• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

 

Мирзобек  Шарипов,
декани факултети биология,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Телефон: (+ 992) 985-56-21-13

 

 

Шарипов Мирзобек Мирзоевич (тав. 11. 03. 1966, ноҳияи Ёвон), номзади илмҳои педагогика, дотсент,  миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби 4 фарзанд.

Шарипов Мирзобек хатмкардаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Т.Г. Шевченко (ҳозира Садриддин Айнӣ) буда, собиқаи умумии педагогии 27 сола дорад. Ӯ яке аз устодони фаъоли кафедра  ва факултет ба шумор  меравад. М. Шарипов аз соли  1993 ҳамчун ассистент дар кафедраи методикаи таълими  биология ва химия фаъолият намуда, соли 1994 ба шӯъбаи рӯзонаи аспирантураи назди донишгоҳ дохил шуда, онро соли 1997 хатм намуд. Соли 1994 то соли 1998 раиси созмони ҷавонони донишгоҳро ба ӯҳда дошт.Соли 1999 дар асоси озмун омӯзгори калони кафедраи МТБ таъин шуд. Солҳои 2002-2003  ҷонишини декани факултаи биология оид ба таълим иҷрои  вазифа намудааст. Солҳои  2003-2005 бошад, ба вазифаи муовини ректор оид ба тарбия кор ва фаъолият намудааст. Дар солҳои 2010-2012 муовини декан оид ба  таълим кор ва фаъолият намудаст. Аз моҳи ноябри соли 2013 августи соли 2017 вазифаи мудири кафедраи биологияи умумӣ ва МТБ-ро бар душт дошт. Хизматҳои ӯро дар соҳаи маориф ба назар гирифта соли 2004 бо унвони «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шуааст.

Шарипов М. олими ҷавони пурмаҳсул буда, дар тӯли солҳои фаъолияташ зиёда аз 45 мақолаҳои илмию-методиро ба таъб расонидааст. Инчунин аз ҷониби ӯ як китоби дарсӣ барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ «Асосҳои методикаи таълими биология» ва 8 дастурҳои методӣ ба нашр расонида шудааст.

Соли 2009 дар мавзуӣ «Тарбияи меҳнатии хонандагон дар таълими биология» аз рӯи ихтисоси педагогика 13.00.01 рисолаи номзадии худро  бо муваффақият дифоъ намудааст.

Айни ҳол  аз моҳи августи  соли 2017 вазифаи сарвари  факултети биология шуда кор ва фаъолият дорад.

 

 
free pokerfree poker

 


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: www.tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj