарии сексияи умумиҷисмонӣ буданд. Бо ёрии донишҷӯёни донишкада борҳо спартакиада аз рӯи барномаи ГТО гузаронида шудааст. Сабаби ба уҳдаи донишҷӯён гузоштани сексияҳои варзишӣ ин набудани мутахассисони соҳа буд. Бо ин мақсад солҳои 1941-1942 дар Тоҷикистон зиёда аз ҳазор гурӯҳҳои гимнастикӣ амал мекарданд. Байни гимнастон духтарони маҳаллӣ М.Наҳангова, С.Турсунова, К.Каримова ва дигарон буданд, ки минбаъад сексияҳои варзиширо сарвари намуданд. Солҳои баъдиҷангӣ фаъолити аъзоёни кафедра ба корҳои барқароркуни ва тайёр намудани кадрҳо равона карда шуд. Бо ин мақсад дар назди кафедра курсҳои кӯтоҳ муддати тайёр намудани инструкторони тарбияи ҷисмонӣ ташкил карда як қатор ҷавонон ба мактабҳои олии тарбияи ҷисмонӣ шаҳрҳои маркази равона карда шуданд. Муаллимон Н.П. Циклаури ташкилотчии сексияи гимнастикаи варзишӣ. М.А. Циклаури солҳои тӯлони сардори варзишгарони тоҷик – иштирокчиёни паради умумииттифоқии варзишгарон дар шаҳри Маскав буданд.

Соли 1971 дар базаи факулта Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи М.И. Калинин ташкил карда шуд.

Соли хониши 1977-1978 дар донишгоҳ аз 13 намуди варзиш 21 гурӯҳҳои (сексияҳо) варзишӣ амал мекард, ки дар онҳо 400 нафар донишҷӯён ва омӯзгорон дараҷаи варзишӣ соҳиб буда, ширкат доштанд.

Солҳои  80-ум кафедраи тарбияи ҷисмонии Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко анъанаҳои пешқадами солҳои пешинро идома дода дар ҳаракати варзишии Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Дар ин донишгоҳ варзишгарон аз намудҳои волейбол, баскетбол, футбол, варзишӣ сабук, гимнастика, гуштин, ҷавгонбозӣ, сангбардорӣ, шиноварӣ ва шоҳмот машқ намуда дар чандин мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ, берун аз он ғолиб омаданд. Варзишгаронӣ №1 дар Тоҷикистон чемпионкаи ҷаҳону собиқ СССР Зебуниссо Рустамова, чемпиони ҷаҳон Саидмӯъмин Раҳимов, ғолиби мусобиқаҳои умумииттифоқи намудҳои гуштин Мариватчо Бачабеков тайёр карда шуданд, чемпиони собиқ иттиҳодӣ Шӯравӣ оид ба гуштини самбо Азалшо Олимов ва иштирокчӣ ба давӣ марафони бахшида ба 100 солагии В.И.Ленин Шайдулло Исоев.

Солҳои 90-ум дар мусобиқаҳои байналмилалӣ донишҷӯи донишгоҳ аз гуштини самбо Ҳиматшо Қаноатов сазовори ҷои аввал гашт ва аз намуди шоҳмот Ҷамшед Исоев чемпиони собиқ СССР шуд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru