• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

Таърихи кафедраи сиёсатшиносӣ

Кафедраи сиёсатшиносӣ то соли 1991 ба ҷои кафедраи «Коммунизми илмӣ» арзи вуҷуд кардааст. Устодони аввалини кафедраи (коммунизми илмӣ) номзади илмӣ фалсафа, дотсент А. Абдуназаров, А. Жилин, Н. Салимов, Ш. Ҷумъаев, Г. Мухторова, С. Давлатов, Ҳ. Шоимардонов буданд. Кафедраро номзади илмӣ фалсафа, дотсент Абдуназаров А. сарварӣ мекард. Сентябри соли 1970 Абдуназаров А. ба вазифаи ҷонишини мудири шӯъбаи илм ва мактабҳои олии КМ Ҳизби Қоммунистии Тоҷикистон таъин гардид. Вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи номзади илмӣ таърих, дотсент М. Яҳёев гузошта шуд. Соли 1973 дотсент М. Яҳёев ба докторантура шомил шуд. Ба вазифаи мудири кафедра номзади илмӣ таърих, дотсент Назарова С. интихоб шуда, то соли 1987 адои вазифа намуд. Соли 1979 ҳайати кафедра аз ҳисоби мутахассисони варзида пурра гардид. Номзади илмӣ таърих, дотсент Серебренников Л.Ф., номзади илмӣ таърих, дотсент Мирзоев М. ба ҳайати кафедра шомил шуданд. Бо сабаби ба нафақа  рафтани  Назарова С., соли 1987 доктори илмӣ таърих, профессор Шарипов Я.Ш. мудири кафедра интихоб шуд. Соли 1994  профессор Шарипов Я.Ш. ба нафақа баромад ва вазифаи мудири кафедраро номзади илмӣ фалсафа, дотсент Давлатов С. ба ӯҳда гирифт ва то соли 1998 ин вазифаро иҷро намуд. Моҳи июни соли 1998 доктори илмӣ фалсафа, просессор М.  Гулахмедов мудири кафедраи сиёсатшиносӣ интихоб гардид. Аз моҳи январи соли 2009 то соли 2012  номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Қосимова Р. И. вазифаи мудири кафедраи сиёсатшиносиро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2012 то соли 2014 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра, д.и.ф., профессор Гулахмедов М. ба ӯҳда дошт. Аз соли 2014 то инҷониб вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои сиёсӣ, дотсент Ахиева С. ба душ доранд.

Дар кафедраи мазкур 11 нафар омӯзгорон, ассистентон кору фаъолият доранд. Омӯзгорони кафедра дорои унвонҳои илмӣ буда оид ба самтҳои илмии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат тадқиқот ва кор карда истодаанд.

Дар кафедра як профессор д.и.ф., Гулахмедов М. дотсентон Давлатов С., Бедилов Ҳ.К., Ҳакимов Р., Қосимова Р., Пардаев С., Тураева З., Ахиева С. ва ассистентон Имомназарова М., Қувватов С., Мусоев И. кору фаъолият намуда истодаанд.

Аспирантони кафедра Ҳамроев А., Қурбонов А., Шарипов Ш. ва як нафар аспиранти шуъбаи ғоибона, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ануши Хайрулло мебошад, таҳсил доранд. Дар кафедра зиёда аз нафар унвонҷӯён дар риштаи 23.00.02 –равандҳои сиёсӣ ва технология (илмӣ сиёсатшиносӣ) таҳсил доранд. Дар баробари таҳсил намудан дар зинаҳои аспирантура ва унвонҷӯён низ риштаи магистратура ва доктор PhD-и аз рӯи ихтисоси сиёсатшиносӣ таҳсил доранд.

Зинаи магистратура дар кафедра аз соли 2012 то инҷониб фаъолият дорад, айни ҳол дар магистратура 4 нафар таҳсил доранд, як нафар якум курс, ки аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Фариддун валадӣ Ғулом Фарух ва 3 нафар дар курси 2-юм Каримов Д., Тошов Ҳ. ва Шарипов Ш. таҳсил доранд.

Аз соли соли 2015 то инҷониб 3 нафар дар риштаи доктор PhD-и таҳти роҳбарии профессорон Гулахмедов М. ва Саидов Ҳ. таҳсил доранд.

Дар солҳои охир дар кафедра аз тарафи устодони кафедра асарҳои илмию оммавӣ ва методӣ дар ҳаҷми 3 дастури таълимӣ, як китоби дарсӣ ва зиёда 100 мақолаҳо ва фишурдаҳои матн низ ба нашр расидааст.

Кафедра дар раванди корҳои тарбиявии донишҷӯён фаъолона ширкат намуда, дар ташаккули тафаккури сиёсии онҳо ҳисса мегузорад. Барои ин мақсад бо ҷавонон сӯҳбату лексияҳо, шабҳои суолу ҷавоб, озмуну конференсияҳо гузаронида мешаванд. Донишҷӯён барои навиштани маърӯзаҳо ҷалб карда мешаванд. Устодони кафедра дар мавзӯъҳои тарбиявӣ дар рӯзномаю маҷаллаҳо, симою садо мунтаззам баромад карда, дар тарбияи ватандӯстӣ ва ахлоқи ҳамида ҳисса мегузоранд.

Устодони кафедраи сиёсатшиносӣ мутобиқи сохтори имрӯзаи идоракунии ҷомеа дар бахшҳои гуногуни сиёсӣ, низоми сиёсӣ ва равандҳои ташкил кардани он, маданияти сиёсӣ, усули қабул кардани қарорҳо ва бунёди сохтори ҷомеаи демократӣ корҳои назаррасӣ тадқиқотӣ, илмӣ, методӣ ва тарбиявиро мебаранд. Дар пешравиҳои корҳои кафедра ҳиссаи устодон Қосимова Р.И., Гулахмедов М., Давлатов С., Пардаев С.А., Бедилов Ҳ.К., Ҳакимов Р.М., Ахиева С.У., Тураева З., Имомназарова М., Кувватов С. ва Мусоев ва дигарон назаррас аст.

Устодони кафедра аз рӯи равияҳои «Муносибатҳои миллӣ дар ҷомеаи демократӣ», «Ташаккули ҷаҳонбинии халқи тоҷик», «Нақши ваҳдат дар даврони истиқлолият», «Муносибатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии дар давраи  сохти демократии Тоҷикистон», «Маданияти сиёсӣ», «Вазъи фазои геополитика дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ», «Камбизоати ва низоъҳои сиёсӣ», «Роль модернизация в обществе», «Нақши маданияти сиёсии ҷавонон дар ҷомеа» тадқиқотҳо мебаранд.

То ба имрӯз устодони кафедра як қатор китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимиву методӣ, рисола ва брошюраҳо нашр намудаанд, ки «Низоъшиносӣ», «Маҷмӯи лексияҳо аз фанни сиёсатшиносӣ», «Дастури методӣ аз фанни сиёсатшиносӣ», «Равандҳои миллӣ ва сиёсии истиқлолияти Тоҷикистон», «Хусусиятҳои сиёсии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Межнациональные отношения в таджикском современном обществе», «Проблемы развития этнических меньшинств в современном Таджикистане», «Особенности становления внешний политики суверенного Таджикистана и его связи со странами СНГ», «Камбизоатӣ ва омилҳои пайдоиши он», «Роҳнамо барои волидайн ҷиҳати таълиму тарбияи фарзанд», «Особенности формирования патриотизма таджикского народа», «Политическая элита и политические лидеры (учебное пособие)», «Эмомалӣ Раҳмон асосгузори давлати навини тоҷикон», «Равзанаи сиёсӣ» аз ҷумлаи онҳоянд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru