• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Гавҳар Мухторова,
декани  факултети  технология ва соҳибкорӣ,
номзади  илмҳои педагогӣ, дотсент
Телефон: (+ 992) 938 36 41 58
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


Мухторова Гавҳар  Ғафоровна, декани  факултети  технология ва соҳибкории Донишгоҳи давлатии   омӯзгории  Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ номзади  илмҳои педагогӣ, дотсент. Мухторова Гавҳар  Ғафоровна соли 1985 ба факултети  индустриалӣ- педагогии Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душанбе  ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии   омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ) дохил шуда, факултети номбурдаро  соли 1990

хатм намудааст. Аз соли 1990 ба сифати  ассисент дар  кафедраи «Механикаи  техникӣ ва нақшакашӣ» фаъолият намуд.

Соли  1993 ба шуъбаи  рӯзонаи  аспирантураи   донишкада дохил шуда, онро соли 1996 хатм  намуда,  дар мавзӯи «Тарбияи меҳнатӣ  дар  педагогикаи халқӣ ва  мушкилоти кори  наврасон дар   Тоҷикистон» рисолаи номзадӣ дифоъ намудааст.

Баъд  аз хатми  аспирантура дар кафедраи «Методикаи  таълими технология ва  соҳибкорӣ» ба сифати  муаллимаи калони кафедра  фаъолият намудааст.  Аз соли 2009 то 2013 мудири кафедраи «Методикаи  таълими технология ва соҳибкорӣ» ва аз соли 2013 то имрӯз дар вазифаи  декани  факултети мазкур  фаъолият дорад.

Мухторова  Ғ. Г.  нисбати худ  серталаб буда,  аз рӯзҳои  аввали  фаъолияти  корӣ ба  таҳқиқи  маводи  илмию  методӣ ҳамвора  кӯшиш ба харҷ медиҳад. Дарсҳои ӯ дар сатҳи  баланди  илмӣ ва илмию методӣ мегузарад.

Фаъолияти илмию методии Мухторова Г. назаррас буда, ба ҳалли масъалаҳои  назария ва методикаи  фанҳои  технологӣ равона гардидааст. Ӯ дар тӯли фаъолияти илмию омӯзгориаш беш аз 80 мақолаи  илмию методӣ дар матбуоти  даврӣ ба табъ расонидааст. Мухторова Г.Ғ.  аз  муаллифони  китоби  дарсии  «Муқаддимаи ихтисоси омӯзгорӣ» мебошад, ки   барои донишҷӯйни   донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва колеҷҳои омӯзгорӣ   тадрис карда мешавад. Китоби  номбурда  соли 2016  маротибаи  чорум бо   диди нав ва иловаҳо нашр  гардидааст. Китоби  дигари ӯ бо номи  «Интихоби касб»  низ барои донишҷӯёни   донишгоҳҳои омӯзгорӣ ва колеҷҳои омӯзгорӣ    истифода бурда мешавад, ки    дар Ҷумҳурии Исломии Ирон ба нашр расидааст,китоби дигар бо номи «Услуби таълими асосҳои иқтисодиёти  бозоргонӣ» китоби дарсӣ барои муаллимони фанни технология, иқтисодиёт, ва манаграфия «Педагогические условия развития профессиональных навыков учителя  в процессе освоения  технологии обучения» чоп намудааст. Зери роҳбарии дотсент Г..Мухторова  Муминов Ф.У, Муҳаммадалии Калхур рисолаи номзадии худро  дифоъ намудаанд. Мухторова Г. дар конфронсу  семинарҳо ширкат варзида, ба донишҷӯён   кӯмакҳои илмию  методии худро  пайваста мерасонад.

Мухторова Г. айни хол депутати ноҳияаи Шоҳмансур мебошад, ва дар корҳои ҷамъиятии факултету донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, аз иҷрои корҳои  ба ӯ супоридашуда  хеле хуб мебарояд. Дар байни устодон ва донишҷӯён   соҳибэҳтиром  аст. Шахси принсипнок, қавиирода ва  поквиҷдон мебошад.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru