• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ



Мунира Обидова,
декани  факултети  психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир,
номзади  илмҳои педагогӣ, дотсент




Факултети Психология, таҳсилоти томактабӣ ва фарогир  соли 2016 дар заминаи факултети педагогика таъсис ёфт. Декани факултет номзади илми педагогӣ, дотсент Обидова Мунира Иброҳимовна таъин гардидааст.

Обидова Мунира Иброҳимовна соли 1981 баъд аз хатми мактаби миёна ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (собиқ ДДОД ба номи Т.Г.Шевченко) ба факултети педагогика шӯъбаи педагогика ва психологияи томактабӣ дохил шуда онро соли 1985 хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгориашро аз донишкадаи забонҳо оғоз намудааст. Соли 1992 ба кафедраи тарбияи томактабии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба кор омада то ҳол дар ин кафедра фаъолият менамояд. Соли 2004 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Ташакулёбии маорифи халқ дар ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон солҳои 1917-1940» дифо намуда ба дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ сазовор гардидааст. Аз соли 2006 вазифаи дотсенти кафедраи тарбияи томактабӣ, 2008-2012- муовини декан оид ба илм, 2012-2014 вазифаи мудири кафедраи тарбияи томактабиро иҷро намудааст. Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru