• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ


Саидмуроди Хоҷазод,
мудири кафедра,
доктори илмҳои филологӣ
Телефон: (+992)
93 855 52 99
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Филолог, журналист, муҳаққиқ, омӯзгор. Доктори илмҳои филология (2015). Хатмкардаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1988-1993), фаъолияти эҷодиро дар радиои Тоҷикистон ба ҳайси муҳаррири хурд оғоз карда, зинаҳои муҳаррир, муҳаррири варзидаи студияи «Фурӯғи Ориёно» и радиои Тоҷикистонро паймудааст(1993-2000). Сипас, дар вазифаҳои роҳбарии котиби масъули радиои Тоҷикистон ва муовини аввали директори радиои Тоҷикистон (2000-2006) иҷрои вазифа намудааст. Аз соли 2006 муҳаррири варзидаи идораи барномаҳои сиёсӣ-таҳририи ҳамин муассиса мебошад.

Муҳаққиқи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар пажӯҳиши соҳаи радио ва телевизиони миллӣ саҳми босазо гузоштааст, бобати пажӯҳиши таърихи радио ва телевизиони миллӣ, нақши радиои Тоҷикистон дар ташаккули афкори ҷомеа, хусусиятҳои хоси жанрҳои радиоӣ ва ғайра зиёда аз сад таълифот ба хидмат овардааст. Соли 2009 «Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон»-ро ба нашр расонд, ки он дар шинохти чеҳраҳои саршиноси радиою телевизиони миллӣ, жанрҳои соҳа, истилоҳот ва барномаҳои онҳо нақши муҳим мебозад.

Оид ба нақши радио ва телевизиони Тоҷикистон дар фазои иттилоотиии ҷаҳони муосир дар литсеи Президентии шаҳри Истамбул (Туркия, 2011), Донишгоҳҳои Анқара ва Газиантеп (Туркия, 2011), дар мавзӯи «Нақши барномаи «Хоки Ватан» дар таҳкими ваҳдат ва бозгашти гурезагони иҷборӣ» дар Донишгоҳи давлатии ба номи Казимири Бузурги шаҳри Бидгошч ва Донишгоҳи байналмилалии шаҳри Варшава (Лаҳистон, 2013), Академияи телевизион ва радиои Россия (2014) курси лексия хондааст. Солҳои 2013- 2014 дар факултаи журналистика ва коммуникатсияи оммавии Донишгоҳи давлатии ба номи Казимири Бузурги шаҳри Бидгошч ба сифати коромӯз фаъолият намуда, курси «Дипломатияи байналхалқӣ»- ро ба анҷом расонидааст.

Ба сифати устод ба донишҷӯёни кафедраи телевизион ва радиои Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги ба номи М.Турсунзода, кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи С.Айнӣ дарс мегӯяд (аз с.2011). Мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳии ДДОТ (аз с.2017).

Бо медали «Хидмати шоиста» қадр ёфтааст (2007). Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (2003), Барандаи Ҷоизаи ТЖТ ба номи Лоҳутӣ (2011).

Осор: Таърихи радиои Тоҷикистон. Қисмҳои 1, 2.-Д., 2006; Таърихи телевизиони Тоҷикистон. – Д., 2007; Вожаномаи русӣ ба тоҷикии истилоҳоти соҳаи радио ва телевизион. – Д., 2007; Донишномаи радио ва телевизиони Тоҷикистон. – Д., 2009; Радио Таджикистана в годы независимости (история, жанровая специфика и перспективы) (конд.дисс.). – Д., 2009; Садои меҳр (маҷмӯи мақолаҳои илмӣ). – Д., 2010; Махсусияти жанрҳои радиои Тоҷикистон. Китоби дарсӣ. – Д., 2010; Шукуфаи орзуҳо (маҷ. мақолаҳои илмӣ). – Д., 2011; Раҳовард (сафаргуфта).-Д., 2012; Садои Меҳан (монография).-Д., 2013; Роль радио Таджикистан в формировании общественного мнения в период независимости(докт.дисс.).-Д., 2015.

 

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru