• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 






 

Тағой Қурбонов,
мудири кафедра,
муаллими калон
Тел: 917 17 07 65
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Қурбонов Тағой Зуҳурович 20 июни соли 1958 дар оилаи коргар, дар деҳаи Ҳуҷуми  ноҳияи Ҳисор, Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1965 ба мактаби миёнаи №52-и деҳаи дар боло зикргардида рафта, онро соли 1975 бо муваффақият хатм намудаст.Соли 1976 ба ДДОТ ба номи Т.Г.Шевченко (айни ҳол Садриддин Айнӣ),ба шуъбаи забони франсавӣ,факултети  забонҳои романию германӣ дохил шудаст. Соли 1980 факултети  зикршударо бо муваффақият ва бо ихтисоси  муаллими забони франсавӣ хатм намудааст. Тибқи роҳхати донишгоҳ фаъолияти кориашро  аз ноҳияи Куйбишев айни ҳол Хуросон  ба ҳайси муаллими забони фаронсавӣ оғоз намудааст. Ҳамчунин аз соли 1983-то соли 1988 дар мактабҳои  миёнаи №183,53,65 аз  фанҳои забони франсавӣ, тайёрии Ҳарбӣ ва забони русӣ дарс  гузаштааст.

Аз моҳи сентябри соли 1988 барои кор ба ин донишгоҳ ба кор даъват шудааст. Худи ҳамон сол аз курси  се моҳаи  такмили ихтисоси  омӯзгорони  забони франсавӣ дар Донишгоҳи забонҳои хориҷии ба номи М.Торез гузашта аз ин курс  сертификат гирифтааст. Соли 1991 то соли 1992 бошад аз  курси яксолаи ҳамин донишгоҳ ба хотири дохил шудан  ба аспирантураи  ҳамин донишгоҳ гузаштааст ва худи ҳамин сол ӯ ба аспирантураи ҳамин донишгоҳ ба шуъбаи  методикаи  таълими забони хориҷӣ дохил шудааст, лекин аз сабабе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи хониши маро пардохт карда натавонист, ӯро аз аспирантура  хориҷ намуданд ва ӯ аспирантураро дар ҳамин ҷой хатм намудааст, лекин аз сабаби набудани шӯро доир ба методикаи таълими забони хориҷӣ то ҳол дифои рисолаи номзади таъхир шуда истодааст. Соли 2005 ба мӯҳлати як моҳ барои такмили ихтисос ба Фаронса сафар намудааст. Аз «Маркази такмили ихтисоси омӯзгорон»гузашта аз ин курс ҳам бо баҳои хуб шаҳодатнома гирифтааст. Рисолаи номзадияш «Дидактический подход к описанию языкового материала французского языка на началном  этапе   таджикязычном школе» таҳти роҳбарии дотсент д.и.п Сайфуллоев 90 фоиз тайёр аст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд мебошад.

 

НИГОҲЕ БА ДИРӮЗУ ИМРӮЗИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ

 

Яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илми кишварамон омӯзиши забонҳои хориҷӣ мебошад. Забони фаронсавӣ дар қатори забонҳои маъмултарин ва муҳимтарини олам дар баробари забонҳои англисӣ, рӯсӣ¸ олмонию арабӣ, чинию испанӣ  қарор дорад. Донистани ин забон имкон медиҳад, ки инсон олами мутамаддинро ба таври  амиқтар дарк намояд, аз техникаю технологияи муосир бештар бохабар гардад¸ бо фарҳангу адабиёти ғании ин кишвар  ва умуман Ғарб ошно гардад.

Муносибатҳои тоҷикону фаронсавиён таърихи қадима дорад. Ҳанӯз дар асри 13 Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ дар Димишқ бо фаронсавие вохӯрда будааст¸ ки  ин шоҳиди муносибат доштани фаронсавиёну тоҷикон дар  асрҳои гузашта мебошад. Мирзо Сироҷи Ҳаким¸ ки яке аз ҷавонбухориёни охири асри 19 ва аввали асри 20 буд¸ҳанӯз соли 1902 ба кишварҳои Ғарбӣ  сафар карда, аз ҷумла  аз Фаронса ва Пориси овозадор дидан карда будааст. Дар асараш «Туҳафи аҳли Бухоро»оид ба аврупо, Фаронса ва Порис маълумоти ҷолиби диқат дода¸ мардуми кишварашро барои пайрави намудан ба фаронсавиён даъват намудааст. Ин маорифпарвар то андозае забони фаронсавиро медонист ва дар мактаб дарси забони фаронсавӣ омӯхта буд. Аз ин гуфтаҳо маълум мегардад¸ки тоҷикону фаронсавиён  дар давраҳои пеш аз Инқилоби Бухоро низ бо ҳам муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ доштаанду забони франсавӣ дар кишвари Бухоро каму беш омӯхта мешудааст.

Пас аз Инқилоби Октябр омӯзиши забони франсавӣ дар Тоҷикистони Шӯрои то солҳои 60-уми асри гузашта назаррас нест. Омӯзиши забони фаронсавӣ дар Тоҷикистон назар ба забонҳои англисию олмонӣ ба таъхир шурӯъ шудааст. Шуъбаи забони фаронсавии ДДОТ ба номи Садриддин Айни соли 1964 дар назди кафедраи забони олмонӣ таъсис ёфта¸ ҳамчун кафедраи мустақил соли 1972 аз кафедраи забони олмонӣ ҷудо шудааст. Аввалин мудири кафедраи забони франсавӣ Кошелева И. С. буд. Солҳои минбаъд ба кафедра аввал дотсент А.С.Сергеев¸ сипас Н.Я.Орешина¸ баъданЛ.П.Николаева Ш.М.Мухторов. Шоев М.Ҳақназаров Ш. Муҳиддинов.Т роҳбарӣ  кардаанд.    Омӯзиши фанҳои  амалияи нутқи  шифоҳӣ ва  хаттии забони фаронсавӣ, назария  ва амалияи грамматикаи  забони франсавӣ, назария ва амалияи  фонетикаи  забони фаронсавӣ, адабиёти Фаронса, луғатшиносии забони фаронсавӣ, услубшиносии забони фаронсавӣ, методикаи таълими  забони фаронсавӣ, назарияи тарҷума, шарҳи матн, фанни кишваршиносии  Фаронса ва ғайраҳо  аз фанҳои  муҳимтарини  омӯзиши забони  фаронсавӣ дар  нақшаи таълимии  шуъба  ба шумор мераванд.

Дар назди кафедра зинаи магистратура амал менамояд ва дар он  феълан  8 нафар донишҷӯёни магиср ба таҳсил фаро гирифта  шудаанд. Зинаи магистратура дар шуъба падидаи нав буда,соли равон аввалин донишҷӯёни магистр 2 нафар Бойматова Д.ва Бахтовари Р.бо ҳимояи рисолаҳои  магистрии худ зинаи  магистратураро  бо муваффақият хатм намуданд. Донишҷӯёни зинаи  магистратураи  назди кафедра Одилова З. ва Маҳмадов Ҷ. Имкон  пайдо карданд, ки бо мақсади  такмили ихтисос  аз кишвари Фаронса  якумӣ дар соли 2012, дуввумӣ  дар соли 2014 дидан кунанд.

Боиси тазаккур аст, ки ба наздикӣ бо дастгирии  Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ дар назди  кафедра  ҷамъияти дӯстии  «Тоҷикистону Фаронса» ташкил ёфт. Ҷамъияти  мазкур  имкон медиҳад, ки  муносибатҳои мо бо Фаронса дар сатҳи боз ҳам  васеътар  ба роҳ монда шавад,равобити  мутақобила  миёни ин ду кишвар боз ҳам зичтару пурсамартар гардад.

Муносибатҳои воқеию ҳаматарафаи Тоҷикистону Фаронсаро  метавон  самараи замони соҳибистиқлолӣ номид. Дар ин давра  сафорати Ҷумҳурии Фаронса  дар Тоҷикистон  ва баъдтар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса кушода шуда, дар таҳкими  муносибатҳои  Тоҷикистону Фаронса саҳми назаррас гузоштанд. Бояд гуфт,ки  дар пешбурди  кори ин  сафоратхонаҳо  саҳми   мутахассисони  шуъбаи  забони фаронсавӣ  ҳамчун корманди сафорат ва мутарҷим хеле калон аст.Илова бар ин  баъзе  ширкатҳои  фаронсавӣ бо Тоҷикистон  муносибатҳои  ҳамкорӣ ба роҳ монданд,аз ҷумла ширкатҳои «Ванси» ва «Тотал»,ки мутарҷимонашон  асосан  хатмкардагони  шуъбаи  забони фаронсавӣ мебошанд. Солҳои охир яке аз соҳаҳои  афзалиятнок, яъне туризм  дар ҳоли рушт қарор дорад ва аксар омӯзгорони  шуъба  ҳангоми  таътили  тобистона  бо сайёҳони  фаронсавӣ ба ҳайси  роҳбалад-тарҷумон ҳамкорӣ карда, ҳам хотири меҳмонро шод мегардонанд  ва ҳам сатҳи забондонии худро бо соҳибзабонон сайқал медиҳанд.

Дар зарфи 50 соли мавҷудияти худ шуъбаи забони фаронсавӣ садҳо шогирдонро  тарбия намудааст, ки имрӯз дар мақому  вазифаҳои гуногун кору  фаъолият доранд

Омӯзгорони забони фаронсавӣ, ки шуъбаи забони фаронсавӣ тайёр кардааст дар тамоми гӯшаю канори  кишварамон  забону фарҳанги  Фаронсаро  ба шогирдон  меомӯзонанд.

Ҳамасола ба шӯъбаи забони фаронсавӣ даҳо нафар донишҷӯён дохил шуда, фарҳангу  забони фаронсавӣ  меомӯзанд ва пас аз хатми  донишгоҳ ба томоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ  ба кор сафарбар  карда мешаванд. Ҳамчунин  ҳар сол  тариқи озмун  шогирдони беҳтарин барои такмили  забон ба Фаронса  фиристода мешаванд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru