• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ



Лутфия Иматова,
мудири кафедра,
доктори илмҳои педагогӣ, дотсент
Телефон: (+992)
93 466 20 02
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Иматова Лутфия Маҳмадуллоевна 08 октябри соли 1966 дар  шаҳри Душанбе ба дунё омада, соли 1983 мактаби миёнаи №11-и шаҳри Душанберо хатм намудааст. Соли 1987  факултети  педагогикаи  Институти давлатии педагогии  ба   номи   Т.Г.Шевченкоро  (ҳозира Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ) бо дипломи аъло хатм намуда, солҳои 1987-1993 ба ҳайси ассистенти  кафедраи психологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) фаъолият намудааст. Солҳои 1993-2012 ба ҳайси ходими илмӣ,  мудири шӯъбаи омӯзиши таълиму тарбия дар муассисаҳои томактабӣ ва синфҳои ибтидоии Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон адои вазифа намудааст. Баъдан солҳои 2012-2014 ба вазифаи муовини директор оид ба илми муассисаи мазкур таъин гардидааст.  Соли 2014 ба ҳайси мушовири Фонди шарикии  глобалӣ дар соҳаи маорифи Вазорати маорифи ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  қабул шуда, аз моҳи апрели соли 2015 ба вазифаи сармутахассиси раёсати таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Точикистон таъин гардидааст. Моҳи феврали соли 2017 ба и.вазифаи мудири кафедраи педагогикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонба номи С.Айнӣ кабул гардидааст.

Мавсуф соли 2000 аспирантураи Академияи таҳсилоти Тоҷикистонро хатм намуда, рисолаи номзадиро роҷеъ ба «Инкишофи нутқи мураттаби кӯдакони синни калони томактабӣ мавриди шиносоӣ бо адабиёти бадеӣ» дифоъ намудааст. Пас аз хатми докторантура, соли 2013 рисолаи докториро дар мавзӯи “Асосҳои назариявии бароҳмонии раванди муттасилӣ дар таҳсилоти кӯдакони синни калони томактабӣ ва ибтидоӣ дар ҷанбаи инкишофи нутқ” бомуваффакият дифоъ намуда, сазовори унвони доктори илмҳои педагогӣ гардидааст. Соли 2014 ба Иматова Лутфия унвони илмии дотсент дода шудааст.

Дар баробари ин бештар аз 10 сол Иматова Луфия дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ, кафедраи таҳсилоти томактабӣ ба ҳайси омӯзгор-соатбайн фаъолият намуда, дар чорабиниҳои факултаи педагогика фаъолона иштирок менамояд. Ба корҳои дипломии донишҷӯён, магистр ва аспирантон роҳбарӣ намуда, дар шурои диссертатсионии донишгоҳ ба ҳайси муқарриз борҳо баромад намудааст. Зери роҳбарии Иматова Лутфия аспирантон ва магистрҳо рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Иматова Лутфия узви шурои диссертатсионии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, узви гурӯҳи ҳамоҳангсозии барнома ва китобҳои дарсии таълими ибтидоӣ ва тарбияи томактабии Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Муаллифи 5 барномаи таълимию тарбиявӣ ва 8 дастури методӣ буда,  беш аз 50 мақолаҳои илмию методиро дар рӯзномаю маҷалла ва маҷмӯи конференсияҳои сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ чоп намудааст.

Бо нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2012) ва ифтихорномаҳои  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ва Пажӯҳишгоҳи рушди маориф  қадр  шудааст.

Аъзои Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон мебошад.Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

 
free pokerfree poker

Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ

Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: tgpu2004@mail.ru