• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Таърихи факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф

Факултети иқтисодиёт ва идоракунии маориф соли 1994 ҳамчун шуъбаи иқтисодиёти факултети математика таъсис дода шуда буд, ки аввалин мудираш Сафаров М,  солҳои 1994-1995 ва баъдан Зайниддинов Ҳ ,то соли 2000-ум. Аз соли 2000-ум то соли 2009 мудирии ин шуъбаи навтаъсисро  н.и.и. дотсент Насимов А.ба ӯҳда дошт. Соли 2009-ум ин шуъба аз факултети математика ҷудо шуда ҳамчун факултети мустақил иқтисодиёт ва идоракунии маориф   эълон шуд. Ва аввалин декани ин факултети ҷавон  д.и.и. профессор Насимов А.Н. таъин шуд.То  таъсисёби танҳо як гурӯҳ рӯзона ва як гурӯҳ ғоибона қабул мекард аз соли таъсисёби аз рӯи се ихтисос менеҷменти молиявӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ,таҳлил ва аудит ва таълими касбӣ (иқтисодиёт ва идоракунӣ) довталабонро қабул мекунад. Дар шуъбаи ғоибона бошад аз рӯи ду ихтисос менеҷменти молиявӣ ва баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит довталабонро қабул мекунад. Аз аввли таъсисёби ҳамчун шуъба 25-донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона ва 20-донишҷӯ дар шуъбаи ғоибона дошту халос,ки ба онҳо 7-нафар устодон дарс мехонданд. Аз давраи ташкилшавӣ то имрӯз устодон Насимов А. Н., Шарифов З. Р., А.Рауфи, Азизов Ш.С Бегов А., Оймуҳаммадов Г. Акбаров А. Ашуров Ғ ва дигарон дар факултет фаъолият  доранд.  Аз авали таъсиёби  устодони зерин Насимов А., Гурезов С., Ҷӯраев А., Исроилов И., дар факултет вазифаи деканиро иҷро кардаанд. Аз моҳи сентиябри соли 2014 вазифаи декании факултетро н.и.и., дотсент  Шарипова Ф.Д ба ӯҳда дошта, омӯзгори калон Наҷмиддинов А.,  омӯзгори калон Зиёев Б., омӯзгори калон Шодии Д., ҳамчун муовинони декан фаъолият мекунанд. Ҳоло дар 3 кафедраи факултет беш аз 30 нафар  устодон: аз ҷумла 4 нафар доктори илм, профессор, 8 нафар дотсентон, 10 нафар омӯзгори калон  ва боқимонда ассистентон кор ва фаъолият карда истодаанд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru