• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

ТАЪРИХИ КАФЕДРАИ ЗАБОНҲОИ  ХОРИҶИИ УМУМИДОНИШГОҲӢ

Кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ соли 1970 бо мақсади таъмини забонҳои хориҷӣ дар факултетҳои табии-риёзӣ ва гуманитарӣ (ғайр аз факултаи забонҳои хориҷӣ) ташкил шудааст. Дар таърихи начандон зиёдаш барои соҳаи маорифи ҷумҳурӣ мутахассисони  зиёди баланд ихтисосро таълим ва тарбия намудааст.

Олимону омӯзгорони намоёни ҷумҳурӣ Мамлакат Наҳангова, Мансурхоҷаева, Парвона Ҷамшедов, Мавҷуда Абдуллоева,  Маҳбуба Афзалӣ, Умриниссо Болтабоева, Хайришо Шонусайриев, Нодира Шукурова ва Гулрафтор Музаффарова солҳои зиёд роҳбарии кафедраро ба ӯҳда доштанд.

Коллективи омӯзгорони кафедра таҳти сарварии мудири кафедра, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Файзиддин Баротов дар пешбурди таълим ва илм дар Донишгоҳ саҳми арзанда доранд.

Дар кафедра 19 нафар омӯзгорон кор ва фаъолият мекунанд. Аз ин миқдор 1 - нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент (Ф. Баротов); 5 - нафар муаллими калон (Музаффарова Г.А., Мансурова Ҳ.Ҳ., Қурбонова З., Амиров С., Ашӯров Н.); 13 - нафар ассистент (Сафаров А., Маҷидов П., Шералиев С., Холиқов А., Сайдалиев К., Маъруфов М., Бидонов М.) дар кафедра фаъолият доранд. 19 нафар омӯзгорони кафедра дар факултетҳои педагогика, биология, география, химия, матеметика, иқтисодиёт, физика, таърих, технология, романӣ-германӣ, филологияи рус ва филологияи тоҷик ба таълим ва тарбияи шогирдон машғул мебошанд.

Дар кафедраи мазкур як маҳфили илми зери унвони чамани андеша амал мекунад. Маҳфил дар як моҳ ду маротиба баргузор мегардад. Роҳбарии маҳфилро ассистенти кафедра Маҷидов Парвиз ба уҳда дорад. Дар маҳфил донишҷуён вобаста ба мавзуҳои мухталиф баромад менамоянд ва маърузаҳои онҳо дар кафедра маҳфуз нигоҳ дошта мешавад.

Дар давоми 83-соли мавҷудияти донишгоҳ ва 44-соли фаъолияти кафедраи забонҳои  хориҷии умумидонишгоҳӣ аз тарафи омӯзгорони кафедра зиёда аз сад номгӯи китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, луғатҳои фарҳангӣ ва соҳавии чопшуда зери истифода мебошанд. Ҳар соли хониш 25-30 маърӯзаҳо ва мақолаҳои омӯзгорони кафедра дар маҷаллаҳои донишгоҳ ва рӯзномаҳои донишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва хориҷӣ чоп мешаванд.

Ҳайати устодону кормандони  кафедра фаъолияти худро, дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати Маориф ва Раёсати Донишгоҳ ҷиҳати амалӣ кардани онҳо як қатор корҳои назаррасро ба иҷро расонида истодаанд.  Фаъолити кормандону устодони кафедра махсусан дар татбиқи Стандартҳои  давлатӣ дар соҳаи таҳсилот ва илм, ки аз талаботҳои Раёсати Донишгоҳ бармеояд, назаррас мебошад.

Ҳамзамон ҳар як устоди кафедра дар раванди дарсҳои амалии худ кӯшиш ба харҷ додаанд, ки донишҷӯён дар рӯҳияи якдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳамбастагии байни тамоми шаҳрвандони ҷумҳурӣ тарбия ёбанд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru